понедельник, 13 июня 2016 г.

Падарам ёди ту ҳаргиз наравад аз дили ман


    Падарҷони меҳрубонам медони имшаб хоб надоштам ва бо хайёлҳои  ширин  бо ёди шумо будам.Парвози хайёлҳо маро ба сари оромгоҳат бурданд лаҳзае онҷо шуморо дидам бо ҳамон чашмон хайрхоҳонаю раҳмгину меҳрубон.Сӯят даст фишондаму  давидам , чун ки  бисёр пазмонат шуда будам ва мехостам,ки  шумор бори дигар аз наздик мисли пештар  бинам роз гӯям,хумори чандин солаҳои худро , ки Падар меҷустам дар он лаҳзаҳо бишиканам вале афсус  сад афсус...
Медонам Падарҷон,ки  Шумо дигар барнамегардед ва мо  рӯзе  аз рӯзҳо назди  шумо хоҳем рафт. Марг  ҳар  лаҳза  ҳамқадами инсон аст вале  бо гузашти солиён  зиёд аз  марги шумо чунин эҳсос  дорам,ки Шумо куҷое бошед ва ин ҳол дарамро куфта медароед ва маро мисли пеш садо мекунед,ки Шаҳлои дадаш куҷои.....
Падарҷон ин қадар шумо неку меҳрубон будед,ки қаламам оҷизи мекунанд,ки инро васф кунам.
Марги нобаҳангом аз дасти қотилону бе имонҳо, разилону Худо бехабарон шуморо  18 сол пеш аз мо ҷигарбандон  ҷудо кард.Рафтию рӯҳу дили  мо  панҷ  нафар фарзандон ва  Модари ба ҷон  баробарамон  ҳам шикаст. Мегӯянд,ки хонаи бишкастаро обод кардан осон аст вале дилхои шикастаро  не..
Агар рӯҳу дилхое бишканад  Фарёду  сад фарёд аз тақдире,ки  намехоҳам ҷумла бани одам дошта бошад.
Шукри Парвардигори оламиёнро мекунам,ки худованд моро чунин падари некному  оқилу меҳрубонро бо умри кам ҳам бошад ато кард.Мо фарзандон  ҳамеша  бо ёди чунин  падари ғамхор роҳбару   роҳнамои худ мефахрему меболем.
Ҳама лаҳзаҳои мушкили Ту бо ман Падарҷон ва бо Шумо суҳбат мекунам.Шуморо мебинам  ва маслиҳат мекунам, рози диламро барот иброз медорам.
Ин олами ғайб розҳо дорад,розҳои ниҳон,ки ҷуз Аллоҳ онро касе  намедонад. Ҳарчанд тақдири Худоро чора нест ва банда бояд пеши тақдири кашидаи Холиқаш мутеъ бошад, вале боз ҳам бо гузашти беш аз чанд сол наметавонам бе дард ва бе оби дида он мусибати гарон, дарди бепадарирро таҳаммул кунам.
Марги падар барои ман як дарде буд ва то ҳол  ҳаст,ки бисёр ҷонкоҳ аст  ин дарди  бедаво  аст   дарди  бепадари аст.
Бародарону хоҳарони азизам ба қадри падару Модарон бирасед чун,ки дунё ғанимат аст  ҳар дам ғанимат аст.
Руҳи ҳамаи  Падарҳои дар хок хуфта  шоду манзили охираташон обод бошад.
(ШаҳлоиМаҳмудзода)

Комментариев нет:

Отправить комментарий