Шеърҳо

Падарамро куштанд. 
Осмоно! 
Падаро! 
Бепадароне падарамро куштанд. 
Падари оқилу соҳибназарамро куштанд, 
Падари қобилу соҳибҳунарамро куштанд. 
Дилу ҷону ҷигарам сӯхт тамом,
Дилу ҷону ҷигарамро куштанд. 
Осмон бо ҳама ахтарҳояш, 
Ин ҷаҳон ба ҳама манзарҳояш, 
Ин замон ба ҳама сарварҳояш 
Тираву тор чу гӯристон аст, 
Саҳару шом маро яксон аст. 
Шуълаи бому дарамро куштанд, 
Нури шому саҳарамро куштанд. 
Наъши хунини падар дар назарам, 
Хоки олам ба сарам! 
Ашки хунин бичакад аз басарам. 
Тири ноҳақ, ки адӯ бар ҷигари ӯ зада буд, 
Мехурад ҳар нафасе бар ҷигарам. 
Ҷавҳари маънии дунё, падарам, 
Падарам, во падарам, во падарам! 
Ҳар гаҳ аз паҳлӯи гӯраш гузарам, 
Ё ки бар сабзаи хокаш нигарам 
Хешро хуфта дар оғӯшаш сард, 
Хешро низ шаҳиде шумарам. 
Шамъи ҷамъияти дилҳо буда, 
Дар дили мақбара танҳо, падарам, 
Падарам, во падарам, во падарам! 
Падарамро куштанд – 
Иршодгарамро куштанд. 
Баҳри парвози баланде сӯи эъҷози баланд 
Шоҳпарамро куштанд. 
Осмоно! 
Падаро! 
Худ туӣ бедодгаро! 
Ки на танҳо падарамро кушатнд, 
Миллати номварамро куштанд! 
Ман дигар танҳоям, 
Ман дигар бекасу бефардоям. 
Сояам, сояи худфарсоям. 
Падарам рафт, ба худ чун оям? 
Осмоно! 
Падаро! 
Бебасаро! 
Беҳунаро! 
Падарамро, падарамро, падарамро куштанд, 
Сипарамро, сипарамро, сипарамро куштандю.
Куштандат, о ҷону ҷигар, эй ҷашну суру иди ман,
Куштандат, о нури басар, эй бар замон тамҳиди ман,
Эй фахри ман дар зиндагӣ аз диду аз нодиди ман,
Хоки ду олам бар сарам, бар ин сари испеди ман.

На хотире ранҷондаӣ, на бар касе бад кардаӣ,
На ҳаққи мардум хурдаӣ, на моли мардум бурдаӣ,
Ҳатто дили як мӯрро н-афсурдаӣ, н-озурдаӣ,
Бояд бимиранд ин сагон, боре чаро ту мурдаӣ?

Қуте агар ҳам хурдаӣ, ғамҳои мардум будааст,
Дарду ғами имрӯзаву фардои мардум будааст,
Дар синаи дардошноят
ҷои мардум будааст,
Чун ҳафт пуштат аз азал малҷои мардум будааст.

Тире, ки зад бар синаат, бар мағзи ҷони ман расид,
Тире, ки зад бар синаат, бар синаи меҳан расид,
Зеро камон бар қабзаи бедонишу бефан расид,
Зеро камон андохтан бар зумраи кавдан расид.

Ёраб, ту огоҳӣ аз ин пешомади ногоҳи ман,
Ёраб, бубин ҳоли ману ин қабзаи кӯтоҳи ман,
Ёраб, шунав рӯзу шабон ин нолаи ҷонкоҳи ман,
Бар синаи қотил бизан шамшеру тири оҳи ман
!

Падарам, Қаҳрамони ман буди...

Замоне бе баҳона умр ба сар мебурдам,
Ғаме ба дил надоштаму ғаме намехӯрдам.
Баҳори умри ман пур аз гулу тароват буд,
Агар ҳамеша чунин мебудӣ, намемурдам.

 Ҳамон замон падари зуру тавоно доштам,
Ба боғи ақл тухми орзуҳо мекоштам,
Падарам - қиблагоҳ беҳтарин Инсон будӣ,
Худоё, кош ӯро то абад медоштам.

 Падари боҳунари ман, падари бонангам,
Зи баъди рафтани ту, бо ҳаёт дар ҷангам.
Замони бо ту будан, ахтари само будам,
Замони бе ту будан хоки сиёҳам, сангам.

 Падарам, оҳ падари меҳрубону дилсӯзам,
Ба ёди ту зи баъди сӣ сари сол месӯзам,
Дигар баробарии рӯзу шаб ба ёдам нест,
Ки даргурез буд зи ман, баҳору Наврӯзам.

 Ту бо ҷаҳони розу ниёзат, ҷаҳони ман буди,
Падарам, беҳтарин падар ту қаҳрамони ман будӣ,
Надидаам ба ҷаҳон мисли ту дигар падаре,
Падарам, шоҳбайти достони ман буди.

 Ба ёди ту, падари ҷон, баҳор мегиряд,
Гули Зарде миёни лолазор мегиряд.
Ту он падар буди, ки ифтихори ман ҳасти,
Ба ҳоли зори мани зор, ёр мегиряд.

 Падари раҳматиям, раҳмати Худо бо ту,
Ҳамеша бо туям ба ёдҳо, ҷудо аз ту.
Савори аспи саманди диёри орзуҳо,
Ду байт чист, ки ҷон мекунам фидо бар ту.

3 комментария:

  1. Падари меҳрубону ғамхоро,
    Кӣ хурад баъди ту ғами моро?

    Баъди беморие, ки бирбудат,
    Зиндагонии мост беморо.

    Рӯзи ту буд кӯтаҳу рафтӣ,
    Рӯзи мо рӯзи мост душворо.

    Рӯҳи ту зери хок ором аст,
    Рӯҳи мо рӯи хок абгоро.

    Зери як пора хора хобидӣ,
    Баҳри мо мондӣ кӯҳи хороро.

    Мо надидем чеҳраи гармат,
    Дар қиёмат бимонд дидоро...

    ОтветитьУдалить
  2. Падарҷонам куҷо рафти?


    Сафои дину имонам,падарҷонам куҷо рафти,

    Тассалои дилу ҷонам, падарҷонам куҷо рафти.

    Навозишҳои гарми ту ба ёдам мерасан ҳар дам,

    Дар ин дунё саробонам, падарҷонам куҷо рафти.



    Ғаму дарди ниҳонамро намедонам ба ки гӯям,

    Зи роҳи рафтаат нақши қадамҳои ту мечӯям.

    Ба ғайри Модари зорам набошад шахси ғамхорам,

    Дареғо нести андар сари мо эй дуо гӯям.



    Аз ин дунё ҷавон рафти, чу тире аз камон рафти,

    Саропо мурги ҷон гашти, ба сӯи осмон рафти.

    Кашиди заҳмати бисёр барои хонадони худ,

    Зи назди хонадон ногаҳ канори хокдон рафти.



    Бирезад дар сари қабри ту оби дидаҳои ман

    Расад бар гуши арвоҳи ту Алҳамду дуои ман.

    Ту хомуши қатори рафтагони хоки хомушон,

    Вале дар ҷони ман ҳасти ҳамеша ҳамсадои ман.

    ОтветитьУдалить
  3. Падардорӣ ба фарзандон бувад як давлате охир,
    Падардорӣ ду-се рӯзе бувад як неъмате охир,
    Писарҳо бо падарҳо мешаванд мардони ботадбир,
    Ман андар партави меҳри падар гаштаму сабақомӯз,
    "Ба ҳар дилсӯхта дилсӯз",
    Падар гум кардаам, дардам намеғунҷад дар ин тафсир.

    Падар будам дар он рӯзе, ки мондам аз падар маҳрум,
    Зи меҳри модари пирам бародарҳо наям раҳгум,
    Вале доғе, ки аз фавти падар дорам,
    Расад рӯзе, ба маргам мекунад маҳкум!

    Падарҳоро наранҷонед, ҷавонмардон,
    Набошед дур аз онҳо чу бедардон,
    Ҳамеша ғамшарику мӯнису ғамхорашон бошед,
    Мабодо аз шумо монанд саргардон!

    Падарҳо аз писарҳо обрӯ ёбанд,
    Писарҳо чун зари нобанд,
    Падарҳо дурри ноёбанд,
    Писарҳо аз падарҳо гар дуо гиранд,
    Ба сӯи марг рафтан ҳам намемиранд,
    Аз онҳо ҳақтаъоло ҳам шавад хурсанд!

    Падарҳо қиблагоҳу минбару меҳроби мо ҳастанд,
    Дили пурмеҳру дасти пинадору пурсахо ҳастанд,
    Худову мардумаш ҳаргиз набахшояд ҷавонеро,
    Ки пирону падарҳо аз хисолаш норизо ҳастанд!

    Падарҳо будаанду Тоҷикистон ҳам шуд обод,
    Ба Нуристон мубаддал гашт, ҳоло мардумаш озод,
    Падарҳо аз ҷавонмардон зи нав умеди он доранд,
    Ватан хуррам шавад бори дигар бо нури истеъдод!

    Падарҳоро наранҷонед, ҷавонмардон,
    Набошед дур аз онҳо чу бедардон!
    Падарҳоро кунед ҳурмат, чунон дар аҳди Сомонӣ,
    Ки бар дилҳо, намонад ҳасрате,
    Н-орад пушаймонӣ.

    Падарҳо будаанду гуфтаанд тоҷик номи мо,
    Аз онҳо мешавад оғоз умри бардавоми мо!

    Ҷавонмардон, падарҳоро наранҷонед,
    Падарҳоро азизу мӯҳтарам донед!

    ОтветитьУдалить