понедельник, 13 июня 2016 г.

Эй Холики ято (Лавха)

Худовандо, эй офаридгори замон, чаро ман бе Падар, чаро ман бе шохсутуни хонадон, чаро
ман дар хаёт бе Падар азият мекашам?
Танкиси аз хеч чизу хеч касе надорам танхо аз Падар танкиси дорам, ки хечгох аз хотир намеравад.

Ба худам бовар надорам, ки ман бе Падар хастам, ман нимятим хастам,фикр мекунам падар дар сафари мехнати асту нохст аз дар даромада меояд. Ин чи кисмати зиндагони ки боре бошад хам Падар нагуям. Хакикати талх маро водор месозад, ки ба такдир бовар кунам ки Падарчонам дар дунёи дигар дар осмонхо хастанд вале.....
Падар чаро бе туям, кучои, шояд давоми умратро ба ман бахшиди?

-Биё Падарчон ман нимаи умрамро бароят мебахшам, то ки дар умри бокимонда бо ту хушбахт бошам. Умри дарозро бо гамгинию нолахо не, умри кутохро бо хурсандию хушбахти гузаронем,
-Биё Падар, биё ки ахли оила туро интизоранд, баъди марги ту дар дили хама захми шифонаёбанда чойгир шуд, ки ба он захм ту шифо меёби.
- Биё Падар ба дарди бе падари даво бахш, ки ман аз аламхою нолахо халоси ёбам.
-Биё Падарчон диламро пора карди, дилам барояд дарди беохир дорад, аз бе Падари месузам. Хангоме ки туро ба ёд орам даруни дилам месузад, ки аз оташи дузах сузонтар аст. Чаро инкадар дарди ман сахт аст, ки хеч илочеро намеёбам,
Эй дунё чаро бефавои чаро бефавои насибам гардид, фарзандоне хаст, ки ба номи Падаронашон нафрат мебиёранду як лахза хам гамгин намешаванд ва ман ба Падар зорам ба чехраи Падар ниёз дораму хайхот Падар моро барвакт  тарк кард... Афсус ки Падар медоштам худро хушбахт мехисобидам чунки аз панду насихатхои Падарам шохрохи зиндагониям  боз хам сафед мешуд.
Эй Падарчон, Падарчон чаро  фарзандони дилсухтаатро сарсону саргардон монда рафти, чаро
туро дар зиндаги хамрохам намебинам, чаро Падар чаро? Худоё ба ин саволхо аз ки чавоб шунавам, боре дар хобам Падарамро дех, то ки ба ин саволхоям посух гуяду, бори охир хамсухбат шавам
Худоё рухи Падарони хуфта дар хок шод бошаду хонаи охираташон обод.
Рафтию талоши руҳи ҷонат боқист.Ёди ту чун ёди хонадонат боқист.То мо ба ҷаҳон ному нишоне дорем маҳбуб падар.Ному нишонат боқист.

Комментариев нет:

Отправить комментарий