понедельник, 13 июня 2016 г.

Ту дар кучои ҷон падар

Эй нури ҳар ду чашми тар, ту дар кучои ҷон падар.
Фарёдрас эй додвар, ту дар куҷои ҷон падар.
Ҳар гаҳ равам аз шаҳр ман бар деҳа ғамгин мешавам,
Охир наойи назди дар, ту дар куҷои ҷон падар.
Доим кунам ман ҷустуҷӯ дар кӯчаҳои танги деҳ,
Нақшат, намеёбам дигар, ту дар куҷои ҷон падар.
Гоҳе ба айвони ту ман фарёд месозам чунин:
Эй қиблагоҳи мӯътабар, ту дар куҷои ҷон падар.
Як паршикаста модарам гӯяд ҷон духтарам ту сабр кун,
Дар олами бас ҳиллагар, ту дар куҷои ҷон падар.
Пурсанд фарзандони ман бобои мо ҳоло куҷост?
Созам ҳамеша гӯш кар, ту дар куҷои ҷон падар.
Бар гӯшии ту аз алам боре задам ман занг ҳам,
Шуд кӯшиши ман бесамар, ту дар куҷои ҷон падар.
Ҳар гаҳ набинам ман туро дар ҳалқаи дустон дар дех,
Гардад ғами ман тозатар, ту дар куҷои ҷон падар.
Дар айни ҷӯши зиндагӣ рафти зи домони ҷаҳон,
Аз мо нагашти баҳравар, ту дар куҷои ҷон падар.
Ёдат кунам то гӯр ман, дар пеши чашмонам ҳанӯз,
Бошад рухи ту ҷилвагар, ту дар куҷои ҷон падар.
Номи туро бо шеъри тар Шахло бисозад ҷовидон,
Такрор гӯяд он қадар, ту дар куҷои ҷон падар....ҷонон падар ,ширин падар,.

2 комментария: