Ёдоштхо


БИГУ МОРО ЁД КАРДАИ  ПАДАРЧОН
      Дуруд ба руҳи покат эй нури дида эй оромиши дили фарзандон эй қиблагоҳи азиз Падари ба ҷону дил  баробарам. Ҳар лаҳза  аз оине,ки моро падруд гуфтаи дар назарам, ки ҳозирдарро кушода бо  ҳамон  чеҳраи  кушоди   нурони  бо  ҳамон  лутфу  меҳрубони    ворид хонаи ман мешаведу ба мисли ҳар вақта садо мекунед:”Шаҳлоҷон  куҷои ҷони  дадаш”, вале ҳайҳот,ки ин ҳама хаёлоти ширини ман бо ёди шумо  падарҷон  ҳастанд.                                                                    Имшаб туро ба хоб дидам. Аз рӯят нур меборид. Дар боғе, ки худ бунёд карда буди ва мегуфти,ки барои фарзандону набераҳоям тамоми меваро  шинондаам,киомада  аз ин меҳнати дастони  ман  истифода баранд  сайр мекарди.  Ба сӯи ман табассуми ширине кардиву чизе нагуфти.
  Ёд дори падарҷон ҳар иду айём ба хонаи ман бо дастовезҳои зиёде меомади барои Шаҳзоду Суҳайло туҳфаҳои бисёр меовард,ки то ҳол харчанд хурд буданд ҳам дар ёдашон ҳаст ва ҳамон тухфахоро бинанд мегӯянд баҳасрат,ки инхоро Бобоҷонам овардаги буданд.Акнун ҳозир,ки нести касе ба мо мисли шумо меҳрубонона аз  дар намедарояду туҳф ҳам намеорад маро бо У садои хушат дигар садонамекунию  суйат намехони  падарҷон.
     Ҳар гоҳ,ки дар куча касеро мебинам ҳамроҳи падараш ба ҳавас  менигараму  рӯзхои  гузаштаро  бо  шумо  падарҷон  ба хотир меорам, ки ,ҳамроҳат дар гулгашту  хиёбонҳои Душанбе сайр карда будам. 
   Насиҳату  суханат ҳамин буд доимо;"Ки хонед, омӯзед  дар зиндагӣ муҳтоҷи касею чизе нашавед" .Шукронаи  Яздони пок,ки ҳамаи мо  фарзандонро соҳиб маълумот кардию аз илмҳои  дунявӣ  бохабарамон  сохти  дар зиндаги  роҳи  некро нишон  доди.
Вале, афсус сад афсус ,кимо  фарзандонро ,ки бо  ҳазор  ноз парваридию соҳиби ҳама чиз карди дар зиндагӣ Шуморо ҳарчанд мекобем, аммо намеёбем Падарҷон, ки пиёла чой диҳем.Ту нести  ки  аз   ин  дарахтҳои шинондаат баҳравар шави дар давлати писарҳою дар оғӯши  набераҳоят  зиндагӣ  кун.  Ба  ин  аҷал  роҳ  надод: "Аз омадани марг ҳеҷ шаке нест".Дунё гузаронасту,фониё бе бако”.

Куштандат, о ҷону ҷигар, эй ҷашну суру иди ман,
Куштандат, о нури басар, эй бар замон тамҳиди ман,
Эй фахри ман дар зиндагӣ аз диду аз нодиди ман,
Хоки ду олам бар сарам, бар ин сари испеди ман.

На хотире ранҷондаӣ, на бар касе бад кардаӣ,
На ҳаққи мардум хурдаӣ, на моли мардум бурдаӣ,
Ҳатто дили як мӯрро н-афсурдаӣ, н-озурдаӣ,
Бояд бимиранд ин сагон, боре чаро ту мурдаӣ?

Қуте агар ҳам хурдаӣ, ғамҳои мардум будааст,
Дарду ғами имрӯзаву фардои мардум будааст,
Дар синаи дардошноят ҷои мардум будааст,
Чун ҳафт пуштат аз азал малҷои мардум будааст.

Тире, ки зад бар синаат, бар мағзи ҷони ман расид,
Тире, ки зад бар синаат, бар синаи меҳан расид,
Зеро камон бар қабзаи бедонишу бефан расид,
Зеро камон андохтан бар зумраи кавдан расид.

Ёраб, ту огоҳӣ аз ин пешомади ногоҳи ман,
Ёраб, бубин ҳоли ману ин қабзаи кӯтоҳи ман,
Ёраб, шунав рӯзу шабон ин нолаи ҷонкоҳи ман,
Гар кунам ёди Падар ду чашми ман гирён шавад,
Гар кунам ёди Падар ин қалби ман бирён шавад.
Ӯ намедиҳад  дигар бар ман дуою фотиҳа,
Алвидоъ  эй падар  то рӯзи  дидор алвидоъ.
Бар синаи қотил бизан шамшеру тири оҳи ман!

«Эй Парвардигори ман, ба ман илҳом кун (ва тавфиқ бидеҳ), то шукри неъматеро ки бар ман ва бар падару модарам инъом кардаӣ, ба ҷой орам ва то коре шоиста бикунам, ки ту аз он хушнуд шавӣ ва фарзандони маро солеҳ гардон,ки номбардори Падари азизамон бошанд.Ҳароина, ман ба сӯи ту тавба кардам ва ҳароина, ман аз мусулмононам.»
Мо фарзандон ҳамарӯза аз Худованди  Мутаъол талаб мекунем, ки манзили охирати падарамон ободу ҷояшон ҷаннатул маъво бошад.

1 комментарий:

  1. Падари меҳмондустам!

    Солхои 1982-1983 буд . Дар ноҳияи Гарм раҳмати падарам ҳамон солҳо Раиси Шуро буданд.Ва мо дар маркази ноҳияи Гарм зиндаги мекардем.Падарам бисёр мехмондустор буд. Рузе набуд ,ки танҳо хона биёяанд, ҳар нисфирузи вакти хурокхури ягон рафикашро ҳамрохаш гирфта хона меоварданд.
    Ҳар рӯза барин имруз ҳам ҳамрохи падарам рафиконаш, Мусаяб Умаров , Ахмадбек Лоиков ва Мирзо Мухаммадназаров меҳмон шуданд. Мо ки фарзандон хама дар макатб мехондем, модарам ҳам муаллима будан барои ҳамин ба меҳмонхо дар меҳмонхона доимо дастархон тайёр мекардему болояшро мепушонидем,ки ҳамеша омода бошад.
    Ман ки ҳамон руз барвактар аз дарс омада будам омодаи хурок тайёр куни будам ,ки ҳамаи аҳли оила омада хуроки нисфирузиро хуранд. Хамин лаҳза занги телефон шуду пардачонам гуфтанд,ки ягон хурок омода кун, мо ҳозир меравем. Пас аз лаҳзае бинам,ки ронандаи падарам пештар омаданд дар як халта гулмоҳи оварданду гуфтанд,ки инро ҳам пухта тайёр кунед барои мехмонҳо.
    Ман, ки то ин вакт ҳамеша ҳамрохи модарчонам хурок мепӯхтам,ягон бор моҳи бирён худам напухта будам, чи карданамро намедонистам аз кучо сар кунам.Дасту похурда шуда будам,ки мабода,ки назди меҳмонҳои падарам аз уҳдаи ин набароям..
    Ҳамин ла[за бинам,ки акаи Мирзо рӯҳашон шод бошад,ки дар ҳамсоягии мо зиндаги мекард бо даъвати падарам омада расиданд. Дид,ки ман танҳо дар ошҳона моҳиҳоро тоза карда истодам гуфтанд,ки Шаҳло инкарад моҳи бисёрро чи тоза карда меисти барои 4,нафар 2кг басанда аст. Биё ман ёрдам мекунам тезтар мешавад. Хамин лаҳза чунон хурсанд шудам,ки акаи Мирзо ,ки дар пухту паз устоди хубе буд ва ҳамто надошту маҳорати баланди ошпази доштанд акнун аз онхо сири бомазза пухтани моҳибирёнро ёд мегирам.{амин хел ҳам шуд якчоя бо акаи раҳмати Мирзо то омадани падарчонаму меҳмонҳо як табаки калон моҳибирён аз гулмоҳои дарёи Сорбог тайёр карда болои миз гузоштем. Меҳмонҳо ҳам омадан.Падарчонам аз дар бо як руҳи болида бо даҳони пур аз ханда бо он rаду rомати баланду он чеҳраи нурони вориди ҳавли шуданду садо карданд,ки Шаҳлочони дадаш мо омадем, акнун хурокҳои пухтагиатро баҳо медиҳем.Шӯрбои ман ки тайёр буд аввал аз хомшурбо ним косагӣ баъдан моҳибирёнро хурданду маро таърифу раҳмат гуфта рафтанд.Раҳмати Падар доим дар хона байни мо фарзандон мусобиқа мегузош дар корҳои хона, кассе беҳтар ичро мекард соҳиби туҳфаю меҳрубонии падар мешуд аз ин руй доим кушиш мекардем,ки чи фармоише мекунанд падару модар ба хуби ичро кунем то ки таърифу туҳфаҳои Дадачонамро соҳиб шавем.
    То ҳол кадом вате,ки моҳибирён пазам ҳамин лаҳза пеши руйям мебиёяд ва мегуям,ки моҳибирёнро ба ман раҳмати акаи Мирзо ёд дода буд.Худованд дар раҳмати Худо бошанд ҳамаи онхое,ки моро аз ин дунё тарк кардаанд.
    "Аз Аллоҳ бубин, ҳар он чӣ меояд ба сар, Бе ризои Ҳақ намехезад зи санги ҳам шарар", Худоё ҳар кӣ ба ту раҳ ёфт, равшан шуд ва ҳар кӣ ба ту паноҳ бурд, паноҳ ёфт. Ва ман ба даргоҳи ту паноҳ овардаам, пас ту эй Худо ҳусни занни маро ба раҳматат ноумед масоз ва аз фурўғи раъфату иноятат маро маҳҷуб магардон. Худоё, ба ман диле ато кун, ки муштоқи мақоми қурби ту бошад ва забоне, ки сухани сидқаш ба сўи ту боло равад ва назари ҳақиқате, ки тақарруби ту ҷўяд.

    ОтветитьУдалить