пятница, 24 июня 2016 г.

Рафти аз мо,эй падар ёдат ба хайр, Равзаи Ризвон туро бод ҷои сайр

Падари азизу  ба  чон  баробари  мо  фарзандон 24-июни  соли  1942  ба дунё омада  буданд, агар  имруз  мебуданд  дар  байни  мо  74 солагии мавлудашонро дар ҳалкаи ҳамаи хешу табору ёру дустон xашн мегиирифтем Лек, ҳайҳот, ки  марги нобаҳангом eро аз мо 20- сол  пеш  яъне,  1-августи  соли  1996  дарабурд.
Мо    фарзандон  ҳар  сол    рӯзи  мавлуди  падарро   дар  дастаҷамъи  бо дӯстон бо  ёди  падари  шаҳидамон  бо  таасуротхои  хубу  гуворо  бо  оби чашм ва бо  дуоҳо  аз Қуръони  маҷид  мегузаронем ва имсол, ки  ин руз дар мохи шарифи Рамазон омадаст аз Парвардигор  илтиxо дорем, ки рахмату махфирати арши болоро насиби падари бузургворамон гардонад.
Падарҷон, ман ҳама умр ба ёди ту месӯзаму месӯзам, аз ҳар куҷо нишони туро меҷӯяму меҷӯям. Падарҷон, илоҳо ҷоят xаннат, рӯҳат шод, манзили охиратат ободу пурнур бошад! 
Мо фарзандон имрӯз аз надоштани Падарҷони дилбанд ҷигархуну озурда ҳастем, вале шукр аз он мекунем, ки Модари меҳрубон дорем ва чун чароғи хонадони мо Падар бирафт, пеши Худо дуо мекунем, ки Модари азизамонро, сутуни хонадони моро нигаҳбон бошад!

Водарег!Ба хукми ачал чора чист?
     Мутеъ нагашта ба хукми ачал кист?

 Худо доду,Худо гирифт чони он,

         Ба моён тасалло дех,Худои Субхон!

Падарҷон илоҳо ҷоят ҷаннат, рӯҳат шод, манзили ахиратат ободу пурнур бошад.



Падарҷонам куҷо рафти?

Сафои дину имонам,падарҷонам куҷо рафти, 

Тассалои дилу ҷонам, падарҷонам куҷо рафти. 

Навозишҳои гарми ту ба ёдам мерасан ҳар дам, 

Дар ин дунё саробонам, падарҷонам куҷо рафти. 

Ғаму дарди ниҳонамро намедонам ба ки гӯям, 
Зи роҳи рафтаат нақши қадамҳои ту мечӯям. 

Ба ғайри Модари зорам набошад шахси ғамхорам, 

Дареғо нести андар сари мо эй дуо гӯям. 
Аз ин дунё ҷавон рафти, чу тире аз камон рафти, 
Саропо мурги ҷон гашти, ба сӯи осмон рафти. 

Кашиди заҳмати бисёр барои хонадони худ, 

Зи назди хонадон ногаҳ канори хокдон рафти. 

Бирезад дар сари қабри ту оби дидаҳои ман 
Расад бар гуши арвоҳи ту Алҳамду дуои ман. 

Ту хомуши қатори рафтагони хоки хомушон, 

Вале дар ҷони ман ҳасти ҳамеша ҳамсадои ман.



понедельник, 13 июня 2016 г.

Ашк дар чашмони ман туфони ғам дорад ҳануз,
Ханда бар лаб мезанам то кас надонад рози ман..
     Ғами кӯҳи азими донишу хирад аст. Ғам онеро, ки одам асту аз ин олам аст, ҳамеша ҳамсафару ҳамроҳ хоҳад буд.Ҳазли воқеӣ дар пушти худ ғам дорад; ҳамон «ханда дар пардаи ашк»                                                                                                           Ғам низ чун шодӣ барои худ худое дорад,Пас зинда бошад, мисли шодӣ ғам.


                  Гарчи аз ғам дили ман пора шуда, боке нест,                             
 Меҳри бепоёни Ту қалби маро дармон аст. 

Ғам ҳар чӣ хост бо мани таслим мекунад,

Аз шери мурда зоғ куҷо бим мекунад.

       Вакте ки дилат бо Худост, бигзор хар кас мехохад дилатро бишканад. 
Вакте ки таваккулат бо Худост, бигзор хар чи кадр мехоханд бо ту беинсофи кунанд. 
Вакте умедат Худост, бигзор хар чи кадр мехоханд ноумедат кунанд. 
Вакте ёрат Худост, бигзор хар чи кадр мехоханд норафик шаванд. 
Хамеша бо Худо бимон, мехрабонтарин ёр дар ин дунё парвардигор аст.

Бигзор ки дарҳо ҳамаги баста бимонанд, 
Вақте ки нигоҳе нигарон пушти даре нест...


Агар хоҳи, ки хушбахтона зиндагӣ намои, ҳаргиз мунтазири касе набош!... 
танҳо мунтазир набош....агар бароят буд, ҳатман бар ту хоҳад расид ва агар бароят набуд, пас лоиқ нест, ки вақти қиммат ва ҷавонии худро дар интизориҳои беҳуда сарф намоӣ. 

Хушбин_бош ва барои расидан ба орзӯҳоят кушиш намо, зеро ба интизор нишастан чизеро ба даст оварда намешавад.
Ҳазорон шукр гуям зиндагию бешу камҳояш,Ҳазорон шукр гуям зиндагию шоду ғамҳояш.Гар набошад кам бе арзиш бувад қадри зиёд,Гар набошад ғам беарзиш бувад қадри нишот.Гар набошад ҷаҳл  қадри ақл кай гардад аён,Гар набошад бад нек як умр монад бенишон.Қадри гарму хуррамӣ набвад надида сардро.Қадри офият куҷо бошад тани бедардро,Шукр гӯй Маҳфӯз ба арзону гарони рӯзгор,Шукр гӯй бо ҳарчӣ мебошад ризо Парвардигор.

Ашк дар чашмони ман туфони ғам дорад ҳануз,

Ашк дар чашмони ман туфони ғам дорад ҳануз,
Ханда бар лаб мезанам то кас надонад рози ман..
     Ғами кӯҳи азими донишу хирад аст. Ғам онеро, ки одам асту аз ин олам аст, ҳамеша ҳамсафару ҳамроҳ хоҳад буд.Ҳазли воқеӣ дар пушти худ ғам дорад; ҳамон «ханда дар пардаи ашк»                                                                                                           Ғам низ чун шодӣ барои худ худое дорад,Пас зинда бошад, мисли шодӣ ғам.


                  Гарчи аз ғам дили ман пора шуда, боке нест,                             
 Меҳри бепоёни Ту қалби маро дармон аст. 

Ғам ҳар чӣ хост бо мани таслим мекунад,

Аз шери мурда зоғ куҷо бим мекунад.

       Вакте ки дилат бо Худост, бигзор хар кас мехохад дилатро бишканад. 
Вакте ки таваккулат бо Худост, бигзор хар чи кадр мехоханд бо ту беинсофи кунанд. 
Вакте умедат Худост, бигзор хар чи кадр мехоханд ноумедат кунанд. 
Вакте ёрат Худост, бигзор хар чи кадр мехоханд норафик шаванд. 
Хамеша бо Худо бимон, мехрабонтарин ёр дар ин дунё парвардигор аст.

Бигзор ки дарҳо ҳамаги баста бимонанд, 
Вақте ки нигоҳе нигарон пушти даре нест...


Агар хоҳи, ки хушбахтона зиндагӣ намои, ҳаргиз мунтазири касе набош!... 
танҳо мунтазир набош....агар бароят буд, ҳатман бар ту хоҳад расид ва агар бароят набуд, пас лоиқ нест, ки вақти қиммат ва ҷавонии худро дар интизориҳои беҳуда сарф намоӣ. 

Хушбин_бош ва барои расидан ба орзӯҳоят кушиш намо, зеро ба интизор нишастан чизеро ба даст оварда намешавад.
Ҳазорон шукр гуям зиндагию бешу камҳояш,Ҳазорон шукр гуям зиндагию шоду ғамҳояш.Гар набошад кам бе арзиш бувад қадри зиёд,Гар набошад ғам беарзиш бувад қадри нишот.Гар набошад ҷаҳл  қадри ақл кай гардад аён,Гар набошад бад нек як умр монад бенишон.Қадри гарму хуррамӣ набвад надида сардро.Қадри офият куҷо бошад тани бедардро,Шукр гӯй Маҳфӯз ба арзону гарони рӯзгор,Шукр гӯй бо ҳарчӣ мебошад ризо Парвардигор.

Эй Холики ято (Лавха)

Худовандо, эй офаридгори замон, чаро ман бе Падар, чаро ман бе шохсутуни хонадон, чаро
ман дар хаёт бе Падар азият мекашам?
Танкиси аз хеч чизу хеч касе надорам танхо аз Падар танкиси дорам, ки хечгох аз хотир намеравад.

Ба худам бовар надорам, ки ман бе Падар хастам, ман нимятим хастам,фикр мекунам падар дар сафари мехнати асту нохст аз дар даромада меояд. Ин чи кисмати зиндагони ки боре бошад хам Падар нагуям. Хакикати талх маро водор месозад, ки ба такдир бовар кунам ки Падарчонам дар дунёи дигар дар осмонхо хастанд вале.....
Падар чаро бе туям, кучои, шояд давоми умратро ба ман бахшиди?

-Биё Падарчон ман нимаи умрамро бароят мебахшам, то ки дар умри бокимонда бо ту хушбахт бошам. Умри дарозро бо гамгинию нолахо не, умри кутохро бо хурсандию хушбахти гузаронем,
-Биё Падар, биё ки ахли оила туро интизоранд, баъди марги ту дар дили хама захми шифонаёбанда чойгир шуд, ки ба он захм ту шифо меёби.
- Биё Падар ба дарди бе падари даво бахш, ки ман аз аламхою нолахо халоси ёбам.
-Биё Падарчон диламро пора карди, дилам барояд дарди беохир дорад, аз бе Падари месузам. Хангоме ки туро ба ёд орам даруни дилам месузад, ки аз оташи дузах сузонтар аст. Чаро инкадар дарди ман сахт аст, ки хеч илочеро намеёбам,
Эй дунё чаро бефавои чаро бефавои насибам гардид, фарзандоне хаст, ки ба номи Падаронашон нафрат мебиёранду як лахза хам гамгин намешаванд ва ман ба Падар зорам ба чехраи Падар ниёз дораму хайхот Падар моро барвакт  тарк кард... Афсус ки Падар медоштам худро хушбахт мехисобидам чунки аз панду насихатхои Падарам шохрохи зиндагониям  боз хам сафед мешуд.
Эй Падарчон, Падарчон чаро  фарзандони дилсухтаатро сарсону саргардон монда рафти, чаро
туро дар зиндаги хамрохам намебинам, чаро Падар чаро? Худоё ба ин саволхо аз ки чавоб шунавам, боре дар хобам Падарамро дех, то ки ба ин саволхоям посух гуяду, бори охир хамсухбат шавам
Худоё рухи Падарони хуфта дар хок шод бошаду хонаи охираташон обод.
Рафтию талоши руҳи ҷонат боқист.Ёди ту чун ёди хонадонат боқист.То мо ба ҷаҳон ному нишоне дорем маҳбуб падар.Ному нишонат боқист.

Ту дар кучои ҷон падар

Эй нури ҳар ду чашми тар, ту дар кучои ҷон падар.
Фарёдрас эй додвар, ту дар куҷои ҷон падар.
Ҳар гаҳ равам аз шаҳр ман бар деҳа ғамгин мешавам,
Охир наойи назди дар, ту дар куҷои ҷон падар.
Доим кунам ман ҷустуҷӯ дар кӯчаҳои танги деҳ,
Нақшат, намеёбам дигар, ту дар куҷои ҷон падар.
Гоҳе ба айвони ту ман фарёд месозам чунин:
Эй қиблагоҳи мӯътабар, ту дар куҷои ҷон падар.
Як паршикаста модарам гӯяд ҷон духтарам ту сабр кун,
Дар олами бас ҳиллагар, ту дар куҷои ҷон падар.
Пурсанд фарзандони ман бобои мо ҳоло куҷост?
Созам ҳамеша гӯш кар, ту дар куҷои ҷон падар.
Бар гӯшии ту аз алам боре задам ман занг ҳам,
Шуд кӯшиши ман бесамар, ту дар куҷои ҷон падар.
Ҳар гаҳ набинам ман туро дар ҳалқаи дустон дар дех,
Гардад ғами ман тозатар, ту дар куҷои ҷон падар.
Дар айни ҷӯши зиндагӣ рафти зи домони ҷаҳон,
Аз мо нагашти баҳравар, ту дар куҷои ҷон падар.
Ёдат кунам то гӯр ман, дар пеши чашмонам ҳанӯз,
Бошад рухи ту ҷилвагар, ту дар куҷои ҷон падар.
Номи туро бо шеъри тар Шахло бисозад ҷовидон,
Такрор гӯяд он қадар, ту дар куҷои ҷон падар....ҷонон падар ,ширин падар,.

Зиндаги бошитоб мегузарад

Зиндаги  бошитоб  мегузарад
Умр  монанди об  мегузарад
  Оре,  Одами шогирде аст, ки дард ва андуҳ  уро таълим медихад ва ҳеч кас бидуни эхсоси ин муаълим кодир ба шиносоии худ нест. Ин  ҳама дарди  бепадари  моро фарзандонро  хам таълим дод ,хам  инсонҳоро  шинохтем, ки чониян ё  нони  ин ҳама  ангезаҳо дарси зиндаги  буданд  дар ҳайёти  мо.
    Он чи  аз  панди  Падари  бузургворам  омухтам мегуфт; "Зиндаги худ як  дарси ибрат  аст  шумо дар   он  мисли накош ҳастед ,ки  бо кирдору  рафтори худ  онро накоши мекунед, кушиш ба  харx  диҳед, ки наrоши шумо бидуни ягон хатпок(хаткуркунак)  бошад  вакте,ки ба гузашта  бармегардед ниёз ба  хатпок надошта  бошед."
     Коре ,ки тавоноии  анчомашро ба  фардо магузор зеро,ки имруз  ҳамон  фардое   ҳаст,ки интизораш буди.
  Падарчони азизу  меҳрубонам шукри Парвардигори оламиёнро мекунам,ки фосилаи каме,ки дар зиндаги  бо мо буди  аз шумо  бисёр чизро омухтем ва  то ҳол  сармашки  кору зиндаги худ кардаем.
  Дар  ин  тули 14-сол, ки моро Падарчон  тарк  кардию хонаи охиратро ба худат  авлодтар донисти  мо  факат  шуморо ҳар  лахзаю ҳар  нафас  ёд  меорем  бо тилловате  аз сурахои Куръони карим  руҳи шуморо  шод мекунем  ва  ба ин  худро тасало медиҳем,ки  ҳама  мо бандаҳо  мирандаем  ин дунёи фони ба  кассе  вафо накардааст  факат як  чиз мемондааст  ин ҳам бошад  номи неку  аъмоли хуб.
Номи неки рафтагон зоеъ макун, 
То нагардад номи некат бар забун. 
Зиндаю ҷовид монд ҳар кӣ накӯном зист, 
К-аз ақибаш зикри хайр зинда кунад номро
     Хотироти  бисёре  дорем  Падарчон  аз  шумо,ки  соатҳо кисса кунам  тамом намешавад вале  баъзе  хотиртҳое ҳастанд,ки ҳамеша  пеши чашмонамон мебиёянд.
Бахше  аз  ин  хотироти   неке , ки барои  мо  дарси  ибрату зиндаги шуданд!
 2.08.2010с

Падарам ёди ту ҳаргиз наравад аз дили ман


    Падарҷони меҳрубонам медони имшаб хоб надоштам ва бо хайёлҳои  ширин  бо ёди шумо будам.Парвози хайёлҳо маро ба сари оромгоҳат бурданд лаҳзае онҷо шуморо дидам бо ҳамон чашмон хайрхоҳонаю раҳмгину меҳрубон.Сӯят даст фишондаму  давидам , чун ки  бисёр пазмонат шуда будам ва мехостам,ки  шумор бори дигар аз наздик мисли пештар  бинам роз гӯям,хумори чандин солаҳои худро , ки Падар меҷустам дар он лаҳзаҳо бишиканам вале афсус  сад афсус...
Медонам Падарҷон,ки  Шумо дигар барнамегардед ва мо  рӯзе  аз рӯзҳо назди  шумо хоҳем рафт. Марг  ҳар  лаҳза  ҳамқадами инсон аст вале  бо гузашти солиён  зиёд аз  марги шумо чунин эҳсос  дорам,ки Шумо куҷое бошед ва ин ҳол дарамро куфта медароед ва маро мисли пеш садо мекунед,ки Шаҳлои дадаш куҷои.....
Падарҷон ин қадар шумо неку меҳрубон будед,ки қаламам оҷизи мекунанд,ки инро васф кунам.
Марги нобаҳангом аз дасти қотилону бе имонҳо, разилону Худо бехабарон шуморо  18 сол пеш аз мо ҷигарбандон  ҷудо кард.Рафтию рӯҳу дили  мо  панҷ  нафар фарзандон ва  Модари ба ҷон  баробарамон  ҳам шикаст. Мегӯянд,ки хонаи бишкастаро обод кардан осон аст вале дилхои шикастаро  не..
Агар рӯҳу дилхое бишканад  Фарёду  сад фарёд аз тақдире,ки  намехоҳам ҷумла бани одам дошта бошад.
Шукри Парвардигори оламиёнро мекунам,ки худованд моро чунин падари некному  оқилу меҳрубонро бо умри кам ҳам бошад ато кард.Мо фарзандон  ҳамеша  бо ёди чунин  падари ғамхор роҳбару   роҳнамои худ мефахрему меболем.
Ҳама лаҳзаҳои мушкили Ту бо ман Падарҷон ва бо Шумо суҳбат мекунам.Шуморо мебинам  ва маслиҳат мекунам, рози диламро барот иброз медорам.
Ин олами ғайб розҳо дорад,розҳои ниҳон,ки ҷуз Аллоҳ онро касе  намедонад. Ҳарчанд тақдири Худоро чора нест ва банда бояд пеши тақдири кашидаи Холиқаш мутеъ бошад, вале боз ҳам бо гузашти беш аз чанд сол наметавонам бе дард ва бе оби дида он мусибати гарон, дарди бепадарирро таҳаммул кунам.
Марги падар барои ман як дарде буд ва то ҳол  ҳаст,ки бисёр ҷонкоҳ аст  ин дарди  бедаво  аст   дарди  бепадари аст.
Бародарону хоҳарони азизам ба қадри падару Модарон бирасед чун,ки дунё ғанимат аст  ҳар дам ғанимат аст.
Руҳи ҳамаи  Падарҳои дар хок хуфта  шоду манзили охираташон обод бошад.
(ШаҳлоиМаҳмудзода)

воскресенье, 12 июня 2016 г.

РӮЗИ СИЁҲ

        Субҳи 1- уми августи 1996 падари азизам аз дасти як гуруҳ қотилон силоҳ ба даст ба шаҳодат расонида шуд, ки ин руз рузи  бадтарини хайёти мо фарзандон буд.
Тамоми фаъолияти кориашонро падари бузургворам дар ободони ватан , води Раштон замин гузоштааст .
       Сӯбҳи 28-июли 1996 аз қишлоқи Тарбулуқ  ҳафт нафар муйсафедони манфур ба хона омада гуфтанд, ки сел омада ҳамаи кишту зироъатхоро вайрон карда як кӯдакро ба ҳалокат расондааст.Ҳамон лаҳза падарам бемори бистари буданд ва наметавонистанд, ки ба ҷои офат зада раванд.Аз ин ,рӯ тавассути телефон коркунони соҳаи обро ба ин кор сафарбар намудаанд ва кӯшиш дошт, ки тезтар ба по хезану ба ҷои ҳодиса раванд.
  Пагоҳи барвақт он РӮЗИ СИЁҲУ наҳси 1-августи соли 1996 бехабар аз нақшаҳои пешаки ин разилони худобехабар  Падарам хестанд аз ҷойгаҳи бемори пойи вараму дардмандашро рӯи пойафзол  монда бастанду ба ҷойи воқеъа рафтанд .
Аз кӯҷо медонист, ки ба истикболи Марг меравад.
Ба ҷои вақеъа расида аз мошин фаромаданд ва  дар ҳами лаҳза ду нафар шахси  никобпӯш бо  яроқ  онҷо ҳозир шуда бе пурсишу бе ягон сухан бо яроқҳо оташфишони  худ тирборон карда ба суйи мардум ва падарам дар ин лахза дар  бадани падарам 28 тири яроқро холи карда  аз пой меафтонанд.
  Қотилони беимону бетавфиқ баъди аз пой афтодани падарам  ба овози балану шодиомез мегӯянд, ки Супориши Қумандон иҷро шуд  ва бо садои дилхароши хандаҳояшон бо ҳаво чанд тири дигар холи мекунанад. Қумандон, яъне сардору  роҳнамои муҷоҳидҳоро дар назар доштанд ,ки аз дасти ин беимонҳо, разилон,ғоратгарҳо, одамкушҳо ҳамон солҳо инсонҳои бисёреро, ки илму дониш ақлқ фаросату мартаба ва обу рӯй доштанд дар байни халқ ва рохнамои халқ буданд бегӯнох ба қатл расондаанд.Худи ин бадбахтон аз Исломи азиз  аз Худованди Карим бехабар буданду дар зери ливои ислом ба корҳои ношоиста даст мезаданд.Ҳамин корҳои ғайри динию ғайри қонуни  инсонияшон  буд, ки ба ҷаззои Худованд ҳамаи онҳо гирифтор шуданду нисфашон дар ҳабсхонаҳою нисфашон аз бемориҳои шадиду ҷонкоҳе ин дунёро падрӯд гуфтанд.Ҳикмати зиндагӣ  ҳамин аст: “Кишти кардаатро медаравӣ”  ё “Бадхоҳи касон  ҳаргиз  ба  мақсад  нарасанд”, “Худованд  довари ҳама чиз ва  ҳама кас  аст”.
Ҷасади беҷони гулгул кафани падарро мо фарзандон аз Душанбе рафта дар рӯйи ҳавли дидем.Он рӯз ба хаёлам тамоми мардуми ноҳия баромада бо сӯз нола мекарданд ҳамроҳи мо.
  Дар тӯли 5-соли кориаш падарам дар ободонии ноҳияи навбунёд саҳми зиёде гузошта буданд ва ҳамин некиҳои хубаш буд, ки то ҳол мардуми водии Қаротегин номи падарамро ба неки ёд мекнанад.
Илохо рехтани сиришки талхи мардуми ин сарзамин дар ҳаққи фарзандони шаҳидашон карданд,бигузор дигар аз дидагони ҳама мардуми сайёра танҳо ашки шоди бирезад.
Мо фарзандон ҳамарӯза аз Худованди Раҳиму Раҳмон талаб мекунем, ки манзили охирати падарамон ободу ҷояшон ҷаннатул маъво бошад.

Неку кори бо падару модар


  Худованди бузург дар қурони карим мефармояд: "Ва ҳукм кард Парвардигори ту ки ибодат макун магар уро ва бо падару модар некукори кунед, агар бирасад наздики шумо ба калон соли яке аз ешон ё ҳар ду пас магу барояшон уфф ва садо баланд макун ба сарашон ва бигу барояшон сухани нек". Неку кори бо падару модар ду намуд мебошад: 1. неку кори кардан бо онҳо дар зиндагияшон. 2. неку кори кардан бо онҳо баъди вафоташон. Неку кори кардан бо онҳо дар зиндагияшон яне: неки ва хуби расондан бо онҳо ба пулу мол, пас ҳар ҳочате ки доранд бо пулу моламон ҳочаташонро бачо биёрем ва пулу моламонро барой хидмати онҳо дареғ надорем . Ва инчунин неки кардан бо онҳо бо иҳтиром кардан, ва баланд шуморидани манзилати онҳо дар зиндагияшон. Ва неки кардан бо онҳо ба хидмати чисмони, ҳамеша дар назди онҳо буда ва аз дасту пой онҳо гирифта, ва инчунин таёр кардани хурок барояшон, ва таёр кардани оби таҳорат барояшон, ва дигар хидматҳое ки падару модар ба онҳо иҳтиёч доранд, ва агар аз назди онҳо дур бошем зуд хабар гирифтани онҳо. Пайғамбари Худо мефармояд : "Касе бихоҳад ки Худованд умрашро дароз кунад, ва ризқашро дар зиндагияш зиёд кунад пас неки кунад бо падару модараш, ва хабар бигирад аз хешовандони худ" ин ҳадисро эмом Аҳмад ривоят карда аст. Ва дар ҳадиси дигар Пайғамбари Худо мефармояд: "се шахсест ки Худованд дар рузи қиёмат ба руй онҳо назар намекунад" ки яке аз онҳо касест ки падару модараш аз у рози набошанд. Аммо некукори бо онҳо баъди мурданашон бо панҷ чиз мебошад : 1. Дуъои нек кардан дар ҳақашон ки Худованд раҳматашон кунад ва чаннати фирдавсро барояшон насиб гардонад. "Ва паст кун барояшон бозуй тавозуъро аз чиҳати меҳрубони ва бигу парвардигори ман бeбахш онҳоро чунончи парвариш карданд манро дар хурд солиям." 2. Талаби мағфират кардан аз Худованд барояшон ки гуноҳояшонро бибахшад, ва дар рузи қиёмат ҳисобу китобро бароёшон осон бигардонад " Эи Парвардигори ман мағфират кун маро ва падару модари маро …….". 3. Бачо овардани васияти онҳо баъд аз мурданашон. 4. Ва неки кардан бо рафиқҳо ва дугонаҳой онҳо баъд аз мурданашон. 5. Ва инчунин хабар гирфтани хешу таборашон баъди мурданашон. 6. Ва садақа кардан дар ҳақашон,хоссатан садақаи чория. Аммо агар падару модар барой маъсияти Худо моро амр кунанд албатта итоати онҳо барои мо воҷиб нест. Чун ки Пайғамбари Худо мефармояд: "Итоъат нест барой махлуқ дар маъсияти холиқ" яъне: агар касе моро барой маъсияти Худо амр кунад касе ки набошад барой мо итоати у дуруст нест. Пас чуноне ки итоати онҳо дар розигии Худованд савоби бузург дорад, инчунин итоати онҳо дар маъсити Худо гуноҳи бузурге дорад. Паёмбари Худо гуфтанд: "Оё шуморо аз бузургтарини гуноҳҳо огоҳ насозам? пас асҳоби киром гуфтанд: бале Пайғамбари Худо моро огоҳ соз, Пайғамбари Худо фармуд : "Касеро ба Худо шарик қарор додан дар ибодат, ва оқ шудан аз падару модар".


Рафти зи барам-эй падарам менолам,
Дарду доғи ту ба дил карда асар менолам.
Мехурам хуни дил аз хуни ҷигар менолам,
Булбулам дар гами ту шому сахар менолам.

Гӯё дирузакак буд, ки падари ҷонам дар ҳалқаи фарзандон,сари хони пурнозу неъмат,бо чехраи шукуфону табъи болида дами хуш мезаданд,бо ситораи гарму ҷусаи пахлавононаи худ байни хамкорону хамдехагон зиндагиву фаъолият доштанд.Дар ғаму шодии мардум шарик,гиреҳкушову маслиҳатгарашон буданд.Ҳайхот аз он рӯзгори ҳамешабаҳори якчоя ба сар бурдаамон кунун  хотирахо,ёдхо мондаасту бас.Солхо сипари шуда бошанд хам то хануз дар чону тани мо  фарзандонаш ва фурузандаи чароги хонадонамон модари азизамон осори гаму андух боки мондааст.
Модари бузургворам бо сузу хасрат аз хаёти ширини ба сар бурдаашон,ки огозаш мухаббати поку ахду паймони човидона буд накл мекунаду мегуяд;Чи кадар тезгузаранд ин рузхо!Баъди ба шаходат расидани падаратон зиндагии якчоя,лахзахои ширину нотакрори умрам ба назарам мисли як мижа задан-лахзаяке намуд.