Ёдбуд

Ба Ёди Падар
Ҳар лахзае,ки маро хумори Падар мегирад  ёд аз куҳистони зебо  мекунам,ки бо табиати нотакрораш ба дилхо фарах мебахшад.Махз  дар  хамин гушаи зебои ватан ,ки бо номи ширинаш «Тоҷикобод» дар қалбҳои ҳар яке мо ҷой шудааст 70-сол пеш,яъне 24-июни соли 1942 қиблагоҳам Идиев Маҳмуд собик раиси ноҳияи Тоҷикобод дар деҳаи Кучакзеҳ  ба  дунё омадаанд.
 Эй  падар аз баҳри побусат салом овардаам.
Бо умеди раҳмати руҳат калом овардаам,
Дӯст дорам ,Эй падар бо  ёди ту Раштонро,
Сангу  чӯбу хору хас, ҳар  зарра  гарди хокро.
Ман шоири муrтадире ва ё сухангӯи волое, ки дорои истеъдоди баланди эҷоди,ки бо фикрҳои зебои  баланд парвоз сухан меронад, нестам ва ноз бар фалаку ҳукм бар ситора карда наметавонам, вале чун сухан аз бобати Падар   меравад кавкаби илҳомам монанди кабутари пазмон ба дуриҳои дур пар мезанад, саманди хаёл ба ҷaвлонзани оғоз мекунад ва ба rуллаҳои осмонбӯси кӯҳистони Раштон  ошён мегузорад ва бо фариштаҳои  осмонӣ  аз ёди падар қиссаҳо мекунам ва ба ин васила дарди диламро ифшо мекунам.
Агар Модар- сарчашмаи хушкнашавандаи инсоният маҳсуб  ёбад, пас, Падар -кандили хонадон , шахси муқаддас аст.
Вақте, ки симои падари азизам пеши назар меояд, аз чашмони ӯ аз тамоми ҳастии вай нур меборад. Ин нур роҳи ояндаи ҳаётамонро равшан месозад. Падар офарандаи ҳаёту мамот буда, аз ҳама қимматтарину азизтарин шахс дар олами ҳастӣ мебошад. Меҳри беҳамтои Падар ба мисли хуршеди олам аст, ки ба тамоми олам саховатмандона нур мепошад.
  Падаричонам! Туро ёд кардам, дар танҳои шабҳо чашм мепӯшам суханони пандомез ва садои хандаҳоят ба гӯш мерасад. Вақте чашм мекушоям ин садо хомӯш мегардад, зеро ин садо тасаввур аз хотиротам буд. Туро ёд кардам падарчон, чӣ гуна суханҳое бароят бигӯям то ту дар наздам ҳозир шавӣ ва туро оғӯш гирам сарамро болои китфонат гузораму бо шумо сухбати ширине кунаму аз дидори шумо сер шавам. Оҳ Падарчонам! Чашмонам аз ёди ту ҳамеша нам ҳастанд. Чӣ қадар вазнин, чӣ қадар мушкил ин дурӣ аз ту, туро ёд кардам вале ҳайҳот,ки умри инсонят бозгашт надорад  мо ба сӯйи шумо бо роҳи шумо равонаем.
То  вактеки,ҷон дар бадан дорам ба ёди чунин,падари ғамхору меҳрубон,азизу воло,далеруҷасур,хоксору  ҳалим  месӯзаму  месозам.
Дар  даст  калам дорам,
Дар  дил  алам  дорам.
Бо ёди  падари  мушфик,
Дар  сина  шарар  дорам.
 Он чи аз панди Падари  бузургворам  омӯхтам мегуфт; «Зиндаги худ як  дарси ибрат  аст  шумо дар   он  мисли накош  ҳастед ,ки  бо кирдору  рафтори худ  онро накоши мекунед, кушиш ба  харч диҳед ки накоши шумо бидуни ягон хатпок(хаткуркунак)  бошад  вакте,ки ба гузашта  бармегардед  ниёз ба  хатпок надошта  бошед». 
  Падарxони азизу меҳрубонам шукри Парвардигори оламиёнро мекунам,ки фосилаи каме,ки дар зиндаги  бо мо буди  аз шумо  бисёр чизро омухтем ва  то ҳол  сармашки  кору  зиндаги худ кардаем.
  Молик ибни Робиъа мегӯяд: « Мавқее, ки мо хидмати расули Худо нишаста будем, як марде омаду гуфт: «Эй расули Худо, оё аз некӯкорӣ ба падару модарам коре боқӣ монда, ки баъд аз маргашон ба анҷоми он пардозам, то дар ҳаққашон некӯиву хубии комил карда бошам?»
  Паёмбар фармуд: «Оре дуо кардан барои падару модар, талаби мағфирати гуноҳонашон, анҷом додани васиятҳои онон, некӯкорӣ ба хешони онҳо, ки дар ҳақиқат баракати хешӣ аз баракати падару модар аст ва гиромӣ доштани дӯстони падару модар».
 Ҷаннат талабӣ, талаб ризои модарон,
 Мекун ту тавоф хоки пои падарат.
 Аз амри Худо муайяд аст амри падар,
 Хушнудии ҳақ аст ризои падарат
  Якуми августи соли 1996 рeзи сахтарину бадтарини  ҳайётам дар зиндагиам буд,зеро дар ин рӯз Падари азизу меҳрубонам,ки  ҳамеша барои сулхи Тоҷикистон дар он солҳои сангин  кӯшиш дошт ва байни гуруҳҳои мухолиф доимо гуфтушунид мекард,ки бояд тоҷикон бо ҳам бошанд аз тири нохалафи  душманон дар сини 54 солаги ба шаҳодат расиду  маро аз нури чашмонам,қуввати дилу ҷонам,насиҳатгару маслиҳатгарам,лахти ҷигарам,падари ба ҷону дил баробарам ҷудо кард.
 Куштандат, о ҷону ҷигар, эй ҷашну суру иди ман,
Куштандат, о нури басар, эй бар замон тамҳиди ман,
Эй фахри ман дар зиндагӣ аз диду аз нодиди ман,
Хоки ду олам бар сарам, бар ин сари испеди ман.

На хотире ранҷондаӣ, на бар касе бад кардаӣ,
На ҳаққи мардум хурдаӣ, на моли мардум бурдаӣ,
Ҳатто дили як мӯрро н-афсурдаӣ, н-озурдаӣ,
Бояд бимиранд ин сагон, боре чаро ту мурдаӣ?

Қуте агар ҳам хурдаӣ, ғамҳои мардум будааст,
Дарду ғами имрӯзаву фардои мардум будааст,
Дар синаи дардошноят ҷои мардум будааст,
Чун ҳафт пуштат аз азал малҷои мардум будааст.

Тире, ки зад бар синаат, бар мағзи ҷони ман расид,
Тире, ки зад бар синаат, бар синаи меҳан расид,
Зеро камон бар қабзаи бедонишу бефан расид,
Зеро камон андохтан бар зумраи кавдан расид.

Ёраб, ту огоҳӣ аз ин пешомади ногоҳи ман,
 Ёраб, бубин ҳоли ману ин қабзаи кӯтоҳи ман,
 Ёраб, шунав рӯзу шабон ин нолаи ҷонкоҳи ман,
 Бар синаи қотил бизан шамшеру тири оҳи ман!
  Ӯ яъне падари азизи мо рафт ва ҳама шодиии дунёро бо худ аз мо рабуд. Дигар ин дунёи рӯшан бо ҳама зебогиву сарсабзиву айшу нишоташ барои ман як зиндон шуд, зиндагӣ бароям рангу бӯй ва маънияшро гум карда буд.
Дигар дарду алами дилҳои хунчакону ҷигарҳои сӯхтаи мо фарзандон дар ду олам намеғунҷад. Мусибати гарон ва ғаму андӯҳе, ки болои сари хонадони мо омад, миёни мо фарзандон ва Модари меҳрубонамонро ботамом шикаст.Ҳарчанд тақдири Худоро чора нест ва банда бояд пеши тақдири кашидаи Холиқаш мутеъ бошад, вале боз ҳам бо гузашти беш аз чандин сольо наметавонам бе дард ва бе оби дида он мусибати гарон, дарди бепадарирро таҳаммул кунам.
  Падарҷон, ман ҳама умр ба ёди ту месӯзаму месӯзам, аз ҳар куҷо нишони туро меҷӯяму меҷӯям.Падарҷон, илоҳо ҷоят ҷаннат, рӯҳат шод, манзили ахиратат ободу пурнур бошад! Мо фарзандон имрӯз аз надоштани Падарҷон дилбанд ҷигархуну озурда ҳастем, вале шукр аз он мекунем, ки Модари меҳрубон дорем ва чун чароғи хонадони мо Падар бирафт, пеши Худо дуо мекунем, ки Модари азизамонро, сутуни хонадони моро нигаҳбон бошад!
Водареғ!Ба хукми аҷал чора чист?
Мутеъ нагашта ба ҳуқми аҷал кист?
Худо доду,Худо гирифт ҷони он,
Ба моён тасалло деҳ,Худои Субҳон!

 Бирезад дар сари қабри ту оби дидахои ман
 Расад бар гуши арвоҳи ту Алҳамду дуои ман.
 Ту хомуши қатори рафтагони хоки хомушон,
 Вале дар чони ман хасти ьамеша хамсадои ман.

Имрузхо  мо  хама  фарзандон сарчаъм дар хонаи  Падар  омадем ва барои 70-солаги мавлуди падари бузургворамонро сари дастархон бо дустону наздикон,хешу табор бо ёди падари ша[идамон бо таасуротхои хубу гуворо бо оби чашм ва бо дуоххо аз Rуръони  мажид тиловат мекунем ва ёде аз гузашта карда рухи киблагохамонро  шод мекунем.
Инна-л-ҳамдалиллоҳи наҳмадуҳу ва настаъинуҳу ва настағфируҳу ва наъузу биллоҳи мин шурури анфусино ва мин сайи'оти аъмолино ман яҳдиҳиллоҳу фало музилла лаҳу ва ман юзлил фало ҳодия лаҳу ва ашҳаду ан ло илоҳа иллаллоҳу ва ашҳаду анна Муҳаммадан абдуҳу ва расулуҳу. Аллоҳумма салли ало Муҳаммадин ва ъало оли Муҳаммад
Падарxон илоҳо ҷоят ҷаннат, рӯҳат шод, манзили ахиратат ободу пурнур бошад!
Дар сина дил ситезад, омад мавлудат  бе ту
Об аз ду дида резад, омад  мавлудат бе ту.
Бе киблагоху бе ту, дар зери гардуни дун,
Шодй зи ман гурезад, омад мавлудат  бе ту.
Дар пуштаи мазорат, дар водии хамушон
Имруз сабза хезад, омад мавлудат  бе ту.
Дишаб, ки мегиристам дар гурбати ятими,
Борон ба шиша мезад, омад  мавлудат  бе ту.
  «Эй Парвардигори ман, ба ман илҳом кун (ва тавфиқ бидеҳ), то шукри неъматеро ки бар ман ва бар падару модарам инъом кардаӣ, ба ҷой орам ва то коре шоиста бикунам, ки ту аз он хушнуд шавӣ ва фарзандони маро солеҳ гардон! Ҳароина, ман ба сӯи ту тавба кардам ва ҳароина, ман аз мусулмононам.» Аҳқоф; 15
 Моро  зи  падар  ному  нишоне  бокист,
 Гар  чи  зи  ҷаҳон  рафт  нишоне  боқист!
 Дуо гӯйи  ҳамешаги  ҷигарбанат Шаҳлои Маҳмудзода.



2 комментария:

  1. Руҳи фарзанди фарзона, Раиси мӯҳтарам Маҳмуд Идиев шод ва охираташон обод бод. Худованд ба фарзандон ва пайвандонашон сабри ҷамил ва имони комил ато фармояд. Омин

    ОтветитьУдалить