пятница, 24 июня 2016 г.

Рафти аз мо,эй падар ёдат ба хайр, Равзаи Ризвон туро бод ҷои сайр

Падари азизу  ба  чон  баробари  мо  фарзандон 24-июни  соли  1942  ба дунё омада  буданд, агар  имруз  мебуданд  дар  байни  мо  74 солагии мавлудашонро дар ҳалкаи ҳамаи хешу табору ёру дустон xашн мегиирифтем Лек, ҳайҳот, ки  марги нобаҳангом eро аз мо 20- сол  пеш  яъне,  1-августи  соли  1996  дарабурд.
Мо    фарзандон  ҳар  сол    рӯзи  мавлуди  падарро   дар  дастаҷамъи  бо дӯстон бо  ёди  падари  шаҳидамон  бо  таасуротхои  хубу  гуворо  бо  оби чашм ва бо  дуоҳо  аз Қуръони  маҷид  мегузаронем ва имсол, ки  ин руз дар мохи шарифи Рамазон омадаст аз Парвардигор  илтиxо дорем, ки рахмату махфирати арши болоро насиби падари бузургворамон гардонад.
Падарҷон, ман ҳама умр ба ёди ту месӯзаму месӯзам, аз ҳар куҷо нишони туро меҷӯяму меҷӯям. Падарҷон, илоҳо ҷоят xаннат, рӯҳат шод, манзили охиратат ободу пурнур бошад! 
Мо фарзандон имрӯз аз надоштани Падарҷони дилбанд ҷигархуну озурда ҳастем, вале шукр аз он мекунем, ки Модари меҳрубон дорем ва чун чароғи хонадони мо Падар бирафт, пеши Худо дуо мекунем, ки Модари азизамонро, сутуни хонадони моро нигаҳбон бошад!

Водарег!Ба хукми ачал чора чист?
     Мутеъ нагашта ба хукми ачал кист?

 Худо доду,Худо гирифт чони он,

         Ба моён тасалло дех,Худои Субхон!

Падарҷон илоҳо ҷоят ҷаннат, рӯҳат шод, манзили ахиратат ободу пурнур бошад.



Падарҷонам куҷо рафти?

Сафои дину имонам,падарҷонам куҷо рафти, 

Тассалои дилу ҷонам, падарҷонам куҷо рафти. 

Навозишҳои гарми ту ба ёдам мерасан ҳар дам, 

Дар ин дунё саробонам, падарҷонам куҷо рафти. 

Ғаму дарди ниҳонамро намедонам ба ки гӯям, 
Зи роҳи рафтаат нақши қадамҳои ту мечӯям. 

Ба ғайри Модари зорам набошад шахси ғамхорам, 

Дареғо нести андар сари мо эй дуо гӯям. 
Аз ин дунё ҷавон рафти, чу тире аз камон рафти, 
Саропо мурги ҷон гашти, ба сӯи осмон рафти. 

Кашиди заҳмати бисёр барои хонадони худ, 

Зи назди хонадон ногаҳ канори хокдон рафти. 

Бирезад дар сари қабри ту оби дидаҳои ман 
Расад бар гуши арвоҳи ту Алҳамду дуои ман. 

Ту хомуши қатори рафтагони хоки хомушон, 

Вале дар ҷони ман ҳасти ҳамеша ҳамсадои ман.



Комментариев нет:

Отправить комментарий