вторник, 20 декабря 2016 г.

ХОТИРАИ НЕК

Хотираи неки гузаштагон ва одамони бузаргро ёдоварӣ намудан  яке аз сунатҳои хуби аҷдодони мо тоҷикон мебошанд. Дар ҳадиси паёғамбар Муҳаммад саллалоҳ алаҳӣ ва олиҳӣ ва салам омадааст, ки * Хушбахт он кас, ки аз саргузашти дигарон панд гирад*. Яке аз фарзандони барӯмандт кӯҳистон Қаротегин, ходими давлатӣ,ташкилотчи моҳи, марди хоксору инсондӯст Маҳмуд Идиев буд,ки азкорҳои хайр ва некӣ ин марди наҷиб қатраи навиштан корест боифтихору шоён. Маҳмуд дилаш монандичашмаҳои кӯҳистон софу покиза, сараш монанди қуллаҳои кӯҳҳо сарбаланд, қувваташ ҳамчқн дарёи Сурхоб пуртуғён, умри пурталотум дошту амалаш оқилонаву ҷавонмардона гуфтору кирдораш устувор буд, касеро диозорӣ намекард, амммо дар кор сахтгир ва серталаб буд. Тӯли умраи кӯтоҳу бобаракаташ барои халқ ва ободонии ноҳияи Тоҷикобод ҷонбозиҳо карда номбардори водии Қаротегин буд.
Дар солҳои кориҳои роҳбариаш  бо хоксориву меҳнатдӯстӣ, ростқавливу принсипнокаш соҳиби обурӯю эътибори баланд гардид. Дар ҳалли масъалаҳои мардум ҳиссаи сазовор гузашт.Вай доимо кӯшиш мекард,ки бо роҳбарои совхоз, одамони ботаҷрибаи рӯзгордида оид ба ҳалли масъалаҳои ободии деҳот, беҳтар гардидани зисту зиндагони мардум маслиҳату машварат ороста баъд он мардумро ба иҷрои он сафарбар менамуд. Ин марди некному ситорагарм бисёр  лафзи ширину мулоим дош, Чунон рафтор мекард,ки дили касеро намеранҷонид. Ба бисёр оилаҳои камбизоъ, камбағалу корафтода, ятиму шахсони яккаву танҳо дасти ёри дароз мекард.Ҳақгӯйӣ ва некқавлӣ хислатҳои наҷиби ва буданд. Дар сарзанмини кӯҳистони Қаротегин, кишвари тозабунёду биҳиштмонанд ҷангҳои бемаънии бародаркушт ба вуқӯъ пайвастанд. Ҳама манзилу ҷойҳои зебоманзар, муассисаҳои давлатӣ, хонаи бачагона, мактабҳо, шифохона, роҳҳо, ки бо дасти худаш сохат буд дар он даврон ба харобазор табдил ёфтанд. Маҳмуд Идиев доимо ба худ савол медод: чаро байни миллати тоҷик ноизлъ хест,?Чаро мулк  вайрон ба харобазор табдил ёфт? Аз ин рафтору ин кирдор, аз ин кашмакашиҳо, фитнангезиҳо дигарон хуб баҳра бурданду куштанду ғорат намуданд. Чи қадар одамони хуб ҳалок,ҷоёҳои обол валангор гардиданд, мегуфт худ ба худ.
Маҳмуд Идиев аз ҷумла раҳбароне буд, ки дар байни обу оташ фаъолият намуд. Вай дар вохӯриҳо бо сарварони мухолифини тоҷик , бо сарварони Фронти Халқӣ нотарсона баромад карда мардумро ба якдигарфаҳмӣ, сулҳу оромӣ даъват менамуд. ВАй марди сулҳхоҳ ва сулҳҷӯй буд. Бисёр талош мекард,ки хуни одамони бегуноҳ нарезад ва миллати тоҷик нест нашавад. Барои пойдор гардидани суоҳ кӯшиши бисёр ба харҷ дод. Ин рафтори ҷавонмардонаи ӯ табъи дигаронро хира мекард, ашхосе будЮ ки чашми дидан надоштанд ӯро.Ҳамин бадбиниҳои хоинони миллат буд,ки ӯро 1 августи соли 1996 бо таври фоҷеавӣ ба ҳалокат расониданд. Он рӯзи даҳшат Тоҷикобод ҳама мардумаш мотам доштанд. Ҷасади беҷону оғуштаи хуни Маҳмуди номдор дар рӯйи замин ва дар як лаҳза риштаи умри марди сипоҳсолор канда шуд. Қуллаҳои кӯҳи сафедпӯш нола доштанд, кӯҳу даман имотам гирифта буданд. Мардуми Тоҷикобод бо оҳи ҷонгудоз нола мекарданд ва ҷасади ҳокими ноҳияи худро ба қабристони Кичигизӣ ба хоки ғамолуд супориданд.
Дар ҳадиси Паёғамбар (с.а.с) омадааст: * Онҳое, ки дар роҳи сулҳу осоиштагӣ қавмҳо ҳалок мегарданд Шаҳиди барҳақанд* Маҳмуд ИДиев номбардори миллат ва Шаҳиди роҳи ҳақ буд. Ва чуноне ,ки омадааст:
Аз хуни шаҳидони Ватан лола дамидаст,
Аз мотами сарви қадаш сарв хамида.
Дар сояи гул булбул аз ин ғусса хазида,

Халқ низ чу гул дар ғамашон ҷома дарида.  (Назархоҷа Наботов)

Комментариев нет:

Отправить комментарий