Нигоҳи дӯстон



Ваҳдат
Баргу сози коинот аз Ваҳдат аст
Андарин олам ҳаёт аз Ваҳдат аст.
( Муҳаммад Иқболи Лорҳурӣ)

         Сардори давлат пешвои миллат ҷаноби оли Эмомали Раҳмон аз рӯзи нахустини ба кор омаданаш роҳи сулҳу субот ҳарчи зудтар хотима додани ҷангро ҷӯстуҷӯ доштанд. Барои сулҳу ваҳдати миллат талошҳои зиёдеро ба харҷ додаанд. Мо ҳам дар ҳамдасти дар он солҳо ба шаҳру ноҳияҳои кишвар сафарҳои хизмати доштем ва мардумро ба оромию субот даъват мекардем.
         Соли 1994 моҳи апрел ҳавои борони буд ману Мунавваршоҳ Назриев ба води Раштсафари хизмати дошем. Моро Раиси ноҳия Тоҷикобод  дӯсти қадрдони мо Маҳмудбек Идиев ҳамроҳи мекард. Аз Ғарм то Тоҷикобод моро майори милиса Идибек Ғафуров роҳбалади мекард. Шаби ҳамон рӯз майор Идибек Ғафуров аз дасти қотилон бераҳмона бо аҳли оилааш ба қатл расонида шуд ва мо саҳар се нафар ба ҷанозаи ин шаҳид рафтем
Хонаи ӯ дар саргоҳи роҳи Тоҷикобод Ҷиргатол  воқеъ буда, ба як кулбаи фақиронаи муҳоҷиреро шабоҳат дошт. Баҳори борони кӯҳистон меборид, хони сеҳуҷраги гилин., ду фарзанд ,завҷааш ва кудаки дар гаҳворагиаш аз дасти қотилон  кшат шуда. Маитҳоро болои якандозҳою колинҳои кӯҳна монда, ҳамсояҳо ва хешу таборашон гиряву нола доштанд.
Чунин манзараи мудҳишро, дар умрам надида будам, ин ваҳшоният ба дасти кадом ҳайвон содир шуда бошад,? Охир, қотилон ӯро барои хизмати софдилона ва ё барои моро роҳбалади намуданаш , барои сарваташ, барои кадом гуноҳаш парронда бошад?
         Ману Назриев аз Раис Маҳмудбек Идиев хоҳиш кардем, ки ягона писари ин шаҳидро ки зинда монда аст аз дасти қотилон ёри расонанд. Баъдан аз Аҳмадшоҳ Идиев писари шодравон Маҳмудбек Идиев фаҳмидам,ки ҳамон  сағирбача бо ғамхории оилаи Идиевҳо ба воя расида, мактаби  олии Вазорати корҳои дохилиро хатм намуда, роҳбари бахши ҷутуҷӯии шӯъбаи корҳои дохили ноҳяро ба ӯҳда дорад. Ӯ касби падарашро давом дода қотилони қиблагоҳашро ёфта, ба ҳукми қонун супоридааст.
         Баъди  ду се ҳафтаи ин фоҷеаҳои хунин  вақте,ки Мунавваршоҳ ба Ғарм ба аёдати модараш мерафт аз дасти қотилон номардон нобакорон уву мошинашро таркониданд.
         Баъди чанд вақти раиси ноҳияи Тоҷикобод дӯсти бисёр наздики ман марде, ки барои оромии ноҳия осоиштагии мардум ҷонашро ба каф гирифта, хизмат кард , ӯро ваҳшиёна он қотилои  хунхор ба қатл расониданд , ки симои зебо ва корҳои неку ободонии  ин марди майдон ҳеҷ гоҳ аз ёди мо дӯстон намеравад.
         Чеҳраи ғамолуду озурдаи ҷигарбандони ин мардни накӯкор ва ҳазорҳо ҳамватанони ҳалокшудаи мо барои кадом мақсад , ба манфиати кадом гурӯҳи ҷиноятпешаю курситалаб ва биохира ба кадом кишвари тоҷикбадбин хоҳони пароканда кардани ватан аз қабили мардум зудуду нашуда истодааст.
         Бузурге аз унвони  дарахте,ки мебуриданаш, гуфтааст:
*  Аз табар чи гила, ки дастааш аз худам аст.*Намехоҳам заҳми қалби онҳое,ки фарзанд бародар падар азизонашонро гум кардаанд ва орзу ормонҳояшонро қотило барҳам доданд аз нав зинда кунам. Ин дарди ҳамаи  мо дарди миллати тоҷик дарди хурду бузург аст. Ҳоло Ҳукумат  Сарвари давлат ҷанобт оли Эмомали Раҳмонов мардуми азияткашидаамон дар фазои оромию осиштагӣ ва бунёдкорию созандагӣ, паси сар намудани иллату нуқсонҳо амали ҳамарӯзаи зиндагӣ қарор доданд. Бояд бо масъуляти қарзи фарзандии хешро бо бузургдошти хотираи аҷдодони бонангу номусу номбардорони миллати куҳанбунёд, ба хотири шаҳидони ҷанг шаҳрванди ба ҷо орем.
         Хонандаи гиромӣ! Дени Дидро , файласуфи Франса гуфта буд:* Оҳ! Чӣ қадар маҳзакаи олиҷанобе мебуд ин олам, агар дар он нақши мо намешуд.*
 Султон Мирзошоев  китоби * Пайванди ду аср*



Ашк аз дида бурун рехту Хуноба зи дил.

Зиндагӣ достони ғам аст,
Зиндагӣ гарчӣ умраш кам аст.
Зиндагӣ як нафас, як садост,
Зиндагӣ сар ба сар мотам аст.

         Пеши назарам лаҳазаҳои охирин маросими хайрбод. Дӯстам ҳамсафрам ҳаётиам савораи аспи чубин сӯи гӯристон бурданд.
          Роҳе, ки аз байни деҳа мегузарад тобути зиёдеро тобути одамони хурду калонро, зану марду, кӯдаконро, ки ҳар яке бо амри илоҳӣ тарки ҷаҳон гуфтаанд сӯй водии хомӯшон бурдааст ва худ дар ёд ҳам дорад.
         Маҳмуд Идиев 24 июни соли 1942 дар деҳаи Кучакзеҳ ҷамоати Нушори ноҳияи Тоҷикобод дар оилаи хизматчи ба дунё омадааст. Айёми беғаши кудакиашро дар оғӯши  гарми модар, зери сарпарасти падар гузаронидааст.
Дар оғӯши табиати зебои кӯҳистони зодгоҳаш ба камол расида, розҳои ҷавониву афсонаи муҳаббати покашро, ки аз қалби саршори орзуҳояш берун меҷаст, ба бод  вазон гуфта , то ба гӯши ҳамсари дар садоқат вафодораш бирасонад.
         Аз гузаштаи ин шахсияти нотакрор, хатмкардаи факултаи география биалогияи Институти педагогии ба номи Т.Г. Шевченко, ки солҳои тӯлонӣ дар вазифаҳои гуногун директори мактаби миёна, инструктори
 Кумитаи ҳизбии ноҳияи Ғарм, Шунавандаи мактаби ҳизби дар шаҳри Тошканд, мудири шӯъбаи ташкили кумитаи ҳизби ноҳияи Ғарм, Раиси кумитат назорати халқи ноҳия Ғарм, Раиси Комиҷрои Шӯрои депутатҳои халқи ноҳия Ғарм, ва аз соли 1991 Раиси Ҳукумати ноҳияи Тоҷикободро ба ӯҳда доштанд. Солҳо сипари шуда бошанд ҳам, то ҳануз дар чеҳраи хешу пайвандон, дӯстону наздикон, фарзандон, шогирдону ҳампешагон ва фурузандаи чароғи хонадон ҳамсари вафодорашон осори ғаму андӯҳ боқӣ аст. Ҳар гоҳе ,ки бо Ҳоҷи хола, Ония ҳамсари мушфиқу меҳрубони марҳум сӯҳбат менамудам, борони ашк рухсораҳояшро мешусту зикри пайвастаи ному кору фаъолияти ҳамсари ҷавонмаргашонро ба хир расонида метавонистанд.Баъди ором гирифтан, ашки чашмонашро поккунон, бо сӯзу ҳасрат аз ҳаёти ширини ба сар бурдаашон, ки оғози муҳаббати поку аҳду паймони ҷовидонӣ буд, нақл менамуданд.
         Аз нигоҳи чашмони ашколудашон, ки аз қаъри рӯзҳо гузашта шояд ҳамсари ҷавонмарги хешро меҷустанд, ба нуқтае духта буданд, меҳри беандоза ба фарзандон, муҳаббату садоқати беинтиҳо ба сутуни хонадонашон марҳум Идиевро мехондам. Ҳамсӯҳбатам гиряро дар гулӯяшон фурӯ нишонда, ҳаёти ширину гуворои паси сар кардаи худро, ки аз лаҳзаҳои нотакрор лаболаб буданд, ба ёд меорад.
         Чӣ қадар тез мегузаоанд ин рӯзҳо
         Гӯиё дирузака буд, ки дар ҳалқаи фарзандон, сари хони пурнозу неъмат, бо чеҳраи шукуфон таъби болида дами хуш мезаданд, бо ситораи гарму ҷӯсаи паҳлавононаи худ байни ҳамкорону ҳамдеҳагон зиндагию фаъолият доштанд.Дар ғаму шодии мардум шарик, гиреҳкушои мушкилу маслиҳатгарашон буданд.
         Ҳайҳот! Аз он рӯзҳои шоду фараҳ ва рӯзгори ҳамешабаҳори якҷоя ба сар бурданамон кунун хотираҳо, ёдҳо мондаасту бас. Лаҳзаҳое, ки аз он рӯзҳо сахт дар лавҳаои хотирам нақш бастааст, ин паси ҳам таваллуди чор фарзанди аввал Қаноатшоҳ, Шаҳло, Зулфия, Аҳмадшоҳ ва баъди ҳафт сол ба дунё омадани Шарафҷон аст.Раҳмати шавҳарам хурсандиашро пинҳон дошта наметавонист.  
         Ҳар гоҳе, ки ҳама сарҷамъ менишастем танҳо аз адаб ҳарф мезаданд. Гӯё сиришташон ҳама панд буду андар ва шеърҳои ҳикматомӯз.
         Агар дар хона мебуданду ман аз берун вориди хонам мегаштам, аз ҷояшон хеста ба пуштам таксари мегузоштанд. Аз ин рафторашон назди фарзандҳо ва келинҳо шарм медоштам, норзигӣ мекардам. Аз нигоҳам рамуз гирифта. Ба табассум мегуфтанд; Панд аз падар насиҳат аз модар, эҳтиром намуданд аз калонсолон ва ҳамдигарфаҳмӣ асоси зиндагӣ аст.
         Инак 10 сол мешавад, ки ҳамқадами ҳаёти пур аз умеду орзуҳои ширину вале бо боди фано рафтаамро гум кардаву то ба ҳол дар фироқаш месӯзам. Баъди ба шаҳодат расидаи он кас зиндагии якҷоя, лаҳзаҳои ширину нотакори умрам ба назарам мисли як мижа задан лаҳза лаҳзаяке намуд..
         Холаи Ония лаҳае сукут мекунад ва шояд гузаштаро пеши назар меоранд..
         Субҳи 28 июл аз қишлоқи Тарбулуқ совхози Абдулло командир ҳафт нафар мардҳои девсират бо чеҳраҳои манфур ба хонаам омада гуфтанд, ки сел омадасту ҳама кишту корро вайро карда, як кӯдакро ба ҳалокат расонидааст. Ҳамон лаҳза ӯ бемори бистарӣ буд. Наметавонист, ки ба ҷои офатзада равад. Аз ин рӯ, тавассути телефон коркунони соҳаи обро ба ин кор сафарбар намуд. Шаби дароз дарди пой азияташ медоду кӯшиш дошт ,ки тезтар ба по хезаду ба ҷои  офат равад.
         Бегоҳи барвақт он рӯзи сиёҳу наҳс 1 августи соли 1996 бехабар аз нақшаҳои пешаки таҳрезӣ намудаи душманон аз хоб хеста озими роҳ гардид. Дилам аз пешомади бад гувоҳӣ медод. Пойи варам кардаашро ба пойафзол намедаромад.
         Шитоб доштанд. Пояшонро рӯй пояфзол бастам.
         Пурсидам, ки то омаданат кадом хӯрокро тайёр кунам, гарчанде медонистам, ки оши палавро дӯст медоранд. Бо ҳамон чеҳраи кушодаву лабони пуртабассум гуфтанд, ки кадом хӯрокеро, ки ту дӯст медорӣ ман ҳамонро меписандам. Бо дили нохоҳам (аз рафтанаш розӣ набудам) то дари ҳавлт гусел намудам. Сухани вопасинаш ҳамин буд, ки мегуфт: * Зиқ нашав, ман ба тӯи писари Шарафҷон умед дорам. Аз бемориам ташвиш накаш, ман бо мошин меравам ку..*
         Зирбаки ошро тайёр намудам. Аз меваи тару тоза нӯшоба тайёр менамудам. Соате нагузашта буд, ки Мулло Шеръалӣ ва ҷиянашон Қосим бо рангу рӯй парида вориди ҳавлӣ шуданд.
         Қосим, ки ҷавони бузурҷусса авт бо пойҳояш неву бо қувваи дастонаш вазнашро кашолакунон ба пеайвон баромад. Бо овози ларзон гуфт, тағоям фишорашон баланд шуда, дилашон зад. Ман сӯйи ҷевон давидам, то кидоруҳояшонро гирам. Вақте ,ки бастаи доруҳл дар даст рӯйи ҳавлӣ фаромадам, одамони зиёде ҷамъ омада буданд. Дадаи Шарафҷон рӯи якандоз мехобид. Даст ба қафаси синааш гузоштам, тар шуд. Аз баданаш хун ҷӯяк барин ҷӯшида мебаромад. Худро гум кардам. Хайёлам аз сарм оби ях рехта бошанд, баданам меларзид.
         Аз куҷо медонист, ки ба истиқболи марг равон аст. Аз Нимич то Тарбулуқ аз назди гӯристону мазорҳо гузашта, бо дуо даст ба рӯй мекашад.
         Ба ҷои воқеа расида, аз мошин мефарояд, вале дар ҳамин лаҳза ду нафар шахси ниқобпӯши яроқнок онҷо ҳозир шуда, садои пайвастаи автомат ӯро аз пой меафтонад.
         Қотилон 28 адад тири автоматро ба бадани ӯ холӣ карда * Супориши командирр иҷро кардем* гӯён бо садои дилхароши хандаҳояшон ба ҳаво чанд тири дигар холӣ мекунанд.
         Ҷасади беҷону гулгуни Маҳмуди номдорро рӯй ҳавлӣ гузоштаанду издиҳоми мардумбо сӯз нола мекард. Хоҳарон Тоҷиниссову Тосподшо ин хабари нохушро шунида рӯю мӯйканон, навҳакашон ҷасади беҷони додари ғӯрамаргашоно ба оғуш гирифтани мешаванд. Хоҳарон ғамбемор гаша буданд. Ғами писари бародари калониашон Одилҷони ҷавонмарг, ки дар идораи маорифи ноҳия сармуҳосиб шуда кор мекард ва дар назди когоҳаш ба қатл расонида буданд, кӯҳна нашуда, чор тифли маъсуми ӯ чашм ба роҳи падар, боз ғами нав, ҷасади гулгункафани додари номдорашон фарзандони дидагирён, ки рӯи ҷасади  падар аз ҳуш меафтоданд, хоҳаронро булбули гӯё карда буд.
         Нолаи онҳо синаи сангро мешикофт. Ба марги Одилҷон мегуфтанд, ба марги Маҳмуди зеби маъракаҳо мегуфтанд.
         Алами Ҳокимҷони гумномро, ки ғайб зада буд, як сол мешуд, ки додакашро аз ҳеҷ куҷо намеёфтанд, барои хоҳарон гаронтар буд бародштани бори ин ғам.
         Ҳокимҷон донандаи хуби забонҳои хориҷӣ англисӣ немисӣ буд. Овозаҳо паҳн шуда буд,ки тарафи муқобил муҷоҳидон ӯро барои тарҷумони ба Афғонистону Арабистон бо худ бурда бошанд.
         Тоҷиниссо дар нолаҳояш мегуфт, ки ба сари солат нарасам Маҳмуди ҷун, ки бардошт ғамҳота надорам. Баъди гузаштани 9 моҳ оши солашро додем. Се рӯз пас Тоҷиниссо аз дунё гузашт. Тосподшо ба хабари зинда ё мурда будани Ҳокимҷон уме баста буд. Аз даргоҳи Худованд талаб менамуд, ки то аз бародарам Ҳокимҷон хабаре нашунавам, маро банда нагир. Панҷ сол сипари шуд. Даҳмардае бастае дар даст (сару либоси Ҳокимҷон) хабар овард,ки дар фалонҷо ӯро паронданд дар саҳари рӯзи иди Қурбон. Хешу табор, хоҳари обуадогашта Тосподшо дар болои мошини камаз, онҳоро даҳмарда роҳнамои мекард, ба дараи Ясмани Ҳоит омаданд. Қабрро кушодан. Ҳокимҷони шаҳидгашта дигар нашуда буд. Тосподшо дар ғами додарон пиру бемор гашат рӯймолчаи дасташро дар хуни аз сурохиҳои ҷасад захида истода тар карда, ҳар гоҳе хумори дидори додараш мегириф, рӯймолчаи хунолудашро бӯй  карда. Ба рухсораҳояш мемолид. Дар ғами се фарзанди падар сӯхта сӯхата дунёи фониро падрӯд гуфт.Барои овардани ҷасади Ҳокимҷон ба қабристони деҳа назди бародарону хоҳаронаш мармуди деҳа хешу таборон омодаги гирифтан,ки мардуми деҳаи Ясманд омада гуфтанд, ки * Шаҳиди мо аст* монед истад набаред.
         Хайр чӣ илоҷ. Ба  дунё омадану рафтан қисмати азалии инсон асту ба қавле зоғе бе доғ нест..
         Бо садои хаставу гирифта, аз қаъри дили хеш оҳи чуқуре мекашад холаи Ония. Шукронаи фарзандон мекунаму ба ёди падари бузургашон, ки дар умри бобаракати хеш корҳои зиёдеро ба сомон расонидаву қисме аз орзуҳояшро бо хуб ба хоки сард бурдандЮ рӯзи навам ба шом мерасад. Рӯи хона аксҳову дастаи ҳуҷҷатҳояшон парешон хобидааст. Аксҳо дар мавуъҳои гуногун ва бо шахсиятҳои баруманди кишвар гирифта шуд аст.
         Саргарми омӯзиши ҳуҷҷатҳоям. Духтари хола апаи Зулфия навори видеоии тӯи домодии Шарафҷонро, ки як ҳафта пеш доир гашта буд, мегузорад. Дар тахти шаҳӣ паҳлӯи домоди нозанин Шарфҷон, шарафи хонадони Идиевҳо бо аруси нозанин нишастааст. Дар саҳни тарабхона садои мусиқии шух танинандоз аст. Онояхола мардонавор дастон пеши бар меҳомонҳои аз дуру назди омадаро, ки аксаряти дӯстони қадрдони ҳамсари меҳрубонашон буданд хушомадед мегӯяд.
         Орзуи охирине,ки шавҳар пегш аз хона баромаданаш карда буд: *Дар тӯйи писари Шарафҷон иштирок мекунам*, чун орзуманд насиб накард, ки дар тӯйи домоди Шарафҷон ҳузур дошта бошад.
         Ашки  шашқатори модари зорро меҳмонон дида гумон доштанд, ки ашки шодӣ аз хурсандии беинтиҳои модар барои тӯйи писар аст.
         Ва бигзор чунин бошад.
         Баъди шикастани боли парвози уқоби кӯҳистони Тоҷикобод, замоне хомӯш гаштани шаъми фурӯзони ин диёр, рехтани сиришки талхи мардуми ин сарзамин дар ҳаққи фарзандони шаҳидашон, дигар аз дидангони ҳамаи мардуми сайёра танҳо ашки шодӣ бирезад.
         Фарзандон ҳама рӯза аз Худованди Мутаъол талаби онро доранд,ки манзил охирати падари бузургорашон ободу ҷояшон ҷаннат бошад.
         Ҳоҷи хола аз ҳайёту рӯзгори ибратбахши зану шавҳари хеш китобе таълиф кардаанд, то дунёи беканора қалби поку хислатҳои нек ҷавонмардии ҳамсафари ҳаётиашонро бозгӯӣ кардаву ғунҷонда тавонад. Бо  ин роҳ қалби дар фироқи ҳасари хунчакони хешро таскин бахшида, назди рҳҳи поки ӯ садоқату вафодориашонро иброз доштанианд.
         Хуш ба ҳоли оне, ки чунин зиндагиву рӯзгори хонадони ширин бунёд намудааст.
 Адолат Сайфуллоева. * Чархи Гардун* 28.07 2006 сол. Шаҳри Душанбе.



 Оре,  вақте ки сухан дар бораи накӯию накуномӣ, далерию  шуҷоатмандӣ меравад, симои марде пеши назар ҷилвагар  мешавад, ки баҳри ободии Ватану диёри азизи хеш, нисор намудааст.
Саъдиё марди накӯном намирад ҳаргиз,
Мард он аст, ки номаш ба накӯӣ набаранд.
Рӯзгори Маҳмуд Идиев, собиқ раиси ҳукумати ноҳия Тоҷикобод, сар то сар пур аз далерию мардонагис. Дар тӯли фаъолияти кории Маҳмуд Идиев ноҳияи Тоҷикобод аз ҷиҳати иқтисодӣ пеш меравад ба вазъи муташаниҷи он давра нигоҳ карда. Корҳои назаррасу созандагӣ ба чашм мерасиданд ва мардуми ноҳия аз ин қаноатманд буданд.
Мутаассифона, соли 1992 нобасомониҳо дар ҷумҳурӣ ба вуқӯъ пайваст. Бародар душмани бародари ҷони шуд. Душманони дохилию беруни марзӣ тавонистанд , ки ин миллати ба ору номусро ба якдигар ҷанг андозанд, ба маҳалҳо ҷудо  намуда фирори созанд.
Ана , дар ҳамин лаҳзаҳои ҳассос ин марди далер, мардумро ба ягонагӣ ва дӯстиву рафоқат дахват намуда, мехост миллаташро аз вартаи ҳалокат раҳонад.
Ҷанги шаҳрвандӣ он солҳои мудҳиш ноҳияи Тоҷикободро фаро гирифта буд. Мардум аз ҷиҳати хӯрока танқисӣ мекаштданд. Шахсони бегуноҳ қурбони тири нохалафе гардида зану фарзандонашон бе парастор монда буданд. Ин марди асил кӯмакашон менамуд , падарона сари ятимонро сила мекард. Барояш гиряи қонгӯдози модарон хоҳарон , ки аз ҷигаргӯшаҳои худ ҷудо шуда буданд , ниҳоят гарон буд.
Мехост ақли солим боло гираду пеши роҳи нобасомониҳо гирифта ва миллати парешон сарҷаъму диёраш обод бошад.
Дар ҳамин лаҳзаҳои ҳасос, аҳли диёраш ӯро дӯст медоштанду эҳтиром менамуданд ва баҳри ҳалли мушкилиҳо аз ӯ мадад мепурсиданд.
Аммо сад афсӯс!.. Бадхоҳони миллат шахсеро аз байн рабурданд, ки дар ҷамъият саҳми беандоза дошт ва баҳри ободонии Тоҷикистони азизаш кӯшишҳои зиёде ба харҷ дода буд.
Зинадю ҷовид зист шар ки накӯном зист,
К аз ақибаш зикри хайр зинда кунад номро.
Сафармоҳи Назар, *Қонун ва Ҷомеа*

Комментариев нет:

Отправить комментарий