вторник, 4 октября 2022 г.

Мавлуд муборак


 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Мелодрӯзатонро шодбош гуфта, бароятон сиҳатмандии комил, қувваву нерӯи хастанопазир, саодати ҷовидон ва дар кори пурмашаққати давлатдорӣ комёбиву муваффақиятҳои пайваста хоҳонем!

Ҷашни мавлуд муборак бошад!

воскресенье, 31 июля 2022 г.

Рӯзи сиёҳ


Рӯзи 1-ӯми август барои ман ҳамасола рӯзи сиёҳ аст.Дар ҳамин рӯз, яъне 1-ӯми августи соли 1996  падари бузургвори маро хоинони миллат, қотилони хунхор, разилону дуздон, як гурӯҳ аҷнабиёне,ки таҳти лови Ислом дар водии Рашт хуни беғайри ҳақ мерезонданд ба шаҳодат расонданд.

Ин хоинҳои миллат шармандаи ин дунёю  охират ҳастанд ва дар тӯли ин 26- сол ҳама мардум диданд ки Худованд чи гуна ба ин қотилон ва аҳли оилаи онҳо ҷазоҳоро насиб кард.

Ин ҷазо аз чор як ҳиссае аст, ки Парвардигор нишон дод ба ин қотилону разилон.

Падари бузургворам дар сини 54- солагӣ шаҳди Шаҳидиро чашид. Як шабонарӯз аз захми 24 тире, ки бадани падарамаро сӯрох карда буд хун ист накард(( 😥Шаҳиди гул гул кафан буд(((😥 

Ҳеҷ аз ёдам намеравад он солҳои даҳшат.(((

Лек номи неку корҳои шоистаи Падар ҷовидона дар дили мардум мондааст ва мемонад.

Шукрона мекунам, ки чунин Падари  некному шуҷоъ, сулҳхоҳу матин доштам.

Худованд раҳмату мағфират кунад Падарҷон мақоматон Арши барин қатори  Шаҳидону солиҳон бошад 🤲🤲😥😥😥


Аз дили санги мазори ту садо ҷӯям Падар,

Сабзаро бӯидаву бӯсида ман гӯям Падар.

Ман бо умеде,ки бинам як назар рӯи туро,

Кӯҳ ба кӯҳ мегардаму ҳар

лаҳза мегӯям Падар,

Дар кадом оина бинам қадди

дилҷуйи Падар,

Аз ки гирам,аз куҷо ман нусхаи рӯи Падар?

Шаб ба сӯи Каҳкашон мурги дилам пар мекашад,

То бубинам лахзае чашми сухангӯи Падар.😥😥

воскресенье, 26 июня 2022 г.

Ёди Падар дар мавлуди Падар


Ёдат ба хайр Падарҷон.
Имрӯз агар Падари бузургворам мебуданд Мавлуд доштанд.
Вале афсус, ки "Мо аз Худоем ва бозгашти мо ба сӯи Худост"
Дар ин рӯзи саиди Одина дуо мекунам , ки илоҳо дар раҳмати Парвардигори оламиён боши Падарҷон, мақоматон Арш, ҷоятон ҷаннатул Фирдавс, хонаи охират обод бошад 🤲🤲🤲🤲😭😥😥😥😥

Дарего, эй падар, бурди ту бо худ ҳусни дунёро,
Тароватҳои рӯзафзуни садри маҷлиси моро.
Худованд аз карам созад биҳишти адн ҷойи ту,
Ҳама нозу наъими худ бубахшад аз барои ту,
Зи оби Салсабилу Кавсараш созад атои ту,
Мушарраф аз ҷамоли бемисолаш хам сазои ту😥🤲🤲
Ҳамеша бо дуо ба рӯҳи поки Падарҷонам бо чашми гирён то он рӯзе ки ҷон дар бадан дорам.
Шаҳло Маҳмудзода