воскресенье, 31 июля 2022 г.

Рӯзи сиёҳ


Рӯзи 1-ӯми август барои ман ҳамасола рӯзи сиёҳ аст.Дар ҳамин рӯз, яъне 1-ӯми августи соли 1996  падари бузургвори маро хоинони миллат, қотилони хунхор, разилону дуздон, як гурӯҳ аҷнабиёне,ки таҳти лови Ислом дар водии Рашт хуни беғайри ҳақ мерезонданд ба шаҳодат расонданд.

Ин хоинҳои миллат шармандаи ин дунёю  охират ҳастанд ва дар тӯли ин 26- сол ҳама мардум диданд ки Худованд чи гуна ба ин қотилон ва аҳли оилаи онҳо ҷазоҳоро насиб кард.

Ин ҷазо аз чор як ҳиссае аст, ки Парвардигор нишон дод ба ин қотилону разилон.

Падари бузургворам дар сини 54- солагӣ шаҳди Шаҳидиро чашид. Як шабонарӯз аз захми 24 тире, ки бадани падарамаро сӯрох карда буд хун ист накард(( 😥Шаҳиди гул гул кафан буд(((😥 

Ҳеҷ аз ёдам намеравад он солҳои даҳшат.(((

Лек номи неку корҳои шоистаи Падар ҷовидона дар дили мардум мондааст ва мемонад.

Шукрона мекунам, ки чунин Падари  некному шуҷоъ, сулҳхоҳу матин доштам.

Худованд раҳмату мағфират кунад Падарҷон мақоматон Арши барин қатори  Шаҳидону солиҳон бошад 🤲🤲😥😥😥


Аз дили санги мазори ту садо ҷӯям Падар,

Сабзаро бӯидаву бӯсида ман гӯям Падар.

Ман бо умеде,ки бинам як назар рӯи туро,

Кӯҳ ба кӯҳ мегардаму ҳар

лаҳза мегӯям Падар,

Дар кадом оина бинам қадди

дилҷуйи Падар,

Аз ки гирам,аз куҷо ман нусхаи рӯи Падар?

Шаб ба сӯи Каҳкашон мурги дилам пар мекашад,

То бубинам лахзае чашми сухангӯи Падар.😥😥

Комментариев нет:

Отправить комментарий