Номахо

(Номаи  як бародар Парвизи Махди аз Руссия, ки хотироти худро навиштааст дар бораи падари бузургворам)


Мардони бузург чеx гох намемиранд.
  Хеч гох аз хотирам нахохад рафт! Як  руз  гусфандонро гирифта ба суи чарогох рафтам.Ногох  дидам ки як мард ва писараки ношиносе бо хамрохии чурахоям бо завк бози кардаисодаанд...
Ва ман ба наздашон омадам бачахо гуфтанд, шинос шав.Ин мард пеш омаду гуфт чура биё  шинос мешавем,ман акаи Махмуд ва ин писарам Шарафчон,Аз ин баъд мо хам бо хамрохии шумо (Гов ва гусфандонамонро) ба чарогох мебиёрем...
Ва ман бошам лахзае дар фикр мондаму бо худ гуфтам манн, ки ин мард Акаи Махмуд ин  номро чое дидаам  хамоне,ки дар газета дида будам.Ба рости ин хама мисли як филми афсонави дар пеши назарам чарх мезад...
Ва ба худ мегуфтам ин мард,ки раиси нохияи мебошад дар ин чарогох чи мекунад.
Бо хуши ва хурсанди ба Шарафчон ва падараш акаи Махмуд шинос шудем...
Дар чарогох ки аз хонаи акаи Махмуд он кадар дур набуд бисер дустонам ва бо шавку завки бисер бози мекардем.Хар бегох падари Шарафчонро дар он чо интизор будем...
Бегохи Аз кор, ки меомад киссахояш  пур аз ширини ба мо бачахо таксим мекард,бо хамрохии мо бачахо бисер шухию бозихо мекард...
Шарафчон ки нав ба деха омада буд  аспсавориро хуб наметонист.Мо уро дар байни 3-руз аспсавориро омухтем.Хурсандию бози чурагии мо хамто надошт...
Дар хона ва дар мактаб бо сари баланд бисер таъриф мекардем  аз  ин марди хоксор ..
Аз байн чандин  соли кудакиамон мисли як мичазадан гузашт...
Як рузи офтоб хаво софу бегубор буд.Баъди якчанд дакика борон сар шуд,мо хайрон шудем дар ин хавои бе абр борон ачиб.,.
 Ногох шунидем овози гирьяву фигон аз суи хонаи шумо.Хайрон шуда давида рафтем...Рафта  дидем,ки часади акаи Махмуд  пури хун  руйи  хавлин буд  ва  тамоми мардуми  нохия  дар ончо  дар фигон буданд!
Мо ки хурдсол будем аз тарсу аз ларза чи кор карданамонро намедонистем....
Хама марду зан гиря мекарднад Бо чашмони гирён мо дигар бо Шарафчон во нахурдем. Бо хамин Гусфандчарони  анчом ёфт.
Апачон бахшиш ки ман акаи Махмуд мегуям...
Вакте акаи Махмуд бо мо шинос шуд.Ба мо гуфт ман раис нестам ман чураи шумоям.Акаи Махмуд бо хамин хотири хоксорию одамдустиаш дар дили мо хамеша чун инсони хубу гамхор боки мемонад...
Хамшарики ва хамдардии маро ба хамдардии худатом кабул намоед.Акаи Махмудро Худованд рахмату махфираташ кунад ва чояш Чаннат бошад.
Парвизи Махди.


Номаи Шерали
Салом Шахло, хохарам. 
 Ман хам хамон кисмати ба хотири рухи падари шахидатонро дида будам, вале ба хотири нохун назадан ба ин торхои эхсосоти Шумо ва намак напошидан ба он догхоятон махсус аз ин мавзуъ канорачуи мекардам. Офарини Шумо, ки то хол чароги хонадони падарро шуълавар нигох дошта, бо ин солехи ва равшаннигории хеш ба рухи он кас пайваста дар табакхои булури савобу самара мефиристед. Мана ин аст нишони фарзанди хуб, ки аз кафои вай зикри хайр мекунанд.
Дар бораи рахматии киблагохатон хуб огахи дорам ва медонам, ки нихоят як инсони шариф буданд.Агар хато накунам он кас Раиси кумитаи ичроия дар Гарм будан.
Аз "кахрамонихо"-и ба ном "муборизони рохи ислом" хуб бохабарам, зеро авлодхои ман хам дар вакташ аз дасти ин авбошон хуб азоб дида буданд. Аввал захру зукуми "ин разилони беимонро"-ро чашида, баъдан дар азоби ин бефаросатон монданд. Аз дасти ин ба ном "мучохид"-хо на богу рог мон, на чорвои калону майдаи чамъияти, на биною иншоот. Шумо хуб кайд кардед, ки хамаи онхо сазои худро ба кадри амали кардаашон гирифтанд, вале бо амалхои хароми хеш бехтарин фарзандхои миллатро аз байн бурданд. 
 Як дусти падари ман буд, ки номаш Исломиддин буд, вале вайро хамагон бо лакаби "Чунгак" ном мебурданд. Бехтарин мутаххасис дар сохаи мубориза бо хашаротхоию касалии дарахт буданд. Вале аз дасти ин сияхдилон, ки аз кишлоки худи вай буданд, уро бурда сараш аз тан чудо намуданд ва танашро ба дарё андохтанд. Мо аз як инсони начиб ва мутахассисони бехтарин чудо шудем. Ин котилон намедонанд, ки маънии инсон худ як чахон маъни аст. Ин лаинон бо як тир касеро аз шавхар, касонеро аз бародар, чамъиятеро аз дустон ва аз хаёт абадан чудо мекунанд. 

Шуморо дар панохи Худованд месупорам . 
Бо эхтиром,
Шерали

9 комментариев:

  1. РОЗУ НИЁЗ
    Эй Худованди Меҳрубон, Худовандии хубу дилогоҳам! Ҳар рўзамро ба Ту месупорам, лутфан ноумедии дирўзамро дур кун. Ба ман кўмак кун то он чиро ки сабаби дарду ранҷам шудааст ва он чи маҳсурам мекунад, раҳоӣ ёбам. Ба ман кўмак кун то дубора шурўъ кунам ба кору эҷодам. Лутфан ба зиндагиям баракат бибахш ва зеҳнамро рўшан кун .Роҳнамою роҳбарам боши дар ҳама ҳолатҳо чун,ки танҳо ниёз ба Ту дорам эй Холиқи якто.. Худоҷонам! Ба ҳар кас ва ҳар мавқеияте, ки бо он рўбарў мешавам баракат бибахш. Аз ман инсоне бисоз, ки худат мехоҳӣ, кореро анҷом диҳам, ки Ту мехоҳӣ. Лутфан ба даруни қалбам нуфуз кун ва ҳамаи хашму дарду ранҷамро дур кун. Руҳамро ҷоне тоза бибахш ва зеҳнамро озод кун. Умедваорам маро дар ҳеҷ ҳоле танҳо нагузорӣ ва ба ман кўмак кунӣ, ки муроқиби афкору рафторам бошам ва ин лутфи бекаронатро шомили ҳамаи бандагон қарор диҳӣ. Худоҷонам! Иштибоҳамро ислоҳ кун, ғаму андўҳамро дур кун. Парвардигоро! Роҳро нишонам бидеҳ то битавонам роҳоҳи душвори зиндагиямро бикушоям. Туро сипос, ки ҳамаи андомҳоям дар ниҳояти саломат тандуруст ва нерўманд ҳастанд, раҳмати ту саршор аст, ба хотири ҳамаи алтофи ту сипосгузорам. Худоё! Дар шабҳои тира ситораҳои сабру таҳаммулро аз ман дареғ макун ва марзҳои рўшани субҳро ба поҳои хастаам нишон бидеҳ.
    Эй Худо поку беанбозу ёр,
    Даст гиру ҷурми моро даргузор.
    Гар хато гуфтем, ислохаш ту кун,
    Муслихй ту, эй ту султони сухун!
    Аз он рӯзе, ки инсон ба дунё меояд, зери бори қисмат умр ба сар мебарад. Дар зиндагӣ бадӣ бо некӣ омезиш меёбад, ҳамеша қалбҳои неки инсонӣ паи нестии бадӣ мекӯшанд. Худованд онеро дӯст медорад, ки хоксор аст, онеро, ки дар озори касе кӯшиш намекунад, онеро, ки дар роҳи худ рост аст… Дунё гузарон аст, танҳо баъди инсон некӣ боқӣ хоҳад монд ва ин некӣ ба қалби мардум ҷой хоҳад гирифт. «Эй Худованди хубу меҳрубон, эй Худои бахшандаву дастгир, эй паноҳи бепаноҳон, эй офаринандаи кавну макон, эй рўзидиҳандаи ҷондору беҷон, эй донандаи ошкору ниҳон ва эй он, ки ҳамаи ҳастӣ мадюни лутфу меҳрубонии туст. Дари лутфу меҳрубониятро бар рўйи мо бикшой ва моро аз раҳматат бенасиб нагардон»! Омин ё раббал оламин!

    Тўӣ анҷому оғозам Худоё,
    Ба Ту гўям фақат розам Худоё.
    Маро аз гавҳари пок офаридӣ,
    Ба номи поки ту нозам, Худоё.

    ОтветитьУдалить
  2. Ман он руз сари точвар доштам.
    Ки сар дар канори падар доштам.


    Падарчон чи гуна чашм боз кунему ба дуне нигарем,ки ту дигар дар ин дуне нести.Чигуна болу пар барорему ба суи Точикобод парвоз кунам,ки ту дигар ба пешвозамон намебарои.Падари нуронии мехнаткаши мо хамаи руи хавлиамонро гулу гулзор карда буду чашм ба рохи мо фарзандонаш дошт.Аммо мо кур шудему ба чои гулу гулзор дар сахни хавлиамон часади бечони падари нозанини пахлавони худро огуштаи хун дидем.Хайр чи илоч,зиндаги хает хамин будааст.Ба дуне омадану боз рафтан.Бахамин суханхо якдигарро тасалли медихем,таскин мебахшем.


    Рафтию талоши руху чонат бокист,
    Ёди ту чу чони хонадонат бокист.
    То мо ба чахон ному нишоне дорем,
    Махбуб падар ному нишонат бокист.

    Илохо хонаи охиратат ободу пурнур ва чаннатулфирдавс насиби рухи покат гардад.

    Рафти аз мо,эй падар ёдат ба хайр,
    Равзаи ризвон туро бод чои сайр.( Зулфия Идиева)

    ОтветитьУдалить
  3. Падар шинохтатару шарифтар асту модар мушфиқтару меҳрубонтар.
    Ҳазрати Расули Акрам (с) фармудаанд: «Падар шинохтатару шарифтар асту модар мушфиқтару меҳрубонтар».
    Абдуллоҳ ибни Масъуд (р) нақл мекунад, ки рӯзе аз Расули Худо (с) пурсиданд: «Кадом амал назди Худованд некӯтар аст?»
    Паёмбари гиромӣ (с) ҷавоб доданд: -Намозро дар вақташ гузоридан.
    Боз пурсиданд: -Баъд аз он кадом амал некӯтар аст?
    Гуфтанд: -Некӯӣ дар ҳаққи падару модар овардаанд, ки Расули Акрам (с) дар маҷлисе ба риояи ҳаққи падару модар ҳадиси дарозе нақл карда, дар охири сухан қасам ёд карда гуфтанд: Ба ҳаққи Худое, ки маро ба халқ пайғамбар кардааст, ҳар кӣ ба падару модари худ накӯӣ карда, аз худ розӣ гардонад, он кас дар биҳишт ҳамроҳи ман хоҳад буд. Марде аз он маҷлис бархоста гуфт: Ё Расулуллоҳ (с), маро дар овони хурдӣ падару модарам фавтидаанд. Чӣ тавр онҳоро аз худ розӣ гардонам?
    Ҳазрати Муҳаммад (с) фармуданд: Барои падару модари худ садақа кун, ё мӯҳтоҷеро таъом деҳ, қироати Қуръон кун ва намози фарзиро хонда, аз ақиби он барои мағфирати падару модар дуо кун. Аллоҳ Таъоло мустаҷоб карда, мағфират менамояд, агарчи онҳо гунаҳкор ҳам бошанд.
    Дар «Навоби ғул калима» омадааст, ки ҳар касе бомдод бархезад ва падару модар аз вай хушнуд бошанд, дари биҳишт барояш кушода мегардад. Агар фарзанд ба рӯи падару модар бо меҳрубонӣ нигарад ва бар эшон раҳм кунад, Худованди Таъоло савоби ҳаққи мақбул дар девони аъмоли ӯ сабт мегардонад:
    Бо модари хеш меҳрубон бош,
    Омодаи ҳурматаш ба ҷон бош.
    Бо чашми абад нигар падарро,
    В-аз гуфтаи ӯ мапеч сарро,
    Гар ҳар ду шаванд аз ту хурсанд,
    Хушнуд шавад зи ту Худованд.
    Муоз ибни Ҷабал (р) ривоят мекунанд, ки Мӯсо алайҳиссалом дар муноҷоти худ гуфтанд: «Илоҳо, маро васияте кун!» Нидо омад, ки «Ризои модар ҷӯй!» Ҳамин тавр то ҳафт бор нидо омад: «Эй Мӯсо (а), ризои модар ҷӯй ва ҳурматашро бишнос!»
    Марде назди Расул (с) омаду гуфт: «Ё Расулуллоҳ (с) , модари ман пир шудааст, бо дасти хеш нон дар даҳони вай мениҳам ва об медиҳам. Ӯро ба пушти худ мебардорам. Оё ҳаққи фарзандии худро адо кардаам?
    Пайғамбар (с) ба ӯ гуфтанд: - Аз сад якеро нагузоридаӣ. Лекин Худованд туро савоби бисёр медиҳад.
    Боре ҷавоне назди ҳазрати Муҳаммад (с), омада гуфт: «Ё Расули Худо (с), иҷозат диҳед, ки ба ғазо» (ҷиҳод) равам».
    Он Ҳазрат (с) гуфтанд: -Модар дорӣ?
    Ҷавон гуфт: -Бале, модарам ҳастанд.
    Паёмбар (с) фармуданд: -Бирав, ӯро нигаҳдорӣ кун, ки биҳишт зери қадами вай аст.
    Яъне,касеро модараш розӣ бошад, биҳишт ба ӯ наздиктар аст.
    Обрӯи аҳли дин аз хоки пои модар аст,
    Ҳарчи доранд ин ҷамоат аз дуои модар аст.
    Он чӣ дар васфи биҳишт фармуд Қуръони Карим,
    Соҳиби Қуръон бигуфто, зери пои модар аст.
    Дар як ҳадиси мубораки Расули Худо (с) омадааст: «Се тоифаро оташи дӯзах намесӯзад: Зане, ки итоаткори шавҳар бошад, фарзанде, ки барои падару модар накӯкорӣ кунад, шахсе, ки ба халқи Худо раҳм кунад».

    ОтветитьУдалить
  4. Зиндаги бошитоб мегузарад( Ёдоштхои Падар)
    Зиндаги бошитоб мегузарад
    Умр монанди об мегузарад
    Оре, Одами шогирде аст, ки дард ва андуҳ уро таълим медихад ва ҳеч кас бидуни эхсоси ин муаълим кодир ба шиносоии худ нест. Ин ҳама дарди бепадари моро фарзандонро хам таълим дод ,хам инсонҳоро шинохтем, ки чониян ё нони ин ҳама ангезаҳо дарси зиндаги буданд дар ҳайёти мо.
    Он чи аз панди Падари бузургворам омухтам мегуфт; Зиндаги худ як дарси ибрат аст шумо дар он мисли накош ҳастед ,ки бо кирдору рафтори худ онро накоши мекунед, кушиш ба харч диҳед ки накоши шумо бидуни ягон хатпок(хаткуркунак) бошад вакте,ки ба гузашта бармегардед ниёз ба хатпок надошта бошед.
    Коре ,ки тавоноии анчомашро ба фардо магузор зеро,ки имруз ҳамон фардое ҳаст,ки интизораш буди.
    Падарчони азизу меҳрубонам шукри Парвардигори оламиёнро мекунам,ки фосилаи каме,ки дар зиндаги бо мо буди аз шумо бисёр чизро омухтем ва то ҳол сармашки кору зиндаги худ кардаем.
    Эй падар аз бахри побусат салом овардаам
    Бо умеди раҳмати руҳат калом овардаам
    Дуст дорам , Эй падар бо ёди ту Точикободро,
    Сангу чубу хору хас, ҳар зарра гарди хокро
    Дар ин тули 14-сол, ки моро Падарчон тарк кардию хонаи охиратро ба худат авлодтар донисти мо факат шуморо ҳар лахзаю ҳар нафас ёд меорем бо тилловате аз сурахои Куръони карим руҳи шуморо шод мекунем ва ба ин худро тасало медиҳем,ки ҳама мо бандаҳо мирандаем ин дунёи фони ба кассе вафо накардааст факат як чиз мемондааст ин ҳам бошад номи неку аъмоли хуб.
    Номи неки рафтагон зоеъ макун,
    То нагардад номи некат бар забун.
    Зиндаю ҷовид монд ҳар кӣ накӯном зист,
    К-аз ақибаш зикри хайр зинда кунад номро
    Хотироти бисёре дорем Падарчон аз шумо,ки соатҳо киса кунам тамом намешавад вале баъзе хотиртҳое ҳастанд,ки ҳамеша пеши чашмонамон мебиёянд.
    Бахше аз ин хотироти неке ,ки барои мо дарси ибрату зиндаги шуданд!( августи 2010)

    ОтветитьУдалить
  5. Чуноне аз ояти карима фаҳмида мешавад, ба падару модар на танҳо шафқату меҳрубонӣ, балки барои шукру сипоси хубиҳои онҳо рӯ ба Худои тавоно оварда, аз Ӯ бихоҳӣ, то ононро мавриди раҳматаш қарор диҳад, зеро вақте ки онҳо ба ту раҳму шафқат менамуданд, бисёр заифу нотавон будӣ, ки ҳатто магасеро аз худ наметавонистӣ дур созӣ. Дар ин бобат шайх Саъдӣ мефармояд:
    Эй тифл, ки дафъи магас аз худ натавонӣ,
    Ҳарчанд ки болиғ шудӣ, охир на ҳамонӣ?
    Шукронаи зӯровариву рӯзи ҷавонӣ,
    Ин аст, ки қадри падари пир бидонӣ.
    Некурафторӣ ба падару модар сабаби ноил шудани фарзанд ба биҳишти ҷовидон аст, аммо оқи волидайн дар оташи дӯзах хоҳад сӯхт.Дар бораи эҳтироми падару модар ҳар қадар сухан гӯем кам аст, зеро ин мавзӯъро Худованди пок дар чандин ҷой, бо таваҷҷӯҳи хосе зикр намудааст. Масалан дар сураи Нисо, ояти сию шашум мефармояд: « Ва бандагӣ намоед Худоятонро ва барои ӯ шарике қарор надиҳед ва хубӣ намоед ба падару модар…». Абдуллоҳ ибни Аббос дар тафсири ин оят мегӯяд: « Иродаи Парвардигор ин аст, ки инсон нисбат ба падару модар бо меҳрубонӣ ва фармонбардорӣ некӣ намояд, дар ҷавоби падару модар дурушту бадмуомила набошад, ба онҳо хира нангарад ва овоз баланд накунад, балки шоиста ин аст, ки фарзанд бо як тавозӯъ ва шикастанафасии хоса, чун ғулому хидматгор дар баробари хоҷа, дар хидмати падару модар камар банданд. Дар сураи Исро оёти 23-24 мехонем: « Парвардигорат муқаррар дошт,ки ҷуз Ӯро напарастед ва ба падару модар некӣ кунед. Ҳар гоҳ то ту зинда ҳастӣ ҳар ду ё яке аз он ду солхӯрда шаванд, ононро маёзор ва ба дуруштӣ хитоб макун ва бо онон ба икром сухан бигӯй. Дар баробарашон аз рӯи меҳрубонӣ сари тавозӯъ фуруд овар ва бигӯ: Эй парвардигори ман, ҳамчуноне ки маро дар хурдӣ парвариш доданд, бар онҳо раҳмат овард ».

    ОтветитьУдалить
  6. Ба Президенти, Асосгузори сулҳу ваҳдати милли, Пешвои Миллат Ҷаноби Оли муҳтарам Эмомали Раҳмон.
    Иди Сулху ваҳдати милли муборак бошад!
    Ваҳдат - беҳтарин неъмат, ҳаёти инсон, орзуву армон, таҳкими давлат, наҷоти миллат, рушди тоҷикон, нумуи даврон, ҳастии инсон дар ҳар замину замон аст.
    Дар ҳақиқатан ваҳдати Милли шукуфоии ватан аст, зеро дар давлате, ки сулҳу амони ва дӯсти ҳукум фармост он давлат рӯз то рӯз гул–гул мешукуфад, иқтисодиёташ тадриҷан рушд мекунад ҳам аз ҷиҳати сиёси ва ҳам аз ҷиҳати фарҳанги пеш меравад. Маҳз бо кушишу талошҳои пайгиронаи Шумо пешвои Миллат Эмомали Раҳмон Миллати парешон сарҷам омад, мамлакат обод шуд, Тоҷикистони азиз ба чор самти дунё роҳёфт, ва имрӯз дар чеҳраи ҳар як фарзанди Тоҷик нишоту хурсанди, дӯстиву рафокати якдигар фаҳми падидораст, ва ин хизматҳои роҳнамои Миллатамон-Эмомали Раҳмон дар назди таърих ва Миллат беназиру бузург буда номи ин абармарди Миллатамон дар ёдномаи таърихи Тоҷикон абадуддаҳр боқи хоҳад монд!
    Аз Ватани худ ифтихор менамоям. Ифтихор аз он дорам, ки Ватани манро ҷомеаи ҷаҳонӣ бо таклифоту пешниҳодоти сулҳовараш мешиносад. Ифтихор аз он дорам, ки Ватани ман Тоҷикистон ном дорад, Тоҷикистоне, ки мардуми он тоҷ ба сар буда, таърихибузург дорад, мисли онро таърих ёд надорад. Ифтихор аз он дорам, ки тоҷикаму аз Тоҷикистони .
    Шукр аз ваҳдати миллӣ менамоянд, шукр аз ваҳдате менамоянд, ки он барои миллати тоҷик арзиши гарон дошт, шукр аз ваҳдате менамоянд, ки бар ивази ҷони садҳо ҷавонони ҷавонмарги ба ору ба номуси халқи тоҷик ба даст омадааст, шукр аз ваҳдате менамоянд, ки он бе бозгашт асту ба халқи тоҷик хушбахтиҳо овардааст, шукр аз ваҳдате менамоянд, ки он имрўз мароми тамоми халқи тоҷик гардидааст.


    ОтветитьУдалить
  7. Муҳтарам Падари Бузургвор, ғамхору оқилу донои миллати тоҷик, Асосгузори сулҳу ваҳдати милли, Пешвои Миллат муҳтарам Ҷаноби Оли Эмомали Раҳмон. Ман Шаҳло Маҳмудзода Идиева фарзанди якеаз фарзандони сарсупордаи ватану миллат раиси Ҳуқумати ноҳия Тоҷикобод дар солҳои 1990 то 1996 Идиев Маҳмуд мебошам. Падари бузургворам дар солҳои душвортарин солҳои ҷанги шаҳрванди ягона роҳбаре буданд дар митанқаи Раштонзамин, ки то лаҳзаҳои охири умрашон бо халқ буданд ва барои сулҳу ваҳдати миллат ҷони худро дареғ надошта дар зери пои халқ қаҳрамонона ҷон ба шаҳодат додан аз дасти як гуруҳ хоинҳои миллату ватан.
    Падари бузургворам, Маҳмуд Идиев 24 июни соли 1942 дар водии Раштонзамин, ноҳияи Тоҷикобод, деҳаи Кучакзеҳ чашм ба дунёи ҳастӣ кушода, овони кӯдакию беғашиаш дар куҳистони зебоманзар, дар канори дарёи Сурхоб гузаштааст.
    Фаъолияти кориашон аз овони дар мактаби миёна хонданаш аз соли 1957 ба сифати ёвари бригадири деҳа оғоз гашта буд.
    Соли 1960 ба Донишгоҳи педагогии ба номи Т.Г. Шевченко дохил шуда, онро соли 1965 бо муваффақона бо ихтисоси географ-биолог хатм намудааст. Худи ҳамон сол ба зодгоҳаш баргашта, дар мактаби №19 деҳаи Тоҷикобод ба ҳайси муаллим ба кор шуруъ мекунад. Дар тӯли ҳаёташ вазифаҳои гуногуни роҳбари кунандаро бар дӯшдошт:
    Соли 1969 Директори мактаби миёнаи №14, деҳаи Фатҳобод,
    Соли 1973 Котиби ташкилоти ҳизбии совхози“ҲаётиНав”,
    Соли 1975 нозири (Инструктори) комитети ҳизбии ноҳияи Ғарм,
    Солҳои 1976-78 шунавандаи мактаби олии ҳизбӣ дар шаҳри Т Тошканд,
    Соли 1979 Мудири шуъбаи ташкилии комитети ҳизби ноҳияи Ғарм,
    Соли 1983 Раиси назорати халқии ноҳия Ғарм,
    Соли 1986 Раиси комиҷроияи Шӯрои депутатҳои халқи ноҳияи Ғарм,
    Аз 5 августи соли 1991 то 1996 Раиси ҳукумати ноҳияи Тоҷикобод.
    Шодравон падарам низ дар қатори дигар аз фаъолони водӣ тамоми фаъолияти кори худро баҳри ободонии Ватаниа зиз, ба хусус рушду равнақи води Раштонзамин бахшида аст. Корҳо ва меҳнатҳои шоёни падари бузургворро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ордену медалҳо ва ифтихорномаҳою мукофотҳои зиёди давлатӣ қадрдонӣ кардаанд.

    ОтветитьУдалить
  8. Ба ҳама он сахтиҳову мушкилоти он рӯзҳои фоҷиабор нигоҳ накарда, қиблагоҳам лаҳзае фориғ азк ор набуд, балки ба таҳдиду зӯроварии силоҳбадастон нигоҳна карда, корро пеш бурд ва бил охира ҷони азизи худро барои сулҳу ободии Тоҷикистони азиз қурбон кард. 1 августи соли 1996 аз дасти як гуруҳ қотилони силоҳбадасти ноҷавонмард, хоинҳои миллату ватан ба қатл расонида шуд.

    Дар ҳадиси Паёғамбар (с.а.с) омадааст:”Онҳое, ки дар роҳи сулҳу осоиштагӣ қавмҳо ҳалок мегарданд Шаҳиди барҳақанд”.
    Падараи азизам аз ҷумла раҳбароне буд, ки дар байни обу оташ фаъолият намуд. Вай дар вохӯриҳо бо сарварони мухолифини тоҷик ,бо сарварони Фронти Халқӣ нотарсона баромад карда мардумро ба якдигарфаҳмӣ, сулҳу оромӣ даъват менамуд. Вай марди сулҳхоҳ ва сулҳҷӯй буд. Бисёр талош мекард, ки хуни одамони бегуноҳ нарезад ва миллати тоҷик нест нашавад. Барои пойдор гардидани сулҳи кӯшиши бисёр ба харҷ дод.Ташани сулҳи Тоҷикистон буд. Вале афсус сад афсус, ки ин сулҳу ваҳдате, ки бо кушишҳои зиёди шумо Љаноби Олї ба даст омад надиданд.
    Ҳаёт бо маром пеш меравад, бо пастиву баландиҳояш, талхиву шириниҳояш, ботамоми ҳастияш пеш меравад, ба сўи умеду орзуҳо, ба сўи фатҳи қуллаҳои нав ба навизиндагӣ.Нафаси озоди Ватан ва ободии он калиди дари иқболи мост.
    Ин рӯзҳои ҷашни Ваҳдати миллӣ ба 75 солагӣ мавлуди падари бузургворам рост омадаст. Аз ин рӯй як хоҳиш доштам мухтарам Љаноби Олӣ аз Шумо, ки барои зинда кардани номи родмардони фидоии миллат дар ин арафаи иди Ваҳдати милли кори хайре карда ёдбуди ин гуна ашхосро дар арафаи ин иду аём гузаронед. Хотираи неки гузаштагон ва одамони бузаргро ёдоварӣ намудан яке аз сунатҳои хуби аҷдодони мо тоҷикон мебошанд. Дар ҳадиси паёғамбар Муҳаммад саллалоҳ алаҳӣ ва олиҳӣ ва салам омадааст, ки ”Хушбахт он кас, ки аз саргузашти дигарон панд гирад”.
    Бисёр мехостам, ки Ёдбуди падари бузурговарамро дар ноҳияи Тоҷикобод гузаронанд, ва як баронамае аз кору хизматҳои шоёни падар дар шабакаҳои телевизонии кшвар пахш кунанд то, ки мардум бидонанд ва бишносанд инсонҳоеро ,ки барои сулҳиТоҷикистон ҷон додаанд.
    Ман умед доштам, ки хизматҳои шоёни падарамро ба инобат гирифта 70 солагиашонро дар ноҳия дар ба шакли як ҷаласа ё ёдбуде мегузаронанд вале ҳайҳот, ки ба ёди касе он рӯзҳо ин рӯз нарасид. То ҳатто бо як номае ҳам ёдовари накарданд. Аз байн 5 сол гузашт имсол ҳам мисли солҳои гузаштана на садоею на нигоҳе ба руҳи ғурамаргони шаҳиди роҳи озодӣ. Аз ин рӯй ман тасмим гирифтам ,ки номаи ба шумо муњтарам Љанобӣ Олӣ нависам, ки Шумо худ хуб медонед хизматхои падари бузургвори маро ва дар сафарҳои хизматие, ки доштед он солҳои мудҳиш ба ноҳияи Тоҷикобод ва дидан карда будед аз ҳоли мардуми ноҳия ва корҳои шоистаи роҳбари ин минтақа Маҳмуд Идиев.

    ОтветитьУдалить
  9. Муҳтарам Падари Бузургвору ғамхори миллати тоҷик, Асосгузори сулҳу ваҳдати милли, Пешвои Миллат муҳтарам Ҷаноби Оли Эмомали Раҳмон, аҳли оилаи мо шуморо доимо њамчун як падари мушфиќу ѓамхор ҳар даму ҳар нафас дар ҳақи Шумо даст бар дуо мебардорад, то ки тани шумо ҳамеша сиҳату саломат бошад, ҳамеша чунин зебову ҷавону шуҷоъ бошед, ҳамеша соябони сари тамоми тоҷику Тоҷикистониён бошед, ки маҳз бо заҳматҳову талошҳои Шумои Бузург имрӯз давлати мо рӯз аз рӯз зебову рӯ ба тараққи оварда истодааст, тамоми давлатҳои дунё ба шарофати Шумо моро шинохтанд ва иззату ҳурмат мекунанд, дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ пешравиҳо ва муҳимаш он ки давлати тинҷию ороме, ки мо дорем аз шарофати шумо ягон давлати дунё инро надорад, ба ҳамаи ин тинҷиву сулҳусуббот ба Шумо миннатдори ҳамешагии худро баён менамоем. Хизматҳои арзандаи шумо ҳатман дар таърихи халки тоҷик бо ҳарфҳои зарин навишта мешавад ва ҳар як фарди Ҷумҳурии азизамон ҳамеша пос медоранд ва аз шумо ҳамеша миннатдор мебошем.

    ОтветитьУдалить