пятница, 17 ноября 2017 г.

Саъдиё, марди накуном намирад ҳаргиз,
Мурда он аст, ки номаш ба накуӣ набаранд.

Иҷлосияи 16 -уми Шӯрои олии Тоҷикистон, ки 25-соли пеш дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд баргузор шуд, сафҳаи наверо дар таърихи давлатдории тоҷикон рақам зад. Ин иҷлос ба хотири пешгирӣ аз идомаи даргириҳо ва беназмиҳо дар ҷумҳурӣ аз сар гирифта шуд.Падари бузургворам яке аз иштирокчиёни ин ҷаласаи таърихсоз буданд.
Имрўзҳо ба хотири 75 солаги зодрўзашон ва бахшида ба 25-солагии Иҷлосияи 16-и Шӯрои олӣ Китобе аз ёдоштҳои падари бузургворам руҳу равонашон шод бошад ба чоп расид. Муҳаррирӣ китоб корманди масъули Маркази тақиқоти стратегии назди Призиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳдӣ Собиров мебошанд.

Мо, фарзандон ифтихор мекунем, ки чунин Падари ҷасуру донишманд, шахси ватандӯст, содиқ, вафодор, ҳимоятгари манфиатҳои Халқу Миллат ва Ватан доштем.

среда, 21 июня 2017 г.

Мавлудат муборак

Дар сина дил ситезад, омад мавлудат  бе ту,
Об аз ду дида резад, омад  мавлудат бе ту.
Бе қиблагоҳу бе ту, дар зери гардуни дун,
Шодӣ зи ман гурезад, омад мавлудат  бе ту.

Дар пуштаи мазорат, дар водии хамушон
Имрӯз сабза хезад, омад мавлудат  бе ту.
Дишаб, ки мегиристам дар ғурбати ятимӣ,

Борон ба шиша мезад, омад  мавлудат  бе ту.
Мо  ҳама  фарзандон, пайвандону наздикону дӯстон   75-солагии мавлуди падари бузургворамон ҷашн гирифтем. Сари дастархони пурнозу неъмат ёд аз падари шаҳидамон карда, бо тиловати ояҳои Куръони Шариф руҳи ӯро шод намудем...
Падарҷон, илоҳо ҷоят ҷаннат, руҳат шод ва манзили охиратат ободу пурнур бошад!

Гар кунам ёди Падар ду чашми ман гирён шавад,
Гар кунам ёди Падар ин қалби ман бирён шавад.
Ӯ намедиҳад  дигар бар ман дуою фотиҳа,
Алвидоъ  эй падар  то рӯзи  дидор алвидоъ.

Ба чашмам хира гашт дунё Падар Љонам,
Бирафти зор мондам дида гирёнам.
Ба зери хок сар монди ба як умре,
Рухат шод бод Падарчонам Падарчон.

Падар пайѓамбар асту модар фаришта.
Худованд ин дуро навишта.
Падар шамс асту модар моњи тобон.
Падар инсону модар љони инсон.

Монд ёду номи некуят падар.
Марги ту хеч дил насозад бовар.
Гуё ки ту рафтаи ба эчоду сафар.
Во дарего во дарего эй падар

Дар пуштаки Қабристон чанорай падарм,
Ду чашми тарам сӯйи мазори падарм.
Он рӯз мо дидори якдигар надидем,
То рӯзи қиёмат чашмонам чори роҳи падарм.

Дар ҳавлинамон санам санам мегаштам.
Чун булбули маст дар чаман мегаштам.
Эй падариҷон куҷо нишонат кобам,
Пас аз сари ту куҷо маконам ёбам.

Падар гӯяму нола кунам ҳар субҳу шом,
Аз падари рафтаам наояд пайём.
Падар бирафту ман нарафтам дареғ,
Бо тир камон куштанд вай сад дареғ.
Эй қотил бераҳм, раҳм кун накуш.!
Аз ҷони ширини худ ҷудо гашт дареғ.

Борони баҳор мезанад гулҳора,
Барои мансаб кушанд падари мора.
Нимкола мондан корҳои ин диёра,
Бе падар кардан фарзандҳои ин диёра.

Ин роҳаки Тоҷикобода чӣ гуфта бром,
Ин хонаи бе падарма чи гуфта даром.
Ин манзил бе падар назарам шумай,
Ҳар шому саҳар каловаам гумай.

Эй падариҷон тират задан ё найза,
Хунҳои ҷигарат рӯйи замин мереза.
Аз пойи дармандат кашидан муза,
То рӯзи қиёмата фарзандот месӯза.

Дар рӯйи Тоҷикобод тикаи аврай,
Падариҷонам ба мо имрӯз қаҳрай.
Падар гуфтаст, оҳ ҷони ширинам,
Аз дасти қотилон дода ҷонам.

Аз хона баромади гуфти авидоъ,
Аз дӯсту хешон ту шуди ҷудо.
Шуди ҷудо бо амри Худо,
Душман донад ки ту куҷоию куҷо.

Рӯймоли сарам ҳазор як гул мезанад,
Мардумо падар меганд дилам гӯм мезанад.
Духтарҳои падардор сангум назане,
Дар ҷигари аламдорум ханҷар назане.
Хоб дидам,ки мусибат омад ба сарам,
Марги ногаҳ падарам бурд аз барам.
Хонадон дар ғам фитода рӯй меканда модарам,
Ашки ғам мерезад аз рухсораҳои додарам.

Борони шалошалай мойем дар қафаст,
Духтарҳо падар меганд моем дар ҳавас,
Гандума дарав кардам саракаш нестай,
Падарма суроғ кардам даракаш нестай.

Лаби дарёи Сурхоб рег рег аст,
Даруни синаи ман доғу реш аст.
Бигирям ман бинолам бароят,
Зи дасти душманон падар зери хок аст.

четверг, 2 марта 2017 г.

Маъруза

Баромади Табрикоти дар Наврӯзӣ соли 1993 сол
(Суханрониҳои  раиси ноҳияи Тоҷикобод  Идиев Махмуд)
Рафиқони азиз! Ба диёри мо боз иди баҳору меҳнат,иди сулҳу дӯстӣ иди Наврӯз омад. Ин ид дар айёме омад,ки кӯҳу даман, талу теппаҳо, замини зархези куҳистон либоси сабз ба бар кардааст. Табиати эҳё гардида ба ҳама рангу ҷило ва накҳате,ки дорад ҷилвагарӣ ва дилрабои мекунад.
Имсол иди Наврӯз дар Тоҷикистон шукуҳи шаҳомаи хосае дорад. Он дар рӯзҳое насими ҷонбахши худро танинандоз намудааст,ки дар сар то сари давлати соҳибистиқлоли тоҷикон вазъият ба эътидол меояд, сулҳу оромиш ба ҳар хонадони партав фиканада, мардуми аз ҷангу ҷидол хаста шуда насафи осуда мегиранд. Шукр , ки яхи душманӣ об шуд, парда аз рӯи дасисакорону ҷоҳталабон, ки халқи тоҷикро бо ҳама душман карда, оташи ҷанги бемаънии бародаркушро аланга заданд, барда ба ошта мешавад. Тоҷикон ва халқҳои дар Тоҷикистон зиндагӣ мекарда ба хулосае омаданд ,ки оқибати беҳокимятиву бетарафи хонавайронист.
Ин иди Наврӯз имсола ба рӯзҳои ҳам хуш ҳам нохуш рост омад.Хуш аз он ҷиҳат, ки зиндагӣ оқибат ба маҷрои ҳақиқии худ бармегардад, ҳукмати қонқнт рӯи кор омадааст, рукунҳои фаоаҷ шудани давлатдори аз нав барқарор мешаванд. Аммо нохуши аз он ,ки дар давраи қариб як соли ҷангҳои шаҳрванди хуни даҳҳо ҳазор нафар мардуми бегуноҳ рехта шуд, давлат халқ дучори қашоқию бенавоӣ гардид, ба иқтисодиёт зарари беҳисоби молию ҷони расид.
Ҷои хушнудист, ки мардуми шарифи Тоҷикобод аз рӯзҳои нахустини таъсисёбиаш ҳукумати конституқиони ва қонуниро ҷонибдори намуданд. Мақсади мо аз ибтио то имтиҳо як буд;Ба даст овардани сулҳу салоҳ, ободии рӯзгор ва ризояти милли. Натиҷаи ҳами буд, ки мо қувваҳои ҳукуматиро бо нону намак пешвоз гирифтем на ба тиру туфанг. Дар давоми ду моҳ ба ягон нафар сарбози ҳукумати зарари ҷисмонӣ расонида нашудааст. Дар ҳар деҳа намояндагони ҳукуматро бо чеҳраи кушоду дили соф пазирои намуданд.
Моҳи дуюм аст, ки 100 нафар сарбозон аз фтонти халқи дар ноҳияи мо барои ороми мардуми мо хизмат карда истодаанд. Онҳо бо бовари халқ сазовор гаштанд. Аз қумандони онҳо Назаров  Маъди хоҳиш дорем, ки эҳтимоду обурӯйро зиёдтар намуда ба қонуншиканиҳо ва бедодгариҳо нисбати ягон фарди ноҳия роҳ надиҳанд. Ба ин мо бовари дорем,ки муҳтарам МАХСУМ Командир анъанаҳои гузаштаи бобоёни Кулобию Қаротегиниро зинда намуда дар байни ин ду халқ дӯстӣ бародариро ҷори менамоянд. Чун ,ки инро халқ интизор аст ва мехоҳад.
Ман аз фурсат истифода бурда дар атрофи иди бошукуҳи Нарӯзи аҷам ба ҳамаи сокинони ноҳия барои чунин фаросати баланди изҳори минатдори ва ташаккур менамоям. Имрӯз ҳар фарди ноҳия бояд бовари комил дошта бошад, ки пас аз ҳавои боронӣ осмони соф, пас аз шом, саҳари босафо мешавад баъди рӯзҳои шум рӯзҳои нек меоянд. Ин аломати некбини мардуми мо аст.

Дар ин рӯзҳои саид якдили, аҳли меҳнаткашони ноҳияи Тоҷикобод ба он саъй доранд, ки бо меҳнати ҳалоли хеш Тоҷикистони азизро зеботар, пурбаракатар ботаровату аз ҷиҳати иқдисодӣ ғанитар гардонанд. Ба шумо имӯз гуфтаниам ,ки зимни вохуриҳои  расми бо роҳбарони мамлакат алалхусус бо сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмонов натиҷаҳои матлаб ба даст омаданд. Ҳам дар Шурои Олӣ ҳам дар Шурои Вазирон моро бовар кунонданд, ки новобаста ба вазъияти мураккаби Ҷумҳури бовари беҳшавии зиндагии мардуми Тоҷикобод кумак мерасонанд. То имрӯз маводҳои хӯрока ( орд), дорувориҳо, сӯзишвори, пул ба ноҳия омада истодааст. Ҳукумати ноҳия аз хурдтарин имконият истифода бурда барои аз вартаи бенавоӣ раҳо намудани мардум чораҳо меандешанд.
Вале, чуноне дар урфият мегуянд: ризқи ҳар кас дар кафи дасти худаш аст. Ин ба он маъно, ки агар ҳар кадом сокини ноҳия баҳри беҳбудии рӯзгори хеш ба меҳнати босамар накушад дурри мақсад ба даст намеояд. Пас бояд шоири ҳар фарди ноҳия имрӯз аз дирӯз беҳтар кор мекунем бошад, на чизи дигар.
Айни ҳол вазифаи аввалиндараҷаи ҳаёти иқтисодии ноҳияро ман дар сари вақт ва бо сифати баланд анҷом додани маъракаи кишту кори баҳорӣ мебинам. Деҳқонони ноҳияи мо бояд хуб дарк намоянд, ки ғалла, картошка, сабзӣ, пилла, маҳсулоти чорвои аз нақша зиёд руёнидаашон ба сарвати мамлакат зам шуд, иқтидори мудофиави онро мустаҳкам менамояд, зисту зиндагонии сокинони ноҳия ва Тоҷикистонро боз ҳам фаровонтар мегардонад.
Рӯйи рост иқрор шуданл лозим рафиқон, ки дар малакате, ки як сол ҷанги дохили идома дорад, якбора вазъи зиндаги беҳ намешавад. Аз ин хотир бояд ҷойи ҳар як деҳқон, мутахассисону роҳбарои хоҷагиҳо саҳро бошад. Алалхусу талаботи роҳбарону мутахассисон дучанд шавад.
Мо наздикӣ дар маҷлиси комиҷроия нақшаҳои солонаи иҳтеҳсолу фуруши маҳсулотҳои хоҷагии қишлоқро тасдиқ намудем. Мутобиқи он имсол бояд ба давлат картошка 13 800 тонна, мева 1000 тонна, сабзавот 200 тонна, пилла 8 тонна, гушт 300 тонна,шир 1200 тонна вамдигар маҳсулотҳои хоҷагии қишлоқ фурушем. Картошкакори мояи ифтихори деҳқонони ноҳия аст. Имсол майдони кишт ва зироати дармаднокро ба 650 гектар расониданием, ки аз порсола 70 гектар зиёд мебошад. Мувофиқи нақша бояд аз ҳар гектар на камтар аз 250 қентнер ҳосл гирем. Ба номусоиди боду ҳаво нигоҳ накарда ҳоло кишти картошка дар хоҷагиҳои ноҳия идома дорад. То ин дам дар майдони 67 гектар картошка шинонда шуд. Деҳқонону механизаторони хоҷагиҳои ба номи Боқи Раҳимзода. Меҳнат , Ҳайёти нав, Себзор, пешсафанд. Умуман барои иҷрои нақшаи картошка дар ноҳия шароит ҳаст. Таҳо корро дуруст ба кор мондан лозим асту бас.
Соле , ки гузашт ба сари чорводорони хоҷагиҳои ноҳия душвориҳои зиёде ба бор омад. Бинобар  нарасидани хӯроки чорво, хунукназари роҳбарону мутахассисон,ҳатто ба ғорат рафтани чорво сршумор кам шуд. Ҳукумати Ҷумҳури қатори дигар ноҳияҳо ба ноҳияи мо низ барои барқарор кардани саршумор пули нақд ҷудо кард. Роҳбарони хоҷагиҳоро лозим аст, ки аз аҳоли ва ё дигар нуқтаҳои дахлдор чорво харидори намоянд. Чун ,ки бе ин барқарор кардани саршумор пешрав кардани ин соҳаи муҳим ғайри имкон аст.
Вазифаҳои коркунони дигар соҳаҳои ноҳия низ возеҳу равшананд. Кору пайкори кормандони арсаи ҳифзи саломатии омма, маорифу маърифат, сохтумон, нақлиёту роҳ, таъминоти иҷтимои ва савдои ноҳия бояд ҷоннок шавад.
Мо имруз иди Якуми май ро якдилона ҳамфикри худро бори дигар нишондода истода исбот хоҳем кард, ки Ҳукумати имрӯзаи қонунии Тоҷикистонро пурра ҷонибдори менамоем ва ҳама сокинони Тоҷикистонро ба ҳамраъию муборизаи қатъи барои пойдории сулҳу ваҳҳдат, дӯстию бародари ва ҳамфикри ҳама миллатҳои дар Тоҷикистон буда даъват менамоем.
Эҳёи якдили , баҳори сулҳу ваҳҳдат муборак бошад ҳамдиёрони гиромиқадр! Ба шумо тани сиҳат баракати кор ва комёбиҳои бешуморро орзу дорам. Бигузор тамоми хушиҳои зиндагӣ насиби ҳамаи шумо гардад.

Маърузаи маҷлиси ҷаъмбасти нисолаи аввали 1993сол ноҳияи Тоҷикобод.
Дар сесияи ҳабдуҳуми Шурои Олии Ҷумҳури Тоҷикистон дар ноҳияи Исфара сардори давлат, раиси Шурои Оли муҳтарам Раҳмонов Эмомали Шарипович ба ҳама вазорату идораҳо, вилояту ноҳияҳо, хоҷагиҳо , идораву муассисаҳо супориш дода ,ки то 20 июл рафти корро дар нимсолаи аввал ҷаъмбаст намуда бурду бохтҳоро таҳлилу барраси намоянд.Мақсад он аст ,ки роҳи ислоҳи каамбудиҳоро дарёбем , то анҷом сол бобарор гардиду.Барои баланд бародоштанд сатҳи зиндагии мардумамон кадаем суи пеш гузорем.
Таассуроти ман ҳамчун иштирокчи Сессия дар рӯзномаи ноҳиявӣ интишор ёфт, шояд бисёриҳои шумо онро хонад баҳо дода бошед. Ба назари ман танги вайт маҷбур месозад ҳадафи муҳокимаи мо танҳо ба бурду бохтҳои нимсолаи аввали ноҳия нигаронида шавад. Вақтҳои охир оиди вазъи мураккаби сиёси, ҷангу кашмакашиҳо буҳрони иқтисоди ва ғайраҳо бисёр сухан рондем. Албатта воқеаҳои соли гузаштаю имсола ба пешрави кор халал расонид, мушкилиҳои зиёде пеш овард. Аммо зиндагӣ қонунҳои худро дорад,  зиндамондаҳо бояд, ки баҳр дарёфти ризқи хеш ҷадал кунанд, зер тақдири мо дар дасти худи мост. Ҳақ ба ҷониби Раиси Шурои Оли Эмомали Раҳмонов аст, ки  дар фароварди кори Сессия иброз дошт. Акнун вазъият ба эътидол омада истодааст айёми кори фаро расид. Тоҷикистонро минбаъд на ду майдон ба ҳам муқобил балки як майдон ваҳдату якдигарфаҳми, муташаккилию меҳнати бунёдкорона дусти мутаҳид менамояд.
Итминони комил дорам, ки сокинони фарҳангдӯсту заҳматқарин ва сарбаланди ноҳияи Тоҷикобод минбаъд низ сиёсати созанда ва ободгаронаи Ҳукумати кишварро ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, барои ободии ноҳия ва пешрафти Тоҷикистони азиз саҳми ватандӯстонаи худро мегузоранд.
Дар роҳи ободсозии Ватани азизамон ба ҳамаи шумо саломатӣ, рӯзгори ободу осуда ва файзу баракати зиндагиро орзу менамоям.

Тарона ба ёди Падар

Тарона ба ёди Падар
Худовандо, эй офаридгор замину замон, чаро ман бе Падар, чаро ман дар ҳайёт бе падар азият мекашам!! Танкиси аз ҳеҷ касе надорам  танҳо аз падар танкиси дорам, ки ҳеҷгоҳ аз хотир намеравад. Ба худам бовари надорам, ки ман бе Падар ҳастам, ман нимятим ҳастам , фикр мекунам падарам дар сафари меҳнати асту нохост аз дар даромада меояд. Ин чӣ қисмати зиндагон, ки боре бошад ҳам Падар нагӯям. Ҳақиқати талх маро водор месозад, ки ба тақдир илоҳи бовар кунам, ки Падарҷон дар дунёи дигар дар осмонҳо ҳастанд вале...
            Падарҷон чаро бе туям,! Куҷоӣ шояд давоми умратро ба ман бахшиди,? Биё Падарҷон ман нимаи умрамро бароят мебахшам, то ки дар умри боқимонда бо ту хушбахт бошам. Умри дарозро бо ғамгинию нолаҳо не, умри кутоҳро бо хурсандию хушбахти гузаронем, биё Падарҷон, биё ки аҳли оила туро интизоранд, баъди марги ту дар дили ҳама захми шифонаёбанда ҷойгир шуд, ки ба он захм ту шифо мебахши. Биё Падарҷон ба дарди бепадари даво бахш, ки ман аз аламу нолаҳо халос ёбам. Биё Падарҷон диламро пора кардӣ , дилам барояд дарди беохир дорад, аз бе падари месӯзам.Ҳангоме ,ки туро ба ёд орам дарун дарун месӯзам, ки аз оташ сӯзонтар аст. Худоё чаро дарди ман ин қадар сахт аст, ки ҳеҷ илоҷе намеёбам. Эҳ дунё, эҳ дунё чаро бевафои, чаро бевафоиатро насиби ман гардид!!...
            Эй Падарҷон, падарҷон чаро фарзанди дилсухтаатро сарсону саргардон монда рафти, чаро туро дар зиндагӣ дар ҳолатҳои душвории зиндагиам баъзан фикр мекунам,ки осмон ба сарам фуромадааст туро ҳамроҳам намебинам, чарр Падарҷон чаро,? Худоё, Раҳимию Раҳмонӣ аз ки ба ин саволҳо ҷавоб шунавам, бои охир ҳамсуҳбат шавам.
            Эй Парвардигори оламиён руҳи Падарони хуфта дар хокро шод бошаду хонаи охираташон обод.

Баромади табрикоти раиси ҳукумати ноҳияи Тоҷикобод Маҳмуд Идиев

Баромади Табрикоти дар Наврӯзӣ соли 1993 сол. 
(Аз бойгонӣ)