воскресенье, 26 июня 2022 г.

Ёди Падар дар мавлуди Падар


Ёдат ба хайр Падарҷон.
Имрӯз агар Падари бузургворам мебуданд Мавлуд доштанд.
Вале афсус, ки "Мо аз Худоем ва бозгашти мо ба сӯи Худост"
Дар ин рӯзи саиди Одина дуо мекунам , ки илоҳо дар раҳмати Парвардигори оламиён боши Падарҷон, мақоматон Арш, ҷоятон ҷаннатул Фирдавс, хонаи охират обод бошад 🤲🤲🤲🤲😭😥😥😥😥

Дарего, эй падар, бурди ту бо худ ҳусни дунёро,
Тароватҳои рӯзафзуни садри маҷлиси моро.
Худованд аз карам созад биҳишти адн ҷойи ту,
Ҳама нозу наъими худ бубахшад аз барои ту,
Зи оби Салсабилу Кавсараш созад атои ту,
Мушарраф аз ҷамоли бемисолаш хам сазои ту😥🤲🤲
Ҳамеша бо дуо ба рӯҳи поки Падарҷонам бо чашми гирён то он рӯзе ки ҷон дар бадан дорам.
Шаҳло Маҳмудзода







 

Комментариев нет:

Отправить комментарий