понедельник, 13 июня 2016 г.

Ашк дар чашмони ман туфони ғам дорад ҳануз,
Ханда бар лаб мезанам то кас надонад рози ман..
     Ғами кӯҳи азими донишу хирад аст. Ғам онеро, ки одам асту аз ин олам аст, ҳамеша ҳамсафару ҳамроҳ хоҳад буд.Ҳазли воқеӣ дар пушти худ ғам дорад; ҳамон «ханда дар пардаи ашк»                                                                                                           Ғам низ чун шодӣ барои худ худое дорад,Пас зинда бошад, мисли шодӣ ғам.


                  Гарчи аз ғам дили ман пора шуда, боке нест,                             
 Меҳри бепоёни Ту қалби маро дармон аст. 

Ғам ҳар чӣ хост бо мани таслим мекунад,

Аз шери мурда зоғ куҷо бим мекунад.

       Вакте ки дилат бо Худост, бигзор хар кас мехохад дилатро бишканад. 
Вакте ки таваккулат бо Худост, бигзор хар чи кадр мехоханд бо ту беинсофи кунанд. 
Вакте умедат Худост, бигзор хар чи кадр мехоханд ноумедат кунанд. 
Вакте ёрат Худост, бигзор хар чи кадр мехоханд норафик шаванд. 
Хамеша бо Худо бимон, мехрабонтарин ёр дар ин дунё парвардигор аст.

Бигзор ки дарҳо ҳамаги баста бимонанд, 
Вақте ки нигоҳе нигарон пушти даре нест...


Агар хоҳи, ки хушбахтона зиндагӣ намои, ҳаргиз мунтазири касе набош!... 
танҳо мунтазир набош....агар бароят буд, ҳатман бар ту хоҳад расид ва агар бароят набуд, пас лоиқ нест, ки вақти қиммат ва ҷавонии худро дар интизориҳои беҳуда сарф намоӣ. 

Хушбин_бош ва барои расидан ба орзӯҳоят кушиш намо, зеро ба интизор нишастан чизеро ба даст оварда намешавад.
Ҳазорон шукр гуям зиндагию бешу камҳояш,Ҳазорон шукр гуям зиндагию шоду ғамҳояш.Гар набошад кам бе арзиш бувад қадри зиёд,Гар набошад ғам беарзиш бувад қадри нишот.Гар набошад ҷаҳл  қадри ақл кай гардад аён,Гар набошад бад нек як умр монад бенишон.Қадри гарму хуррамӣ набвад надида сардро.Қадри офият куҷо бошад тани бедардро,Шукр гӯй Маҳфӯз ба арзону гарони рӯзгор,Шукр гӯй бо ҳарчӣ мебошад ризо Парвардигор.

Комментариев нет:

Отправить комментарий