четверг, 29 декабря 2016 г.

Зинадю ҷовид монд ҳар ки накӯном зист

Тоҷикобод як ҷузъи ҷудонашавандаи Ватани азизамон Тоҷикистон аст. Ва бисёр рамзист , ки дар истиқлолият дорӣ амсоли Тоҷикистони азиз тоҷикободиҳо  низ 25 солагии аз нав таъсисёбии ноҳияашонро ҷашн мегиранд.
         Ноҳия ҳудудес, ки лиҳози маъмурӣ мустақилят дорад. Ва доштани мустақилят орзуи деринаи ин мардуми сарбаланд будааст. Солҳои 60 ӯм барҳам додани қисме аз ноҳияҳою вилоятҳо дар тамоми Иттиҳод Шӯравӣ амри Масква буд. Ва охирон , давраи заволи империя роҳбарон дарк намуданд, ки кам кардану  зам кардани як ҳудуди дигар ба инкишофи иҷтимоӣ иқтисодӣ,  истифодаи захираҳои табиӣ, идораӣ давлат мушкилот меорад.
         Аз сари нав ба эҳёи дубораи ноҳияҳои собиқ оғоз карданд. 26  феврали соли 1991 ноҳиям Тоҷикобод ташкил шуд. Дар давраи 28 соли барҳамхӯрдии ноҳия минтақаи Тоҷикобод аз ҳокимияти пуриқтидори Шуравӣ мероси кироӣ нагирифт. Ва ҳамин буд,ки ноҳияи навташкил дар иморатҳои он биноҳое фаъолияташро оғоз намуд, ки то соли 1963 ба сифати идораҳои маъмурии ноҳия арзи вуҷуд доштанд.
         Нобасомониҳои солҳои 90 ум нагузоштанд, ки бо дасту дили гарм роҳбарияти ноҳия пайи ободкори шаванд. Ноҳияи Тоҷикобод зиёдтар аз 10 сол ором набуд ва фазои мусоид барои рушди иқтисодӣ иҷтимоӣ низ фароҳам наомад ва омада ҳам наметавонист. Дороии мавҷуд будани хоҷагӣ халқи ноҳия ба торҷ рафт.
 таъмини сулҳу салоҳ раҳонидани мардум аз гуруснагию марг , ҳимояи номус ва шарафи хонаводагӣ ҷонсупорӣ менамуданд. Он шабу рӯз фаъолияти раиси аввалини ноҳия шодавон  Маҳмуд Идиев лоқи таҳсин ва як навъ қаҳрамонӣ буд. Даҳҳо ҳамсафарон ҳамаслаконаш, ки иддае аз онҳо то имрӯз ҳамроҳи мардуманд, рӯзҳо сангинро паси сар карданд. Афсӯс, ки қисате аз ин родмардон ба ин рӯзҳои нек нарасиданд. Бисёр фарзандони қобилу ватандорро аз даст додем.
         Оре, раиси аввалини ноҳияи Тоҷикобод Маҳмуд Идиев дар чунин вазъияти фалокатбор роҳбарии ноҳияро ба зимма дошт. Ӯ, ки дар вазифаҳои роҳбарикунандаи ҳизбт шӯравӣ кор карда тақрибаи бой дошт,байни обу оташ фаъолият менамуд. Вай дар вохуриҳо бо сарварони мухолифин нотарсона баромад намуда мардумро ба якдигарфаҳмӣ, сулҳу салоҳу оромӣ, ҷонибдори аз Ҳукумати конститутсионӣ даъват мекард.
         Барои аз вартаи ҳалокату гуруснагӣ раҳонидани фавҷи бузурги гурузаҳои аз водии Вахш ва дигар шаҳру ноҳияҳо ба Тоҷикобод воридгардида ҷон мекоҳонид. Кӯшиш ба харҷ медод, ки ёрии башардӯстона ба дасти ниёзмандон расад барбари ин бо даъвати раис мардум дар талу ткппаҳои бекорхобида кишти зироатҳои ғалладонагӣ дар заминҳои обӣ кишти картошкараю сабзавотро ба роҳ монданд. Новобаста ба вазъияти мураккаби сиёсӣ ташкилоту корхонаҳо фаъолияти мураттаб доштанд.
         Ин рафтори ҷавонмардонаи раис табъи дигаронро хира мекард, ашхосе буд, ки ӯро чашми дидан надоштанд. Ҳамин буд, ки 1 августи соли 1996 ӯро бо таври фоҷеавӣ ба ҳалокат расонданд ва риштаи умри марди сиёсатмадору боматонат канда шуд.
         Маҳмуд Идиев, ки ҷонибдору ташаббускори аз нав ташкил намудани ноҳияи Тоҷикобод буд, орӯз дошт, диёрашро пешрафта ва аз лиҳози иҷтимоию иқтисодӣ тарақиёфта бинад. Сарфи назар ба ҳуққабозиҳои айём ӯ пойдевори Тоҷикободи навинро гузошт ва имрӯз   орзуҳои раис амалӣ шуданд.

         Баъди марг бо Фармони Призиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешвои миллат асосгузори сулҳу ваҳдат муҳтарам Эмомали Раҳмон Маҳмуд Идиев  бо ордени * Дӯстӣ* мукофонида шуд ва яке аз кӯчаҳои маркази ноҳия ба номи ин марди накуном ва зиндаёд гузошта шуд.

2 комментария:

  1. Аллоҳи Меҳрубон падари азизатонро раҳмату мағфират ва шоистаи Ҷаннат гардонад. Ин ша Аллоҳ, аз оне ки фарзанде чун шуморо тарбия кардаву ба мерос мондааст дар ин дунё, барояшон аҷри бузурге насиб хоҳад шуд ва раҳмати Аллоҳ шомили ҳолашон хоҳад гашт. Ин ша Аллоҳ!

    ОтветитьУдалить