Рухат шод бод



Марги  наздикон  ҷаҳонеро далели кулфат аст
Ба номи Худои бахшояндаи меҳрубон
  Ҳамду сано Худованди бузургро ва салавоту салом бар беҳтарини Паёмбарон Муҳаммад -саллалоҳу алайҳи ва саллам- ва аҳли байту асҳобаш. Ассалому алайкум вараҳматуллоҳи ва баракатуҳу. 
Гуфтам набиё бар дарам имсол баҳоре,
Бар ғамзада ҳоҷат набувад чашми низоре.
Ҳам абр насозад ба сарам ашк нисоре,
Бе ашки баҳор ҳам сарупо дарду ғамастам.
Инак боз баҳор омад ва табиат  дигар шуд ҳама мавҷудоти рӯйи замин зинда шуданд. Ин зебогиҳоро падарҷон  мебинӣ? қадамҳои мубораки фасли нозанинро  эҳсос мекунӣ?, чаҳ- чаҳи мурғакони хушхонро, таровати майда- майда қадам ниҳоданашро ба боғистони умрат эҳсос мекунӣ???..  Вале ҳайҳот, ки на  садоеву  на  ҷавобе..
Баҳор омад вале  барои мо  ҳама  ин рӯзҳои хуш дар  баҳори нозанин бо  ғаму  андӯҳ ва мотам мубадал гашт.Мо ҳама фарзандони як авлод Падар гӯм кардаем, ки ин дарду аламро  танҳо касе ҳис мекунад,ки мисли мо  дар доғи бепадари сӯхтааст.
Баъди гузаштани Падарони ғурамаргамон   умеди ҳамаи мо ятимон акаи азизам  Олимҷон буданд .Ӯ барои мо ҷои Падар буд ҳамеша  Роҳбару роҳнамо,мунису ғамхор ва меҳрубон .
Оҳ, чӣ хабари мудҳише буд он рӯзи марги шумо, ки дили ҳамаи азизону хешовандон, ҳамкорону ҳамзамонон, хуллас қалби ҳама-ҳамаро пора-пора кард. Танҳо ашк тарҷумони ин дилҳои шикаста буду он  лаҳзаҳо халос. Дигар илоҷе нест, ҳама таслими хости Худованди муттаъол ҳастем. Ӯ таъоло аст, ки ҳама чизро аз мо хубтар медонад. Аммо марги шумо барин марди шариф бароямон кулфате буд, ки дигар шамъи маҳфилҳои хонаводагии  мо хомӯш гашт.
Ман медонам, дар ин замон мисли шумо инсони хубу  поквиҷдону дарёдилро дарёфт кардан ин корест, ки гавҳари ноёбро кофтан аз уқёнуси бепоён.  Инсон шуда ба дунё омадан худ як неъмати бебаҳост,ки худованд  ба шумо ато карда буд.
Агар дар коре кӯргиреҳе афтад ва мушкиле пеш ояд, корафтода ба пири кор муроҷиъат мекунад, ки он гиреҳро бикушояд ва он мушкилро осон бикунад.      Ва шахсе, ки ба чунин мартаба, мартабаи пири кор расида  буд  ин шумо будед  акаи фозилам,ки барои ҳамаи мо  пири кор будеду ҳамнафасу раҳбар.
Аз даргузашти бародари падарам акаи Олимҷон Идиев як моҳ гузашт.  Ҳанӯз дар пеши чашми ман чеҳраи нурангезу самимии Шумо  шӯълаафшон аст. Аммо то ҳол ашки чашмони мо фарзандон  хушк нашудааст   то умре, ки дорем барои ин доғҳо месӯзем. Месӯзем ва бе садо ашк мерезем. Бар марги илоҳии вай не. Ба ёди хубиҳою меҳрубониҳои Ӯ. Ба ёдам меоянд сӯҳбатҳою насиҳатҳояшон, дилам гум мезанад. Боварам намеояд, ки ӯ мурдааст. Зеро ӯ марде буд, беозор ,дурандеш, ҳалиму ғамхор. Инсони комил ва  фариштахисол. Гоҳе ба андеша фурӯ меравам, ки мурдани надзиктарин инсонҳо чӣ қадар сахт будааст. Ҳаргиз ғамҳояш аз дилҳо берун намеравад. Ба қавли шоир:” Ҷойи Ӯ дар дида буд, акнун ба дилҳо рафтааст”.
Акаҷон, ёди ту ҳаргиз наравад аз дили мо,
Магар он рӯз ки дар хок шавад манзили мо.
Акаҷон дида ба сӯят нигарон аст ҳанӯз,
Ғами нодидани ту бори гарон аст ҳанӯз.
Он қадар меҳру вафо бар ҳамагон кардӣ ту,
Номи некат ҳама ҷо вирди забон аст ҳанӯз.

Аммо зиндагӣ  инсоният ҳамин будаст : дарду  доғ,  ормонҳо ва умедҳои нодида аз  дунё... Ягона  таскини диламро ман  дар ин ҳолатҳои душвор  бо  хондани Қуръони Карим ва як каф дуъо баҳри гузаштагонам мебинам ва ба дарду  ранҷҳои Парвардигори мутаъол сабру  қаноатро пеша  мекунам.
Дарду  алами Падари бузургворам то ҳамнуз аз дилҳои мо нарафта   буд ва  тассалои дили мо  акаи Олимҷон буд ҳамчун падар. Ҳар гоҳе,ки  маро хумори Падар мегирифт  ба  айёдати ӯ мерафтам,чун ки  буйи  Падарро  дошт  ва дар симои  ӯ  ман падарро медидам, суҳбат мекардам, маслиҳат мегирифтам ва  ғусаҳои диламро холи карда хона  меомадам. Тани бемор,ки доштанд акаҷонам доимо  болои ҷойнамоз  аз  Парвардигори Кариму  Ҳаким барояшон тани сиҳатро талаб доштам,ки болои сари мо фарзандон бошанд ҳамчун  қандили хонадон.
Сад ҳайфу  дареғ,ки акаи азизам ҳам ба назди бародарони ғурамаргаш рафтанд дар ин Баҳоре,ки барои ҳама  сабзпуш буду  барои мо сиёҳ пуш. Рафту моро танҳо бо он розҳои дар диламон дар ин дунё монд. Чи орзӯҳое,ки дар дилҳомон доштем  мо фарзандон бо ин падари фозили худ. Вале аҷал  инро  намедонад вақту соати муайян надорад.Мо ҳам ба  сӯй онҳо равонем дер ё зуд.
          Он падар,он меҳрубон бигзашту рафт
          Нурбахши чашму ҷон бигзашту рафт
Моили дидору гулзори биҳишт
          Аз макон бар ломакон бигзашту рафт.
Ӯ  дар ин баҳори зебо ба сини 63 қадам монда буд  ва дар сину соли  пайғомбар дар мавлуди пайғомбар дар рӯзи  вафоти пайғомбар,ки рӯзи Душанбе буд, 18 марти соли 2014  ин дунёи фониро  тарк гуфт. 
Хело умри каме дид вале дар тӯли ин  умри кӯтоҳ бисёр корҳои хайру савоберо ба анҷом расонид,ки  Инша Аллоҳ  дастгири рӯзи охираташ мешаванд.
Дар сина дил ситезад, омад баҳор бе ту
Об аз ду дида резад, омад баҳор бе ту.
      Бе Қиблагоҳу бе ту, дар зери гардуни дун,
  Шодӣ  зи ман гурезад, омад баҳор бе ту.
Дар пуштаи мазорат, дар водии хамушон
Имрӯз сабза хезад, омад баҳор бе ту.
        Дишаб, ки мегиристам дар ғурбати ятимӣ,
    Борон ба шиша мезад, омад баҳор бе ту.

Аз  нақли шудидаам аз  падари бузургворам акаи Олимҷон  Идиев равонашон шод бошад фарзанди хурди оила буд ва аз ҳама зиёдтар  назди волидонашон  азиз . Аз дӯстдори бисёре падарашон бобои Идибек ӯро Олим не Ҷураҷон садо мекард.Вале  ин ҳама меҳрубониҳо дер давом накард  дар овони  кӯдаки  аз падар ятим монд.
Модар, бародарон,  аппаҳо будан вале  ҷойи меҳрубони падарро  касе гирифта наметавонист. Баъди вафоти Падар рӯзҳои сангинеро  паси  сар карданд якҷо бо  аҳли оила.Хонданд соҳиби маълумот шуданд  ва бо як умеду орзуҳои нек  қадам дар ҳаёт  монданд.Ҳамеша  корҳои неки падару бародаронашро дида  кӯшиш мекарданд,ки аз  онҳо дида  корҳои шоиста кунанд чун,ки чи хеле бузургон мегӯян: “Агар гузаштагонатро дӯст дорию ёд куни бояд бо  панду  насиҳатҳои онҳо амал куни”. 
Саховатмандию  мардонагиро  пешаи  худ карда буд  акаи Олим . Дар сохтумону ободонии  масҷиди маҳалла  саҳми  бузурге доштанд. То ҳол ин макон ободу хуррам  аст  ва мардуми маҳаллаи 65 мкр ноҳияи Фирдавсӣ  намоз мегузоранд. Мардуми маҳалла ин масҷидро масҷиди Олим ном мебаранд  ва  ӯро ҳамчун раиси маҳалла  ҳурмату  иззат мекарданд. Чӣ дар  маҳалла  ва чи дар корхонаи Роҳи Оҳани Душанбе,ки онҷо кор мекарданд солиёни зиёде ба ҳайси иқтисодчӣ ва ҳисобчӣ, раисии ҳама  чорабиниҳою маъракаҳоро ба  душ дошт ҳамчун  як шахси  ӯҳдабаро ва қобилу фозил.
Худ,ки  ятим  тарбия  ёфта буд  ва  аз  ҳоли ятимон бохабар  буд  доимо  дасти кӯмак ба ятимон  дароз мекард. Худованд  дарду  ранҷ  ва сахтию душвориҳои ҳаётро барои бандаҳои беҳтаринаш медиҳад. 
  Ҳама он дарду  ранҷҳое,ки ин падари бузургвори мо дар тӯли ин солҳои  охир кашиданд аз ҳамаи фарзандони падарашон маҳрум гаштанд бо амри илоҳию  марги нобаҳангом  ва ҳамин  ғаму  андуҳ буд,ки ба бемори тӯлони гирифтор шуданду  моро падруд гуфтанд аз ин дунёи фонию бебақо. 
Марги  наздикон барои мо агар чи вазнин бошад ҳам боз ҳам моро водор месозад,ки худ ҳамеша барои марг омода бошем.
Водареғ!Ба ҳукми аҷал чора чист?
Мутеъ  нагашта ба ҳукми аҷал кист?
Худо доду, Худо гирифт ҷони он,
Ба моён тасалло деҳ,Худои Субҳон!
Эй Худои хубу  дӯстдоштанӣ! Эй Худое, ки ҳама чизро офаридӣ! Эй Худое, ки ҳама чизро  мебинӣ, медонӣ, мешунавӣ ва мефаҳмӣ! Эй Худое, ки ҳамаро дӯст медорӣ,Эй худовандӣ бузургу тавоно аз даргоҳи шумо таманнои онро дорам,ки  хонаи охират ва қабри эшонро пурнур ва рӯҳашонро бо ҳузур дошта бо ҳурону ғилмонони биҳиштӣ мӯнису қарин гардонӣ. Дар биҳишти ҷовидона ҷой карда бошию ба маҳфили  он ҳазрат  Муҳаммади Мустафо саллаллоҳу ъалайҳи васаллам.ҳозир.гардони.
.Худоё.гуноҳони мо ва падарону модаронамонро бубахшо ва онҳоро,раҳм намо,чигунае ки моро дар хурди тарбият намуданд, ва онҳоро бо паёмбарону  содиқон,ва шаҳидону солиҳон ҳашр намо ва ҷои онҳоро фирдавси аъло бигардон. Ва саллаллоҳу таъоло ъало хайри халқиҳи муҳаммадив-ва ьало олиҳи ва асҳобиҳи аҷмаъин. Бираҳматика ё арҳамар-роҳимин. Омин!
Бирезад дар сари қабри ту оби дидаҳои ман
Расад бар гуши арвоҳи ту Алҳамду дуои ман.
Ту хомӯши қатори рафтагони хоки хомӯшон,
Вале дар вони ман ҳасти ҳамеша ҳамсадои ман.
 Инна-л-ҳамдалиллоҳи наҳмадуҳу ва настаъинуҳу ва настағфируҳу ва наъузу биллоҳи мин шурури анфусино ва мин сайи'оти аъмолино ман яҳдиҳиллоҳу фало музилла лаҳу ва ман юзлил фало ҳодия лаҳу ва ашҳаду ан ло илоҳа иллаллоҳу ва ашҳаду анна Муҳаммадан абдуҳу ва расулуҳу. Аллоҳумма салли ало Муҳаммадин ва ъало оли Муҳаммад.

«Марги  наздикон  ҷаҳонеро далели кулфат аст»
Дўстон имрўз гирёнам падар гум кардаам,
Кони ганҷи бебаҳо дурру гуҳар гум кардаам,
Дурру гавҳар ёфт мегардад аммо сад дареғ,
Сарпарасти хонаю нури басар гум кардаам,
Рафтию бо худ бибурди қуввати дилам падар,
Рафтию бо худ бибурди зеби манзилам падар,
Ман ба ёдат шеър мегўям мегирям зор,
Баршикаста болу пар чун мурғи бисмилам падар
Номдору нондор буду ҳалиму ғамгусор,
Дар садоқат буд беҳамтою фарзанддўстдор,
Холи  аз озор буду меҳрубону бохирад,
Дар вафои аҳлу авлодаш ҳамеша устувор.
Ман бимирам дар сафои чеҳраи нуроният,
Ман бимирам дар вафою ҳилму меҳрубоният,
Ҷон вақте ҷисми ранҷури туро падруд гуфт,
Нақш баста дар лабон гулхандаи имоният.
Шаҳсутуни хонадон имрўз нагун гардидааст,
Шаҳчинори хонадон аз зеру бун гардидааст,
Ман фидои қомати болои зебои падар,
Дар лаҳад он қомати зебо забун гардидааст.
Бемор шудию  ранҷ кашиди бешумор,
Дар раҳи фарзандҳоят буд чашмони ту чор,
Ҳар якеро гаштаву баргашта мекарди суроғ
Чун ба дидор мерасиданд мешукуфти чун баҳор.
Беҳисоб мардум баҳри хайрбодат омаданд,
Аз барои дидани ин руи шодат омаданд,
Ашк мерезанд хешон ту табассум мекуни,
Бар Худо пайвастаи баҳри видоат омаданд.
Обруманду накукору накугуфтор буд,
Номдору хоксору марди беозор буд,
Зикри хайратро зи мардум мешунидам бешумор,
Файласуфе буд агарчанде,ки беосор буд.
Гавҳари яктою беҳамтои моён буд ў,
Яккаву танҳою беёру бародар буд ў,
Ман бимирам дар дили танҳои танҳоят падар,
Баҳри волидон зи ҷон ҳам бонуфузтар буд ў.
Эй Худованде, ки ҳам бахшандаию меҳрубон,
Манзилу маъвои ў бошад биҳишти ҷовидон,
У биҳиштихислате буду биҳиштисурате,
Дар паноҳи лутфи Хақ бошад ҳамеша дар амон!


Хотирот муқаддас  аст
      Зиндагии мо саросар иборат аз мушкилот дарду ғам,шодию нишот  аст,ки Худованд барои мо  бандаҳо ато кардааст ва бояд,ки ба ҳамаи ин мо шукргузор бошем.
Инсон азиз асту хотира –мукаддас . Ёд кардани номи неки гузаштагонамон, мардони сахию баруманд, ки баҳри пешрафти ободони диёру мамлакат ва  тарбияи фарзандону халқ саҳми арзанда гузоштаанд, барои ҳар яки мо фарзандону  наздикон ҳам қарз асту ҳам фарз.
    Гузаштагони мо бобою бобокалонҳо падарони бузургворамон ҳама  мардони некноми ватан буданд ва то ҳол корҳои неки онҳо  вирди забони мардум  аст.
   Шукри Парвардигори мутаъолро мекунам,ки аз сулолаи чунин родмардони бузург ҳастам.
   Номи неки ҳамаи онҳо ҳамеша  дар сархати дафтари ҳаёти ҳар яки мо  фарзандон ҳастанд,ки бароямон як  дастуре  ҳастанд барои омӯзиши зиндагонии имрӯза.
Неки  аз шумори он ҳосили ҳамидаи инсонист,ки тули таърих дар рафтору кирдори одамон зоҳир гашта ,то имруз шоиста дорад.
  Пайдост, ки дар олам кассе ҷовид нест  ҷуз  Аллоҳ  инсон  мирандааст .Аммо кори неку амали хуш ҷовидонист.
Зиндаю ҷовид монд, ҳар ки  наку  ном  зист,
Ки аз ақибаш зикри хайр зинда кунад номро.
    Сулолаи  Идиевҳоро ҳама мардум бо номи некашон  ёдовар мешаванд аз бобои Идибек  Сабуров сар карда,ки он кас  раиси колхози ба номи “Ленин”-и н.Тоҷикобод   буданд дар солҳои ҷанги бузурги ватани ва корҳои шоистае  кардаанд.Дар сини 56 солаги аз дунё гузаштааст.
  Фарзандҳояшон:
1.) Идибекова Тоҷиниссо  аммаи нозанинам аз  ғаму дарди додаронаш хусусан акаи Ҳокимҷон ва падари бузургворам Идиев Маҳмуд ,ки дар  байни ду сол ду  бародар  гум карданд 9 моҳ пас аз гузаштани бародарашон  аз  дунё  дар сини 68 солаги гузашт. Бисёр  инсони поксиришт, покизарӯзгор, ҳунарманд  ва зани солеҳаю ботақво буданд.
2.) Идибекова  Тоспочо аммаи меҳрубонам бисёр инсони хубу орому  ҳалим буданд. Зане буд  сар то ба по панду насиҳат, парҳезкор ва бо тақво.Ӯ ҳам аз   ғами ду бародар ва аппаашон соле пас  дар сини 65 солаги гузашт.
3.) Идиеков Эмоммуҳаммад  писари калони буд ва  як умре коркуни савдо дар ноҳия буданд ва ҳамеша дар хизмати халқ.Дар сини 68 солаги аз дунё рафт.
4.) Падари  бузургворам Маҳмуд  Идиев корманди Ҳукумати ноҳияҳои Ғарму Тоҷикобод буданд, солиёни зиёде дар  рушту наму ва ободонии минтақаи Раштон  заҳматҳои зиёдеро кашида  буданд,ки  то ҳол  номи некашон ва амалҳои хайру савобашон вирди забони  мардуми ҳамин води ҳастанд ва мемонанд ИншаАллоҳ.Дар сини 54 солаги аз тири нохалафи  сиёҳкорон ба шаҳодат расиданд.
5.)  Идибеков Ҳокимҷон  ӯ низ бисёр инсони босаводу бомаърифат буд. Директори хоҷагӣ  кор мекарданду  ҳамеша  шабу  рӯз  дар ободонии  диёраш саҳм мегузошт. Дар сини 48 солаги  солҳои  ҷанги ватани аз дасти як  гуруҳ  разилони беимон бегоҳие,ки Иди Қурбон мешуд ба шаҳодат расонданд. 
Ба  гуфти  аммаҳоям, ки  "додараки моро дар рӯзи Иди Қурбон  қурбони карданд"-  фарзанди одамро. Худовандро  ин кори кардагии  қотилон намебахшад.
Ҳама гуноҳро  Худованд мебахшад бе  ғайр аз  рехтани хун беғайри Ҳақ.
6.)  Идиев Олимҷон акаи нозанинам  фарзанди хурди оила. Барои ҳамаи мо фарзандон  умеди охирин буданд ҷойи Падаронамон.
Акнун аз ин оила касе намондааст  дар ин дунё  ҳама  сарҷаъм дар дунёи боқи ҳастанд.  Ёдашон бахайр бошаду ҷояшон чаннатул маъво.
   Дишаб  хоб  дидам,ки ба айёдати акаи Олим рафта бошам ва уро рӯйи ҳавли дидам бисёр  хушҳол хурсанд  маро бисёр меҳрубони карданду ба  саҳни ҳамун  масҷид дароварданд. Гуфтанд,ки хуб карди ки омадаи ҳамаи хешу  таборҳоро аз қишлоқ ба меҳмони даъват кардам  маърака дорам.Бинам саҳни  масҷид пури одам ҳама  саргарми  кор  дар долони масҷид бинам  ҳама хешу таборҳое,ки гузаштаги ҳастанд нишастаанд . Ин гувоҳи он аст,ки дар он дунё акаи нозанинам ҷойи худро гирифтааст қатори  ҳамаи  он  наздиконаш ва хушнуд  аст  рафтанаш ба  он дунё.
   Азизони дилу дидаи ман  агар рӯзҳо, моҳҳо, солҳо ва ҳатто қарнҳо сипарӣ гардад ҳам номи некӯи шумо аз китоби рӯзгор сутурда намешавад ва  ҳамеша ёдатон зинда мемонад. 
Аз ин баъд ҳам солҳо мегузаранд, аммо Шумо дар дили наздикон,фарзандон , ёру бародарон зинда ҳастед. Зеро турбати Шумо  дар дили мост. 

  Баъд аз вафот турбати мо дар замин маҷӯй,

  Дар синаҳои мардуми ориф мазори мо.

Аз Худованди мутаъол  орзӯи онро дорем ва дуъо мекунем сарҷаъмона ҳама фарзандон, ки  он  некию хубиҳое, ки  Падари бузургворам  Маҳмуд  Идиев  бо  бародаронашон  Эмоммуҳаммад,Ҳокимҷон ва Олимҷон Идиевҳо карданд  дастгири  рӯзи охираташон бошанд ва бо номи некашон дар биҳишти фирдавс дар қатори мардони саховатманду солеҳ ҷогир бошанд.

«Эй Парвардигори ман, ба ман илҳом кун (ва тавфиқ бидеҳ), то шукри неъматеро ки бар ман ва бар падару модарам инъом кардаӣ, ба ҷой орам ва то коре шоиста бикунам, ки ту аз он хушнуд шавӣ ва фарзандони маро солеҳ гардон! Ҳароина, ман ба сӯи ту тавба кардам ва ҳароина, ман аз мусулмононам.» Аҳқоф; 15


Марг  ҳақ аст
Ба номи Худованди корсозу меҳрубон,ки маргу ҳаёт ҳама дар қабзаи қудрати Ӯст ва зиндагони диҳад ҳар киро хоҳад ва низ бимиронад касеро ки хоҳад.Ҳеҷ зотеро аз марг гурез нест ва ҳеҷ инсонеро қудрати бо марг пайкор кардан нест.Қуръони Карим мефармояд:
Барои ҳар яке аз уммат муҳлатест муаййян. Ҳар вақто,ки аҷал-(марг)-и муқаррарии шумо ояд ягон соат ба шумо аз вақт таъхир карда намешавад ва на ягон соат зиёдат.(сураи Аъроф,ояти 34)
Чӣ қадар наздик аст марг! 
Ҳар рӯз ӯ ба мо наздик ва мо ба ӯ наздиктар мешавем, байни мо ва ӯ ҳеҷ фосилае ҷуз фаро расидани муҳлат нест, пас мо ҷузъи мурдагон ҳастем ва ин умр дар ҳақиқат монанди гулест, ки аввал шукуфон  ва сипас пажмурда ва парпар мешавад, ё чароғе, ки аввал равшан ва сипас хомӯш мегардад, ё ситорае, ки аввал медурахшад ва сипас хокистар мешавад, аммо инсони мағрӯр ва ғофилу нописанд гӯё аз ҳақиқати талх фирор мекунад.
Барои ҳар як инсон ва бахусус мусалмон ҷудо гаштан аз наздикону пайвандони хеш мусибатест вазнину андуҳовар.Ҳақиқати ин андуҳро касе пай мебарад,ки худаш ба ин воқеъа рӯ ба рӯ шуда бошад.
Аммо чи чора? Қонуни ҳаёт ҳамин аст.Зиндагии инсон новобаста аз он, ки у дорост ё нодор,олим аст ё беилм,ҳам талхи дораду ҳам ширини,ҳам ғаму ҳам андуҳ.  
                 Ва Худованд дар ҳама  аҳвол моро зери санҷиш қарор додааст.Яъне инсон набояд дар тангдастиву нокоми ё хушбахтиву комрониаш аз Худованд  ғофил бошад.Чи гунае, ки дар роҳату растагори шукри Илоҳи воҷиб аст,ҳамчунин дар мусибату тангдасти ҳам шукри Ӯро ба ҷо овардан воҷиб аст.Мусалмон ҳамеша бояд дар мусибат собиру дар неъмат шокир бошад.
Худованди бузург дар Қуръон мефармояд: Ба тахқиқ  меозмояд.
 Худованд ҳар яки шуморо бо тарс ва гуруснаги ва нобуд кардани молу амвол ва ҳалоки наздикон ва барҳам задани боғу зироатҳоятон. Пас ҳар вақто ба яке аз шумо мусибате ояд аз масоибе пас бигуед:” Мо аз Худованд ҳастем ва бозгашти мо ба суи Ӯст. (Сураи Бақара,  оёти 155-156)
  Камоли гумроҳист агар одамизод дар неъмате,ки Худояш ба у додааст хушхолу хандон бошаду Ӯро фаромуш созад ва боз дар мусибат куфрони неъмат карда ба қазои Илоҳи рози набошад.Ҳама рӯза вакте марги мусалмонеро мешунавем он як хушдор ва огоҳиест барои ҳар ақлманд,ки дур нест замоне хабари марги моро ҳам ба дигарон бирасонанд.Мо бояд ҳамвора дар зиндагии имрузаи хеш тайёр ба марг бошем.

Рузе расад,ки оҳ барояд зи кӯи мо,

Гирад ғубори хоки лаҳад гирди рӯи мо.
Аз марги мо чу муддати се рӯз бигзарад,
Дар ҳеҷ куй кас накунад ёди рӯи мо.
    Инсон дар ин дунё зиндагии кӯтоҳе дорад, ки агар беҳуш набошад, рӯзе чашм боз мекунад ва мебинад фурсатҳоро аз даст дода аст ва барояш ҳеҷ намонда аст: фурсатҳо монанди абр (бо шитоб) мегузаранд. Пас танҳо чизе, ки орзу мекунад он аст, ки дар ниҳоят бо хубӣ аз ин дунё биравад ва дар оқибати кор некӯӣ дарёфт кунад ва чунон набошад, ки мисоли он яхфурӯше шавад, ки дар поёни рӯз аз ӯ пурсиданд, сармояатро чӣ кардӣ? Ў гуфт: тамом шуд, аммо нахариданд. Чӣ гуна муяссар аст, ки инсон мутмаин бошад дар охир вақте мехоҳад аз ин дунё кӯч кунад, оқибати хубе дорад ва инсони некӯе аст, ки ҳама бо хайру хубӣ аз ӯ ёд мекунанд.
Ягона Аллоҳ зотест зиндаву ҷовид ва дар илми Ӯст мавту ҳаёти бандагонаш. Пас набояд аз тоъати Худованд сарпечи кард.Хонаи кабри инсон аз ду рох берун нест: “Равзанаест нурони аз ҷанати Фирдавс,ё табақаест зулмони аз азобгоҳи дузах.Зиндагонии дунёро ба қадраш бояд расид ва аз он оқилона истифода бурд. 
Фаромуш набояд кард,ки ба тамоми амалҳое,ки дар дунё аз инсон рух мезанад дар пинҳониву ошкоро, ҳатман дар пешгоҳи Худо ба он аъмол бояд чавоб гуфт.
Азизони дилу  дида  дастаҷаъми  Дуъо кунем Парвардигор  хатму охирати зиндагонии моро бо имон созаду растагории дунёву охиратро насиби мо бигардонад.
Бисмиллоҳир-раҳмонир-рахим
Раббано ло тузиг қулубано баьда из ҳадайтано ва ҳаблано мил-ладунка рахмаҳ. Иннака антал-ваҳҳоб. Раббано иннака ҷомиьун-носи лиявмил-ло райба фиҳ. Инналлоҳа ло юхлифул-миъод
Аллоҳумма салли ъало сайидино ва набийино Муҳаммадив-ва ъало оли сайидино ва набийино Муҳаммадин фил-аввалина вал-охирина ва фил-малоил-аъло ил явмиддин.
Худоё! Моро аз неъматхои дунё ва охират баҳраманд гардон ва аз оташи дузах нигоҳ дор.
Худоё! Мо аз ғам ва андуҳ, ва нотавони ва сусти, ва аз бахиливу тарсончаки ба ту паноҳ мебарем.
Парвардигоро! Мо аз азоби қабр ва фитнаи зиндагиву марг ба ту панох мебарем.
Худоё! танҳо туро парастиш мекунем ва фақат аз ту ёрӣ мехоҳем. Моро ба роҳи рост ҳидоят фармо; роҳи касоне, ки барояшон неъмат додӣ, на роҳи ғазабшудагон ва на роҳи гумроҳ шудагон.
Худоё! Мо Туро ёд мекунем ва Туро фаромуш намекунем ва Туро зикр мекунем ва аз Ту бо тамоми узвҳоямон ёриву кумак металабем, моро фаромуш макун!
Бо умеди дуъо аз ҳамаи шумо азизони дилу дида дӯстдори шумо: 
Шаҳлои Маҳмудзода
17,03.2014с

7 комментариев:

  1. Оххоооо дилхоямон об шуд!охир чи илоч мохам Падар гум кардаем!

    ОтветитьУдалить
  2. Мо хам падаро аз даст додем чи кадар дарди сахт Аст худованд рахмату магфират кунад падари фариштамонро. Илохи омин 🤲🤲🤲

    ОтветитьУдалить
    Ответы
    1. Илоҳо Омин 🤲 Худованд раҳмату мағфират кунад 🤲 ҷояшон ҷаннатул Фирдавс бошад 🤲

      Удалить