понедельник, 13 июня 2016 г.

Зиндаги бошитоб мегузарад

Зиндаги  бошитоб  мегузарад
Умр  монанди об  мегузарад
  Оре,  Одами шогирде аст, ки дард ва андуҳ  уро таълим медихад ва ҳеч кас бидуни эхсоси ин муаълим кодир ба шиносоии худ нест. Ин  ҳама дарди  бепадари  моро фарзандонро  хам таълим дод ,хам  инсонҳоро  шинохтем, ки чониян ё  нони  ин ҳама  ангезаҳо дарси зиндаги  буданд  дар ҳайёти  мо.
    Он чи  аз  панди  Падари  бузургворам  омухтам мегуфт; "Зиндаги худ як  дарси ибрат  аст  шумо дар   он  мисли накош ҳастед ,ки  бо кирдору  рафтори худ  онро накоши мекунед, кушиш ба  харx  диҳед, ки наrоши шумо бидуни ягон хатпок(хаткуркунак)  бошад  вакте,ки ба гузашта  бармегардед ниёз ба  хатпок надошта  бошед."
     Коре ,ки тавоноии  анчомашро ба  фардо магузор зеро,ки имруз  ҳамон  фардое   ҳаст,ки интизораш буди.
  Падарчони азизу  меҳрубонам шукри Парвардигори оламиёнро мекунам,ки фосилаи каме,ки дар зиндаги  бо мо буди  аз шумо  бисёр чизро омухтем ва  то ҳол  сармашки  кору зиндаги худ кардаем.
  Дар  ин  тули 14-сол, ки моро Падарчон  тарк  кардию хонаи охиратро ба худат  авлодтар донисти  мо  факат  шуморо ҳар  лахзаю ҳар  нафас  ёд  меорем  бо тилловате  аз сурахои Куръони карим  руҳи шуморо  шод мекунем  ва  ба ин  худро тасало медиҳем,ки  ҳама  мо бандаҳо  мирандаем  ин дунёи фони ба  кассе  вафо накардааст  факат як  чиз мемондааст  ин ҳам бошад  номи неку  аъмоли хуб.
Номи неки рафтагон зоеъ макун, 
То нагардад номи некат бар забун. 
Зиндаю ҷовид монд ҳар кӣ накӯном зист, 
К-аз ақибаш зикри хайр зинда кунад номро
     Хотироти  бисёре  дорем  Падарчон  аз  шумо,ки  соатҳо кисса кунам  тамом намешавад вале  баъзе  хотиртҳое ҳастанд,ки ҳамеша  пеши чашмонамон мебиёянд.
Бахше  аз  ин  хотироти   неке , ки барои  мо  дарси  ибрату зиндаги шуданд!
 2.08.2010с

Комментариев нет:

Отправить комментарий