воскресенье, 12 июня 2016 г.

РӮЗИ СИЁҲ

        Субҳи 1- уми августи 1996 падари азизам аз дасти як гуруҳ қотилон силоҳ ба даст ба шаҳодат расонида шуд, ки ин руз рузи  бадтарини хайёти мо фарзандон буд.
Тамоми фаъолияти кориашонро падари бузургворам дар ободони ватан , води Раштон замин гузоштааст .
       Сӯбҳи 28-июли 1996 аз қишлоқи Тарбулуқ  ҳафт нафар муйсафедони манфур ба хона омада гуфтанд, ки сел омада ҳамаи кишту зироъатхоро вайрон карда як кӯдакро ба ҳалокат расондааст.Ҳамон лаҳза падарам бемори бистари буданд ва наметавонистанд, ки ба ҷои офат зада раванд.Аз ин ,рӯ тавассути телефон коркунони соҳаи обро ба ин кор сафарбар намудаанд ва кӯшиш дошт, ки тезтар ба по хезану ба ҷои ҳодиса раванд.
  Пагоҳи барвақт он РӮЗИ СИЁҲУ наҳси 1-августи соли 1996 бехабар аз нақшаҳои пешаки ин разилони худобехабар  Падарам хестанд аз ҷойгаҳи бемори пойи вараму дардмандашро рӯи пойафзол  монда бастанду ба ҷойи воқеъа рафтанд .
Аз кӯҷо медонист, ки ба истикболи Марг меравад.
Ба ҷои вақеъа расида аз мошин фаромаданд ва  дар ҳами лаҳза ду нафар шахси  никобпӯш бо  яроқ  онҷо ҳозир шуда бе пурсишу бе ягон сухан бо яроқҳо оташфишони  худ тирборон карда ба суйи мардум ва падарам дар ин лахза дар  бадани падарам 28 тири яроқро холи карда  аз пой меафтонанд.
  Қотилони беимону бетавфиқ баъди аз пой афтодани падарам  ба овози балану шодиомез мегӯянд, ки Супориши Қумандон иҷро шуд  ва бо садои дилхароши хандаҳояшон бо ҳаво чанд тири дигар холи мекунанад. Қумандон, яъне сардору  роҳнамои муҷоҳидҳоро дар назар доштанд ,ки аз дасти ин беимонҳо, разилон,ғоратгарҳо, одамкушҳо ҳамон солҳо инсонҳои бисёреро, ки илму дониш ақлқ фаросату мартаба ва обу рӯй доштанд дар байни халқ ва рохнамои халқ буданд бегӯнох ба қатл расондаанд.Худи ин бадбахтон аз Исломи азиз  аз Худованди Карим бехабар буданду дар зери ливои ислом ба корҳои ношоиста даст мезаданд.Ҳамин корҳои ғайри динию ғайри қонуни  инсонияшон  буд, ки ба ҷаззои Худованд ҳамаи онҳо гирифтор шуданду нисфашон дар ҳабсхонаҳою нисфашон аз бемориҳои шадиду ҷонкоҳе ин дунёро падрӯд гуфтанд.Ҳикмати зиндагӣ  ҳамин аст: “Кишти кардаатро медаравӣ”  ё “Бадхоҳи касон  ҳаргиз  ба  мақсад  нарасанд”, “Худованд  довари ҳама чиз ва  ҳама кас  аст”.
Ҷасади беҷони гулгул кафани падарро мо фарзандон аз Душанбе рафта дар рӯйи ҳавли дидем.Он рӯз ба хаёлам тамоми мардуми ноҳия баромада бо сӯз нола мекарданд ҳамроҳи мо.
  Дар тӯли 5-соли кориаш падарам дар ободонии ноҳияи навбунёд саҳми зиёде гузошта буданд ва ҳамин некиҳои хубаш буд, ки то ҳол мардуми водии Қаротегин номи падарамро ба неки ёд мекнанад.
Илохо рехтани сиришки талхи мардуми ин сарзамин дар ҳаққи фарзандони шаҳидашон карданд,бигузор дигар аз дидагони ҳама мардуми сайёра танҳо ашки шоди бирезад.
Мо фарзандон ҳамарӯза аз Худованди Раҳиму Раҳмон талаб мекунем, ки манзили охирати падарамон ободу ҷояшон ҷаннатул маъво бошад.

Комментариев нет:

Отправить комментарий