вторник, 20 декабря 2016 г.

САДОЌАТИ ФАРЗАНДИ



САДОЌАТИ ФАРЗАНДЇ

Дўст дорам, эй падар, бо ёди ту ќишлоќро,
Сангу чўбу хору хас, њар зара-зара хокро.
Эй падар, аз бањри хотири ту об овардаам,
Бањри ободии дењат бо шимоб овардаам.
Гарчи дур аз дења бошам, дўст дорам дењаро,
Дењаи бобоиву аљдоди дурандешро.
Гарчи дўрам аз канори дења худ бо дењаам,
Доимо бо ёди ќишлоќам пур аз андешаам.
Чунки ту андар канори дења имрўз хуфтаї,
Ёд дорам, дењаро худ зодгоњам гуфтаї.
Ман намехоњам, ки бошад зодгоњат ташналаб,
Мардумонаш хору зору кўдаконаш обталаб.
Бањри шуњрат нею, хос аз бањри хотири Худо,
Бањри хотири Шумо, њам хотири халќи Худо.
Ин вазифа пеши амри дил њамесозам адо,
То шавад арвоњи покат, аз равони ман ризо.
Њар ки шуд соњибќаноат подшоњї мекунад,
Мулки дил сайќал зада ў сарфарозї мекунад.
Эй падар, аз бањри хотири ту об овардаам,
Бањри ободии дењ, бањри савоб овардаам.
Кори хайре гуфта, гар бо ин савоб овардаам,
Шод бош, ки Иншоаллоњ тўњфабоб овардаам.
Худ ќаноат кай кунам бо кори хайре як замон,
Ки ќаноат бо саховат хешї дорад њар замон.
Баъд аз ин гўям: «Худоё» пешаи ман бошад ин,
Њам шавад аз ин саховаттўшаи ман бењтарин.
Рўзи мо аз партави субњи падар оѓоз ёфт,
Аз Худо дорам умеде дар амон бошад падар.
Сояи хуршеди тобон, дар љањон бошад падар,
Офтобе ошкорову нињом бошад падар.



Бањра бардорад замин аз нури хуршеди сањар.
Гармии мењри нињон дар љисму љон бошад падар,
Ќиссаи Намруд њадиси љумлаи ањли башар.
Рањмати беохире аз ломакон бошад падар.
Нурбахши зиндагї чун офтоби равшан аст,
Пояи эмону дин дар хонадон бошад падар.
Мехўрад хуни љигар, гар бењунар гардад писар,
Рањмате, гўё ки њамчун ройгон бошад падар.
Зиндагї сарсабзї ёбад, з-ў чу аз оби њаёт,
То асоси њастиро аз ўстухон бошад падар.
Сели ѓам борад агар аз осмони зиндагї,
Бемуњобо, он замон дар новадон бошад падар.
Офтоби Њаќ зи бурљи маќдамаш ќад мекашад,
Соябони он љањон дар ин љањон бошад падар.
Дил нигањ дор, эй Муродї, ќиблаи маќсуди туст,
Њам Худо аз ту ризо бошад, ризо бошад падар.

Дар бари ќабри ту мо мањзуну њайронем падар,
Аз барои хотири ту фотињахонем падар.
Байни мову ту сари мў, фосила то осмон,
Дуриву андар фироќат сўхта бирёнем падар.
Як сари мў дурї аз ту њоли ноосуданист,
Ту биёсўдиву бе ту зору гирёнем падар.
Тан ба аслаш дарнињодї, мо ба фардї њамчу љон,
Дар људої, аз ту бе ту, љисми бељонем падар.
Аз фироќат мехўрем мо њар замон хуни љигар,
Ту биёсудиву мо гумкардасомонем падар.
Ёдгорї аз ту дар симои мо боќї ба дар,
То абад дастурхати ёди ту мехонем падар.
Одамї чун дона кишта бар замини осмон,
Дар замини осмонаш њамчунон донем падар.
Гардиши айём моро бурданист то осиё,
Бошад он рўзе, ки рўзе дар сари хонем падар.
Бо муроди дил дар оѓўши ту карда зиндагї,
Бандагї ин асту сар дар зонўят монем падар.
Нест касро чорае андар ќазову дар ќадар,
Бошад он рўзе, ки сар дар пањлўят монем падар.
Аз нигоњи нозуке бо дидаи Ботин Мурод,
Дидаву нолида мегўяд, ки мењмонем падар.
Эй падар, аз бањри побўсат салом овардаам,
Бо умеди рањмати рўњат калон овардаам.
Чун Ќаноат пеши Њаќќ дасти кушод овардааст,
Рањмати Њаќ бањрат андар дил Мурод овардааст.


Комментариев нет:

Отправить комментарий