четверг, 2 марта 2017 г.

Тарона ба ёди Падар



Тарона ба ёди Падар
Худовандо, эй офаридгор замину замон, чаро ман бе Падар, чаро ман дар ҳайёт бе падар азият мекашам!! Танкиси аз ҳеҷ касе надорам  танҳо аз падар танкиси дорам, ки ҳеҷгоҳ аз хотир намеравад. Ба худам бовари надорам, ки ман бе Падар ҳастам, ман нимятим ҳастам , фикр мекунам падарам дар сафари меҳнати асту нохост аз дар даромада меояд. Ин чӣ қисмати зиндагон, ки боре бошад ҳам Падар нагӯям. Ҳақиқати талх маро водор месозад, ки ба тақдир илоҳи бовар кунам, ки Падарҷон дар дунёи дигар дар осмонҳо ҳастанд вале...
            Падарҷон чаро бе туям,! Куҷоӣ шояд давоми умратро ба ман бахшиди,? Биё Падарҷон ман нимаи умрамро бароят мебахшам, то ки дар умри боқимонда бо ту хушбахт бошам. Умри дарозро бо ғамгинию нолаҳо не, умри кутоҳро бо хурсандию хушбахти гузаронем, биё Падарҷон, биё ки аҳли оила туро интизоранд, баъди марги ту дар дили ҳама захми шифонаёбанда ҷойгир шуд, ки ба он захм ту шифо мебахши. Биё Падарҷон ба дарди бепадари даво бахш, ки ман аз аламу нолаҳо халос ёбам. Биё Падарҷон диламро пора кардӣ , дилам барояд дарди беохир дорад, аз бе падари месӯзам.Ҳангоме ,ки туро ба ёд орам дарун дарун месӯзам, ки аз оташ сӯзонтар аст. Худоё чаро дарди ман ин қадар сахт аст, ки ҳеҷ илоҷе намеёбам. Эҳ дунё, эҳ дунё чаро бевафои, чаро бевафоиатро насиби ман гардид!!...
            Эй Падарҷон, падарҷон чаро фарзанди дилсухтаатро сарсону саргардон монда рафти, чаро туро дар зиндагӣ дар ҳолатҳои душвории зиндагиам баъзан фикр мекунам,ки осмон ба сарам фуромадааст туро ҳамроҳам намебинам, чарр Падарҷон чаро,? Худоё, Раҳимию Раҳмонӣ аз ки ба ин саволҳо ҷавоб шунавам, бои охир ҳамсуҳбат шавам.
            Эй Парвардигори оламиён руҳи Падарони хуфта дар хокро шод бошаду хонаи охираташон обод.



Комментариев нет:

Отправить комментарий