четверг, 2 марта 2017 г.

Баромади табрикоти раиси ҳукумати ноҳияи Тоҷикобод Маҳмуд Идиев



Баромади Табрикоти дар Наврӯзӣ соли 1993 сол. 
(Аз бойгонӣ)
            Рафиқони азиз! Ба диёри мо боз иди баҳору меҳнат,иди сулҳу дӯстӣ иди Наврӯз омад. Ин ид дар айёме омад,ки кӯҳу даман, талу теппаҳо, замини зархези куҳистон либоси сабз ба бар кардааст. Табиати эҳё гардида ба ҳама рангу ҷило ва накҳате,ки дорад ҷилвагарӣ ва дилрабои мекунад.
            Имсол иди Наврӯз дар Тоҷикистон шукуҳи шаҳомаи хосае дорад. Он дар рӯзҳое насими ҷонбахши худро танинандоз намудааст,ки дар сар то сари давлати соҳибистиқлоли тоҷикон вазъият ба эътидол меояд, сулҳу оромиш ба ҳар хонадони партав фиканада, мардуми аз ҷангу ҷидол хаста шуда насафи осуда мегиранд. Шукр , ки яхи душманӣ об шуд, парда аз рӯи дасисакорону ҷоҳталабон, ки халқи тоҷикро бо ҳама душман карда, оташи ҷанги бемаънии бародаркушро аланга заданд, барда ба ошта мешавад. Тоҷикон ва халқҳои дар Тоҷикистон зиндагӣ мекарда ба хулосае омаданд ,ки оқибати беҳокимятиву бетарафи хонавайронист.
            Ин иди Наврӯз имсола ба рӯзҳои ҳам хуш ҳам нохуш рост омад.Хуш аз он ҷиҳат, ки зиндагӣ оқибат ба маҷрои ҳақиқии худ бармегардад, ҳукмати қонқнт рӯи кор омадааст, рукунҳои фаоаҷ шудани давлатдори аз нав барқарор мешаванд. Аммо нохуши аз он ,ки дар давраи қариб як соли ҷангҳои шаҳрванди хуни даҳҳо ҳазор нафар мардуми бегуноҳ рехта шуд, давлат халқ дучори қашоқию бенавоӣ гардид, ба иқтисодиёт зарари беҳисоби молию ҷони расид.
            Ҷои хушнудист, ки мардуми шарифи Тоҷикобод аз рӯзҳои нахустини таъсисёбиаш ҳукумати конституқиони ва қонуниро ҷонибдори намуданд. Мақсади мо аз ибтио то имтиҳо як буд;Ба даст овардани сулҳу салоҳ, ободии рӯзгор ва ризояти милли. Натиҷаи ҳами буд, ки мо қувваҳои ҳукуматиро бо нону намак пешвоз гирифтем на ба тиру туфанг. Дар давоми ду моҳ ба ягон нафар сарбози ҳукумати зарари ҷисмонӣ расонида нашудааст. Дар ҳар деҳа намояндагони ҳукуматро бо чеҳраи кушоду дили соф пазирои намуданд.
            Моҳи дуюм аст, ки 100 нафар сарбозон аз фтонти халқи дар ноҳияи мо барои ороми мардуми мо хизмат карда истодаанд. Онҳо бо бовари халқ сазовор гаштанд. Аз қумандони онҳо Назаров  Маъди хоҳиш дорем, ки эҳтимоду обурӯйро зиёдтар намуда ба қонуншиканиҳо ва бедодгариҳо нисбати ягон фарди ноҳия роҳ надиҳанд. Ба ин мо бовари дорем,ки муҳтарам МАХСУМ Командир анъанаҳои гузаштаи бобоёни Кулобию Қаротегиниро зинда намуда дар байни ин ду халқ дӯстӣ бародариро ҷори менамоянд. Чун ,ки инро халқ интизор аст ва мехоҳад.
            Ман аз фурсат истифода бурда дар атрофи иди бошукуҳи Нарӯзи аҷам ба ҳамаи сокинони ноҳия барои чунин фаросати баланди изҳори минатдори ва ташаккур менамоям. Имрӯз ҳар фарди ноҳия бояд бовари комил дошта бошад, ки пас аз ҳавои боронӣ осмони соф, пас аз шом, саҳари босафо мешавад баъди рӯзҳои шум рӯзҳои нек меоянд. Ин аломати некбини мардуми мо аст.
           
            Дар ин рӯзҳои саид якдили, аҳли меҳнаткашони ноҳияи Тоҷикобод ба он саъй доранд, ки бо меҳнати ҳалоли хеш Тоҷикистони азизро зеботар, пурбаракатар ботаровату аз ҷиҳати иқдисодӣ ғанитар гардонанд. Ба шумо имӯз гуфтаниам ,ки зимни вохуриҳои  расми бо роҳбарони мамлакат алалхусус бо сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмонов натиҷаҳои матлаб ба даст омаданд. Ҳам дар Шурои Олӣ ҳам дар Шурои Вазирон моро бовар кунонданд, ки новобаста ба вазъияти мураккаби Ҷумҳури бовари беҳшавии зиндагии мардуми Тоҷикобод кумак мерасонанд. То имрӯз маводҳои хӯрока ( орд), дорувориҳо, сӯзишвори, пул ба ноҳия омада истодааст. Ҳукумати ноҳия аз хурдтарин имконият истифода бурда барои аз вартаи бенавоӣ раҳо намудани мардум чораҳо меандешанд.
            Вале, чуноне дар урфият мегуянд: ризқи ҳар кас дар кафи дасти худаш аст. Ин ба он маъно, ки агар ҳар кадом сокини ноҳия баҳри беҳбудии рӯзгори хеш ба меҳнати босамар накушад дурри мақсад ба даст намеояд. Пас бояд шоири ҳар фарди ноҳия имрӯз аз дирӯз беҳтар кор мекунем бошад, на чизи дигар.
            Айни ҳол вазифаи аввалиндараҷаи ҳаёти иқтисодии ноҳияро ман дар сари вақт ва бо сифати баланд анҷом додани маъракаи кишту кори баҳорӣ мебинам. Деҳқонони ноҳияи мо бояд хуб дарк намоянд, ки ғалла, картошка, сабзӣ, пилла, маҳсулоти чорвои аз нақша зиёд руёнидаашон ба сарвати мамлакат зам шуд, иқтидори мудофиави онро мустаҳкам менамояд, зисту зиндагонии сокинони ноҳия ва Тоҷикистонро боз ҳам фаровонтар мегардонад.
            Рӯйи рост иқрор шуданл лозим рафиқон, ки дар малакате, ки як сол ҷанги дохили идома дорад, якбора вазъи зиндаги беҳ намешавад. Аз ин хотир бояд ҷойи ҳар як деҳқон, мутахассисону роҳбарои хоҷагиҳо саҳро бошад. Алалхусу талаботи роҳбарону мутахассисон дучанд шавад.
            Мо наздикӣ дар маҷлиси комиҷроия нақшаҳои солонаи иҳтеҳсолу фуруши маҳсулотҳои хоҷагии қишлоқро тасдиқ намудем. Мутобиқи он имсол бояд ба давлат картошка 13 800 тонна, мева 1000 тонна, сабзавот 200 тонна, пилла 8 тонна, гушт 300 тонна,шир 1200 тонна вамдигар маҳсулотҳои хоҷагии қишлоқ фурушем. Картошкакори мояи ифтихори деҳқонони ноҳия аст. Имсол майдони кишт ва зироати дармаднокро ба 650 гектар расониданием, ки аз порсола 70 гектар зиёд мебошад. Мувофиқи нақша бояд аз ҳар гектар на камтар аз 250 қентнер ҳосл гирем. Ба номусоиди боду ҳаво нигоҳ накарда ҳоло кишти картошка дар хоҷагиҳои ноҳия идома дорад. То ин дам дар майдони 67 гектар картошка шинонда шуд. Деҳқонону механизаторони хоҷагиҳои ба номи Боқи Раҳимзода. Меҳнат , Ҳайёти нав, Себзор, пешсафанд. Умуман барои иҷрои нақшаи картошка дар ноҳия шароит ҳаст. Таҳо корро дуруст ба кор мондан лозим асту бас.
            Соле , ки гузашт ба сари чорводорони хоҷагиҳои ноҳия душвориҳои зиёде ба бор омад. Бинобар  нарасидани хӯроки чорво, хунукназари роҳбарону мутахассисон,ҳатто ба ғорат рафтани чорво сршумор кам шуд. Ҳукумати Ҷумҳури қатори дигар ноҳияҳо ба ноҳияи мо низ барои барқарор кардани саршумор пули нақд ҷудо кард. Роҳбарони хоҷагиҳоро лозим аст, ки аз аҳоли ва ё дигар нуқтаҳои дахлдор чорво харидори намоянд. Чун ,ки бе ин барқарор кардани саршумор пешрав кардани ин соҳаи муҳим ғайри имкон аст.
            Вазифаҳои коркунони дигар соҳаҳои ноҳия низ возеҳу равшананд. Кору пайкори кормандони арсаи ҳифзи саломатии омма, маорифу маърифат, сохтумон, нақлиёту роҳ, таъминоти иҷтимои ва савдои ноҳия бояд ҷоннок шавад.
            Мо имруз иди Якуми май ро якдилона ҳамфикри худро бори дигар нишондода истода исбот хоҳем кард, ки Ҳукумати имрӯзаи қонунии Тоҷикистонро пурра ҷонибдори менамоем ва ҳама сокинони Тоҷикистонро ба ҳамраъию муборизаи қатъи барои пойдории сулҳу ваҳҳдат, дӯстию бародари ва ҳамфикри ҳама миллатҳои дар Тоҷикистон буда даъват менамоем.

            Эҳёи якдили , баҳори сулҳу ваҳҳдат муборак бошад ҳамдиёрони гиромиқадр! Ба шумо тани сиҳат баракати кор ва комёбиҳои бешуморро орзу дорам. Бигузор тамоми хушиҳои зиндагӣ насиби ҳамаи шумо гардад.

Комментариев нет:

Отправить комментарий