четверг, 27 июля 2023 г.

Зиндаю ҷовид монд ҳар кӣ накӯном зист



 ЗИНДАЮ ҶОВИД МОНД ҲАР КӢ НАКУНОМ ЗИСТ

Агар барои эҳёи табиат ва сабзпӯш намудани замин фасли баҳор мусоид бошад, пас барои рушду ташаккули ҷомеаи солим, роҳбари кордон, муваффақ ва ташаббускор рамзияти баҳорро ба зимма мегирад. Ҳанӯз аз замонҳои қадим хирадмандон нисбат ба шахсиятҳои ватандӯсту ташаббускор ҳурмату эҳтироми бепоён дошта, ҳангоми ба мушкилот рӯбарӯ омадан ба ин ашхоси беназир муроҷиат мекарданд. Онҳо дар симои роҳбарони нуктасанҷу накуирода шахсияти хирадманду озодманиш ва равшанзамиру боадолатро медиданд. Ҳамин тавонмандӣ ва иродатмандии фарзона фарзандони миллати тоҷик буд, ки сарфи назар аз ҳуҷумҳои бемавриди ғосибон онҳо ҳеҷ гоҳ дилсарду ноумед нагардида, таслим нашуданд, баръакс рушд карда, густариш ёфтанду побарҷо монданд.

Дар замоне, ки ҳамин гуна мусибатҳо авроқи саҳифаҳои таърихи миллати моро ҳангоми сохтани эҳёи давлати миллӣ бо чангу ғубор ва фитнаҳои таҳмилӣ пур мекард, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои бартараф намудани ин бенизомиҳо ва ташаккул додани «Ваҳдати миллӣ» ба мардуми шарифи Тоҷикистон рӯ оварда чунин гуфта буд: «Ноумед набошед, дилгарм бошед, зеро бузургии ҳар як миллат аз бузургии фарзандони боору номуси он сарчашма мегирад. Шукр, ки ин гуна шахсиятҳо дар ватани мо кам нестанд». Албатта, ҳамин гуфтаҳо воқеияти таърихиро исбот мекунанд, ки дар гирду атрофи ватани азизамон шахсиятҳои ватандӯст ва содиқе буданд, ки дар фитрати онҳо номуси ватандорӣ ва худшиносии миллӣ ҷӯш мезаду гирди як сиёсат ва як роҳбари оқилу тавона боҳам омада, барои барҳам нахурдани решаҳои миллии худ ҷавонмардӣ нишон дода, то дараҷае ҷони худро қурбони озодии ин миллат кардаанд. Аз зумраи чунин родмардони хирадманду ботадбир, кордону ташаббускор собиқ Раиси ноҳияи Тоҷикобод (1991-1996) шодравон Маҳмуд Идиев мебошанд, ки ҷони ҷавону азизи худро нисори ин ватану ин миллат кардаанд. 

Дуруст аст, ки зиндагӣ ба ҳар як шахс имконият медиҳад, то тавассути донишҳои андӯхтаааш худро муаррифӣ кунад ва ин имконият бояд ончунон нуктасанҷона тадриҷӣ бошад, ки ҳама шебу фарозро дар худ кашида, чароғи торикиҳои оянда бошад, чуноне ки шоир мегӯяд: 

Бемураббӣ зери гардун муътабар натвон шудан,

Моҳи навро рафта-рафта чарх оламгир кард.

Бемуболиға гуфтан мумкин аст, ки баъд аз омӯзишу пажуҳишҳо таърихро шахсиятҳо месозанд. Дар таърихи фарњангу маданияти њар як миллат нафароне њастанд, ки кору пайкор ва зиндагияшон мояи ифтихору сарфарозї ва ойинаи ибрати ҳамагон буданд. Дар ин росто, бо сароҳат гуфтан мумкин аст, ки наќши ташаббускорони ватандӯст, парчамбардорони ин диёр маҳсуб мешаванд, хеле муҳим аст. Зеро ҳамин инсонњои комил зиндагии хешро огоњона ба камоли сарсупурдагї барои ободӣ ва тарбияи наслҳо бахшидаанд. Мањз бо шарофати талошу зањматҳои пайвастаи ҳамин қишри ҷомеа ва азму иродаи матини онҳо ањли љомеа аз бењтарин неъматҳои зиндагї – оромӣ, осо+***иштагӣ, ҳамдилию ягонагӣ ва бунёду ояндасозӣ бањраманд мегарданд.

Пас аз ёдоварии ин мақсадҳои нек гуфтан мумкин аст, ки Маҳмуд Идиев аз зумраи ҳамин гуна шахсиятҳоест, ки дар тули ҳаёташ омӯхту пажуҳишҳояшро дар амал татбиқ карда, ба қуллаи мурод расид, аммо.... 

Собиқ Раиси ноҳияи Тоҷикобод Маҳмуд Идиев беш аз 40-соли умри бобаракати хешро содиқона барои ташаккул додани идеологияи мардуми Раштонзамин ва бахусус ташкилу тақвият бахшидани равандҳои фаъолияти иҷтимоии сокинони ноҳияи навтаъсиси Тоҷикобод бахшида, дар ин самт ба муваффақиятҳои беназиру хотирмон сазовор гардидааст.

Њарчанд пањлуњои ҳаёт, фаъолият ва машаққатҳои моҷароангези ӯ дар ҳавзаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва такшифоти омавӣ мавриди баррасї ќарор нагирифта бошанд њам, вале мо боварӣ дорем, ки баъд аз нашри ин мақолаи шарҳиҳолӣ таваҷҷуҳи мутахассисон ва дӯсторони ин ватану сарзамин дар ин ҷода шуруъ мегардад ва дафтари хотироти ҷасорату ҷавонмардӣ ва ташаббускору меҳандӯстии Маҳмуд Идиевро боз намуда, садоқатро ҳамчун асо ба мардум муаррифӣ мекунанд. Чуноне ки А. аз забони худи ӯ мегӯяд: «Дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ рӯзе дар байни ноҳия (соли 1994) чанд нафареро паронданд, ки ин ба ҷони Раиси он вақта (М.И.) сахт таҳдид мекард. Ба ӯ рӯ оварда гуфтам, ки ноҳияро тарк карда ба шаҳр бирав, вагарна туро ҳам мепаронанд. Лабханде заду гуфт: Рафиқ А., ҳанӯз маро нашинохтаӣ! Дар ин ҷо кор кардем, нону намаки мардума хӯрдем, ҳамеша дар байни мардум будем, имрӯз аз байни мардум меравем!? Ман дар назди роҳбари давлат ваъда додаам, ки то охирин нафасам барои оромӣ ва осоиштагии ин минтақа мубориза мебарам. Ин ваъда чӣ мешавад? Аз марги худ тарс надорам, аммо аз марги мардуми бегуноҳ метарсам. Дар воқеъ мавсуф то нафасҳои охирин ба ваъдааш вафо кард...».

Аз рӯи қайди шаҳодатнома номи ин ҷавонмарди баландтолеъ Идиев Маҳмуд аст. Ӯ, 24-уми июли соли 1942 дар деҳаи Кучакзӣ (ҳоло Сари Пул)-и ноњияи Тољикобод дар оилаи зиёӣ – Сабуров Идибек директори колхози ба номи «Ленин» ба дунё омадааст. Айёми беғаши кӯдакияшро дар табиати зебои кӯҳистон дар зодгоҳаш гузаронида, таҳсилоти миёнаи умумиро дар мактаби №21-и (ҳоло №6) ҳамин ноҳия хатм кардааст. Ӯ дар мактаб бо баҳои аъло таҳсил карда, ба омӯзиши фанҳои дақиқ завқу ҳаваси зиёд дошт. Ҳамчунин ӯ бо одобу ахлоқ ва иродаи матин дигаронро ба худ ҷазб намуда буд. Ҳатто бригадири деҳа лаёқати баланди кордонияшро дида, ӯро барои навиштани баъзе ҳуҷҷатҳои расмӣ ва ҳисобу китоби молиёт ба кор ҷалб карда буд, вале ин кор дер давом накард. Мавсуф баъди хатми мактаби миёна соли 1961 ба факултети фанҳои табиатшиносии Донишгоҳи педагогӣ ба номи Т.Г.Шевченко (ҳоло ДОТ ба номи С.Айнӣ) дохил шуда, онро соли 1965 аз рӯи ихтисоси географ-биолог бо муваффақият хатм намуд. Дар ин донишгоҳ аз устодону донишмандони бонуфузи соҳа, махсусан Қандил Ҷураев, Қаюмов А. ва дигарон нозукиҳои касбро аз худ намуда, дониши мукаммал ва одоби ҳамидаи инсониро низ азбар кардааст. Ӯ њанўз дар айёми донишҷӯйӣ ба корњои ташкилотчигӣ таваљљуњ намуда, дар мањфилњои илмию адабӣ ва фарҳангии факултетиву донишгоњӣ фаъолона ширкат варзида, гомҳои муваффақонаро пушти ҳам мегузошт, ки ба ин васила, диққати ҳайати омӯзгорону профессорони донишгоҳро ба худ ҷалб мекард. Ин заҳматҳои шоистаро ба инобат гирифта, роҳбарияти донишгоҳ аз курси сеюм то охирин рӯзҳои хатми донишгоҳ ӯро дар вазифаи Раиси иттифоқи касабаи факултети фанҳои табиатшиносӣ ба кор ҷалб кардаанд. Маҳорати кордонӣ, масъулиятшиносӣ ва комёбиҳои пайвастаи М.Идиевро Қ.Ҷураев дида дар ҳалқаи ҳамкасбон гуфтааст: «Идиев Маҳмуд шахсияти ташаббускору меҳнатдӯст, ростқавл ва накуиродааст. Фарқияти ӯ аз дигарон дар он аст, ки меҳнатро ба хотири ватан дӯст медорад ва ба заҳматкашон ҳамеша арҷ мегузорад». Ҳамин меҳнатдӯстӣ ва нияти хайри устодон буд, ки дар раванди зиндагӣ ба баландтарин қуллаи мурод расид.

Мавсуф баъд аз хатми бомуваффақонаи донишгоҳ ба зодгоҳаш баргашта, дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №19 (ҳоло №1) фаъолияташро ба ҳайси омӯзгори фанни география ва биология шуруъ намудааст. Дар ин даргоҳи илму маърифат тули панҷ сол бефосила ба таълиму тарбияи шогирдон машғул гардида, ҳатто як соли охир (1968-1969) вазифаи муовини директори мактабро низ иҷро намуда, муҳаббату садоқате, ки дар дилаш ҷӯш мезад на танҳо дар аудиторияи худ, балки ба ҳамаи хонандагони мактаб (№19) тарғиб мекард. Муҳаббат ба касб ва маҳорати кордонии Маҳмуд Идиевро ба инобат гирифта, соли 1969 ӯро дар мактаби миёнаи №18-и деҳаи Фатҳобод, ки калонтарин мактаби ноҳия ба ҳисоб мерафт, директор таъйин намуданд. Мавсуф дар муддати чоруним соле, ки дар ин мактаб ба ҳайси директор кору фаъолият намуд, тамоми мураккаботи роҳбариро аз худ карда, низоми дурусти таълимро дар ин ҷо роҳандозӣ намуд, ки мутахассисони зиёде аз ин ҷо ба воя расидаю дар рушди соҳаҳои гуногуни халқ саҳми худро гузошта, муваффақияти корашонро аз баракати фаъолияти пурсамари М.Идиев медонанд. Дар ин ҷода, аз марҳум А. ёдовар шуда мегӯяд, ки дар соли 1994 дар даруни ноҳия вазъият ниҳоят муташанниҷ буд ва нобасомониҳо болои раиси муҳтарами мо бисёр меомад, рӯзе дар назди дарвозаи хонааш, ки нохушие рух дода буд бо ӯ ҳамсуҳбат шуда, рафти воқеаро пурсидам, бо кашидани нафаси дарозе чунин гуфт: «Дӯстам А. худат медонӣ, вақте ки маро дар мактаби №18 директор таъйин карданд ҳамагӣ бисту ҳафт сол доштам. Шумораи хонандагони ин мактаб баробари се мактаб буд, хело зиёд! Вале ман аз кор ҳаргиз наҳаросидам, баръакс меҳнат кардам ва обутоб ёфтам. Фарзандони мардумро ба роҳи ободонию осоиштагӣ ва созандагӣ тарбият кардам. Бирав аз ин деҳа (Фатҳобод) Б. ва В.-ро бигир ва ин мушкилии ба вуқуъомадаро ҳал кунед...». 

Аз ин гуфтаҳо хулоса кардан мумкин аст, ки мавсуф дар муддати кутоҳи фаъолият дар ин ҷо ба дили мардум хело хуб роҳ ёфтааст. Ин роҳбарии содиқона ва бомуваффақиятро метавон нахустин зинаи ташаккулёбанда дар фаъолияти иҷтимоӣ-фарҳангӣ ва сиёсии ӯ донист. Зеро соли 1973-юм сифати таҳсилот дар мактаби №18 тафтиш карда шуда, бо назардошти комёбиҳои назарраси ҳамин тафтишот шодравон Маҳмуд Идиевро ба совхози «Ҳаёти нав», ки яке аз калонтарин совхозҳо дар водии Рашт ба ҳисоб мерафт, ба кор даъват мекунанд. Сарфи назар аз он ки қабул ё рад кардани вазифаи дигар аз хоҳиши ӯ берун буд, ӯро дар ин совхоз (соли 1973) ба вазифаи «Котиби ташкилоти ҳизбӣ» таъйин намуданд, ки ин эътибор ва манзалати ӯро на танҳо дар ҳудуди ноҳия, балки дар доираи фарҳангиён ва сиёсатмадорони водии Раштонзамин баланд мебардорад.

Аз ҳамин ҷо (аз соли 1973) фаъолияти сиёсии пурсамар ва ватандӯстонаи Маҳмуд Идиев пайваста дар вазифаҳои гуногун ба шакли тадриҷӣ бо чунин шакл оғоз мегардад: 

Соли 1973 котиби ташкилоти ҳизбии совхози «Ҳаёти нав», соли 1975 нозири комитети ҳизбии ноҳияи Ғарм, соли 1976-1978 шунавандаи мактаби олии ҳизбӣ дар шаҳри Тошканд, соли 1979 мудири шуъбаи ташкилии комитети ҳизбӣ дар ноҳияи Ғарм, соли 1983 Раиси назорати халқии ноҳияи Ғарм, соли 1986 Раиси комиҷроияи Шурои вакилони халқӣ дар ноҳияи Ғарм ва аз 5-уми августи соли 1991 то 1-уми августи соли 1996 дар вазифаи Раиси ноҳияи Тоҷикобод фаъолият намудааст.

Ёди чунин ҷонфидоён ба хайр бод, ки ҳастии худро фидои ин миллату давлат карда, баландтарин ғояи ҳастиро Ватан дониста гуфтаанд:

Мурдану зистанам баҳри Ватан бояд буд,

Фикр таҳвил шавад, саҳми камар бояд буд.

Дидаам назр зи алтоф ҳақиқат рӯёнд!

Чу ҳамин ҳастии ман назри Ватан бояд буд.

Шодравон Маҳмуд Идиев ҳанӯз аз рӯзҳои нахустини фаъолияти корияш дар вазифаи Раиси ноҳияи Тоҷикобод дар пеши худ вазифа гузошт, ки тамоми паҳлуҳои номукаммали ноҳияи навтаъсисро дар заминаи донишҳо ва ҷаҳонбиниҳои нав бояд сохта рушду равнақ бахшид. Дар воқеъ, ҳамин тавр ҳам кард. Ба ҳама мушкилоту нобасомониҳои он рӯзҳо нигоҳ накарда, диққати худро ба таъсису ташаккули иқтисодиёт, иҷтимоиёт ва фарҳанг бахшида, нахуст таваҷҷуҳашро ба фармаликунонӣ (ҳамчун ноҳияи алоҳида)-и корхонаю идораҳои давлатӣ, ҷамоатҳо, совхозҳо, мактабҳо, таъмири роҳҳо, нигоҳдории боғҳо ва банақшагирии боғҳои нав, бунёди купрукҳо ва дигар соҳаҳои хоҷагии халқ равона карда буд. Иҷроиши ин гуна корҳо дар назари аввал агар осон бошад, дар асл хеле мушкил аст. Ҳатто дар тасаввур ҷой карда намешавад чунин корҳоеро, ки зери роҳбарии ӯ анҷом дода шудаанд. Аз як тараф корҳои бунёдӣ аз тарафи дигар раванди ҷанги шаҳрвандӣ. Албатта, ҳамаи ин ба иродатмандии футурологӣ ва некназарии роҳбар вобаста буда, ба қавли шоир ҳиммати баландро тақозо мекунад:

Ба ҳар коре, ки ҳиммат баста гардад,

Агар хоре бувад, гулдаста гардад.

Дуруст аст, вақте ки ҷанги шарвандиро ба ёд меорем ҳамон қиссаҳои таърихӣ пеши назарамон меояд, ки ҳамеша хайр дар муқобили шар меистоду қувваи некӣ бар бадӣ баъд аз муборизаҳои беамон ғолиб меомад. Айнан ҳамин мафҳумҳо бо шаклу мазмуни якнавохт дар ноҳияи Тоҷикобод дар замони Раиси ноҳия будани Маҳмуд Идиев мушоҳида мешаданд. Ба ҳама ин сахтиву мушкилоти фоҷиабор нигоҳ накарда, ҳамеша пайи ободӣ ва барқарории ҷанги таҳмилӣ мекӯшид то ободию созандагӣ дар зодгоҳаш падидор шавад. Аҷаб дили бузург! Ба таҳдиду зуровариҳои пайдарпайи силоҳбадастон нигоҳ накарда, ҳамеша дар муқобили онҳо меистод ва барои амалӣ нагардидани ниятҳои нопокашон бо онҳо мубориза мебурд. Ӯ аз ҷумлаи роҳбароне буд, ки дар байни обу оташ қарор гирифта буд. Ҳамеша бо сарварони мухолифин ва роҳбарони Фронти Халқӣ вохӯриҳо ташкил карда, суханонашро ҳамеша дар ин самт бо рубоии Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ бо як садои марғуладору форам ва дастафшониҳои хеле зебо чунин шуруъ мекард:

Ёрон ёрон зи ҳам ҷудоӣ накунед,

Дар сар ҳаваси гурезпоӣ накунед.

Чун ҷумла якед, дуҳавоӣ накунед,

Фармуди Худост, ки бевафоӣ накунед.

Мавсуф мақсади асосӣ ва вазифаи ҷонияш хотима бахшидан ба ҷанги бародаркуш ва барқарории сулҳро медонист ва барои ин бисёр заҳмат мекашид, вале сад афсус, ин ҳадафҳо ва орзуҳои наҷиби ӯ ҷомаи таҳайюр пӯшид...

Бо забони лолу қалби шикаста духтари марҳум Маҳмудзода Шаҳло мегӯяд, ки рӯзи 28-уми июли соли 1996 аз совхози Абдуллокамандир як чанд нафар ба назди хонаамон омада гуфтанд, ки дар он ҷо сел омада киштзорҳоро вайрон кардааст, ҳатто талафоти ҷонӣ ҳам ҳаст. Дар ин вақт мавсуф аз шиддати беморӣ ба ҷои воқеи рафта натавонист, вале ашхосеро аз кормандони ҳукумати ноҳия барои бартараф кардани мушкилӣ ба он ҷо фиристод. Баъд аз ду рӯз саҳари 1-уми август беогоҳӣ ва нақшаи пешакӣ ба ҷои селомада раҳсипор гардид, ки дар натиҷа воҷеаи табиӣ ба ҳодисаи нангини субъективӣ табдил меёбад. Ҳангоми ба он ҷо расидан пеш аз бо мардум вохӯрӣ кардан ашхоси силоҳбадасти номаълум пайдо шуда, берун аз иродаи инсонӣ ба рӯи ӯ силоҳ кашида, ба ҷисми дардманду азияткашидаи ӯ 24 тири автоматро холӣ мекунанд, ки дар ҷои ҳодиса дар сини 54-солагӣ Маҳмуд Идиев ба ҳалокат мерасад. Ҳамкорону хешовандони марҳум ҷасади пур аз хуни ӯро ба хонааш оварда, бо ҷаноза ба хок месупоранд. 

Дар ҳақиқат ин бузургтарин дарди даҳшатнокаст, вақте ки як нафар аз хона баромада, баъд аз як муддат ҷасади ба хун оғуштаи ӯро назди аҳли оилаи ӯ мегузоранд ва мегӯянд, ки мурдааст. Дар ин ҳолат ҳама лол мешавад, вале қотилон бо мағрурӣ кори худро иҷрошуда мепиндоранд, чуноне ки шоир мегӯяд:

«Тире, ки зад бар синаат, бар қалби ҷони мо расид»

Хунобаи рӯсинаат, эҳсоси чашми мо дарид.

З-ин хуни як марди бузург ашки ҳама хуншор гашт,

Бадномгар бедор шуд, армон зи қалби мо кашид.

Дарди ин хонадон дар он рӯзҳо дарди як оилаву як ноҳия набуд, балки дарди ҷонкоҳи таърих буд, ки то кунун зулолаи он чун дуде аз алафи тар чашмони воқеиятбинро месӯзонад. Мутаассифона, то ба қатл расонидани Маҳмуд Идиев дар ин оила ду нафар ҷавонмардони далери ватандӯст – Ҳоким Идибеков (бародар) ва Одилҷон Идибеков (бародарзода)-ро ноҷавонмардона ба қатл расонидаанд, ки баъд аз муддати кутоҳе аз ҳасрату дарди зиёд апаҳояшон Тоҷиносо ва Тоспочо вафот кардаанд.

Бародари хурдии мавсуф Идибеков Ҳоким (1948-1994) дар замони ҷанги шаҳрвандӣ вазифаи директори совхози «Меҳнат»-ро ба уҳда дошт. Аз дасти ҳамин гурӯҳи силоҳбадасти бо ном муҷоҳид, вале дар асл мухолиф ва бадхоҳоне, ки шахсиятҳои баруманди ин миллатро барои васеъ кардани доираи худ гулчин карда аз байн бурданд, дар қатори онҳо дар шаби иди қурбон Идибеков Ҳокимҷони 48-соларо рабуданд, ки баъди солиёни зиёд хабари вафоташ аз забонҳо шунида шуд. Ӯ, ки аз бародараш шаш сол хурд буд, сарфи назар аз машаққати бепадарӣ дар гирди як дастархон бо ӯ ба воя расида, бузург шуду далерӣ, ҷасурӣ ва матонатро маҳз аз ҳамин бародаре, ки воқеан дӯсташ буд, омӯхта буд. Ҳамин тарбияи наку, дили пок ва андешаи волои ӯ буд, ки ҳамеша моликияти ҷамъиятиро аз моликияти шахсӣ афзал дониста, хизмат ба халқро чун бародар ва падараш қарзи бошарафмандонаи худ мепиндошт. Вале афсус:

Хар чи донад хурдани қанду набот,

Коҳдони коҳ бошаду кунҷи рабоб.

Ин шахсияти бонуфузи ноҳия аз ҷониби мухолифини мусаллаҳи номаълум ба қатл расонида шуд.

Ҳамин гуна аъзои ҳамин хонадон Одилҷон Идибекови 34-соларо, ки сармуҳосиби шуъбаи маорифи ноҳия буд силоҳбадастони номаълум ба қатл расониданд, ки аз ӯ чор фарзанди хурдсол ятим монданду бо машаққат ба воя расиданд. 

Ин ҳаводисеро, ки болои ин оилаи зиёӣ таҳмил карда шуд, бузургтарин даҳшат дар таърихи на танҳо ноҳия ва ё минтақа, балки тамоми ҷумҳурӣ метавон арзёбӣ кард.

Ҳамсари ниҳоят мушфиқу меҳрубони мавсуф Ония Масъудова мебошад, ки баъд аз вафоти шавҳари муҳтарамашон дар зиндагии пур аз шебу фароз чун кӯҳ дар паҳлуи фарзандон истода, барҷастатарин хислатҳои накуи инсониро ба онҳо омӯхтаву суханҳои худро ҳамеша аз достони нотамоми мардонагии падарашон тақвият мебахшад. Ӯ ҷаҳонбинии хеле васеъ дошта, дар яке аз навиштаҳояш иброз медорад, ки дар тули сӣ соли якҷоя зиндагиниямон бо Маҳмуд надидаам, ки шавҳарам дурӯғе гуфтаву дидаву дониста чаправию чапкорӣ карда бошад. Пайваста роҳи ростинро интихоб мекард ва онро дар оилаву ҷомеа талқин менамуд. Дар муддати солҳое, ки бо ҳам зиндагӣ доштем дар рӯзгори якҷояи мо аз носозиву муноқишаи оилавӣ бӯе ҳам набуд. Як оилаи намунавию ибратбахш будем ва якҷоя барои тарбияи панҷ фарзанд, Қаноатшоҳ, Аҳмадҷон, Шаҳло, Зулфия ва Шарафҷон муҳити оилавӣ, иқтисодӣ ва маънавии созгорро муҳайё намуда, фарзандони солим ва манфиатоварро ба воя расонидем, ки ҳар як кадоме аз онҳо чун падарашон ба мардум кумаки худро дареғ надошта, барои давлату миллат ҳамеша хизматгузоранд.

Вақте ки дар бораи хулқу атвор ва одоби ҳамидаи инсонии мавсуф ёдовар шудан мехоҳем пеш аз ҳама пеши назари мо муносибату инсондӯстонаи ӯ ба ёд мерасад. Новобаста за оне ки нисфи умри худро дар вазифаҳои идоракунанда сарф карда буд аз ҳамаи қишрҳои ҷомеа новобаста аз сину сол, миллату нажоду дин рафиқони зиёд дошт. Бо онҳо содиқ буд ва барояшон ҳамеша вақт ҷудо карда метавонист. Ҳамин садоқату якрӯйи буд, ки рӯзи маргаш ҳама ба видоаш омада, ҳатто то кунун суҳбатҳо бо ӯро чун қиссаи ибратомӯз вирди забон меоранд. 

Як чанд рӯз пеш бо яке аз дӯстони содиқу вафодори ӯ шахсияти боору номуси ноҳияи Тоҷикобод Абдусалом Абдусатторов, ки дар замони раиси ноҳия будани Маҳмуд Идиев вазифаи муовини раисро иҷро мекард ҳамсуҳбат (телефонӣ) шудам ва каме аз фаъолияти корияшон пурсон шудам. Акаи Абдусалом ё бо сабаби пирӣ-беморӣ ва ё ёдоварӣ аз дӯсташ дилаш ганда шуд, чизи бисёре нагуфт, аммо аз ҷавонмардию ошкорбаёнӣ ва серталабии роҳбари собиқаш ва дӯсти ҷонияш ёдовар шуд, ки мазмунаш чунин аст: «Маҳмудҷон воқеан шахсият буд. То ҷое, ки ман медонистам, ӯ ба ҳамаи атрофиён, ошноёну шиносҳояш маъқулу мақбул буд ва иззату эҳтиромаш дар байни онҳо хеле баланд буд. Кордону серталаб буд. Коргаронро қадр мекард. Аз ин рӯ коргарон ӯро эҳтиром мекарданд. Ӯ ҳеҷ гоҳ дар пушти касе гап намегуфт, вай гапашро дар маҷлису маъракаҳо ва ҷамъомадҳо ошкоро баён мекард. Дуруст аст, шахсияти асил ҳамеша ё аксар вақт аз он гурӯҳ ё аз иддае аз он гурӯҳ бо мавқеъу дид, андешаву баҳогузорӣ ва хулосаҳои худ фарқ мекунад. Пиндору гуфтору рафтораш хоси танҳо худаш буд, зеро ӯ шахсият буд на узви муқаррарии ҷомеа... ».

Ба қавли К.Маркс илм аст, ки инсонҳо ба истеҳсолот ва истеҳсолот ба рушди ҷомеа мусоидат мекунад. Маҳмуд Идиев новобаста ба замони номусоид ба мактабу маориф таваҷҷуҳи хоса дошта, ба кори олимону донишмандон арҷ мегузошт. Солҳои ҷанги шаҳрвандӣ қадри мактабу маориф ва фарҳанг хеле коста гардида, аксарияти омӯзгорон ва эҷодкоронро рӯҳияи яъсу ноумедӣ фарогирифта буд. Вале, азбаски Маҳмуд Идиев дорои иродаи мустаҳкаму шикастнопазир буданд, ба оянда ба назари нек менигаристанд, аз вазъияти ба миёномада, ноумед нагашта, пайваста бо ҷусторҳои накуи худ роҳи дурусти таълимро дар ноҳия ба роҳ мемонданд.

Ин садоқат ба Ватан, таҳаммулпазирӣ, фурутанӣ ва иродатмандии мавсуфро роҳбарияти олии мамлакат, хусусан, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба назар гирифта, барои корҳои шоистаи ӯ баъд аз маргаш бо ордени «Дӯстӣ» сарфароз гардонида, ҳамчунин кӯчаи марказии ноҳияро бо номи ӯ гузоштаанд. 

Зиндагии шахсии Маҳмуд Идиев саропо зиндагии ташаббускорона ва ватандӯстонаю ибратомӯз аст. Тавре ки ёдоварї карда шуд, мавсуф як умр дилбохтаи ватану миллати худ буда, дар ин љода ҳамчун сиёсатмадори варзида соњибном гардидаанд. Бо сабурию зањмати шабонарўзї дар саргањи худшиносони ноҳия ќарор доранд ва дар ободонию созандагӣ барои худ роњ њамвор карда, дар таҳким ва ташаккули ноҳияи навтаъсис ва худшиносии мардуми он хизмати шоиста намудаанд, ки барои баъдинагон шоистаи ибрат ва намунаи пайравист.

Озодагию шоистакорї, хирадмандї, миллатдўстию инсонпарварї, садоќат ба касб аз сифатњои писандидаву хуљастаи инсонї ва ташаббускории марҳум мебошанд, ки ўро њамчун ҷавонмарди нуктасанљ ва инсони комил шуњратманд гардонидаанд.

Хулоса, агар умр вафо мекард имрўзњо сиёсатмадор, ташаббускори ватандӯст ва шаҳиди роҳи озодихоҳии халқ шодравон Маҳмуд Идиев ба синни 82 қадам мегузоштанд, вале мутаассифона.... 

Барои ашхоси беназир инро метавон афсус нахонд, зеро иродатмандӣ ва хусусан номуси ватандорӣ барои фарзонагон болотар аз маргу зиндагист, ки бевосита достони пурмоҷарои нотамоми собиқ Раиси ноҳияи Тоҷикободро ҳамин матлабҳо фарогир аст.

Бигзор руҳи раиси марҳуми мо Маҳмуд Идиев, ки машъали дурахшони маърифату фарњанг ва роҳи озодихоҳии халқ буданд, то абад шод бошаду номи неку кирдори накуяш ба хайр ёд шавад. Боварӣ дорем, ки чун шахсиятҳои бузурги ҷумҳурӣ ва минтиқа номи ин абармарди диёр чуноне ки Саъдии Шерозӣ мепиндорад, дар дили мардуми равшанзамирамон ҷовидона боқӣ мемонад:

Саъдиё марди накуном намирад ҳаргиз,

Мард он аст, ки номаш ба накуӣ бибаранд.

Номи зебо, шуҳрати адолат ва ҷавонмардию сарсупурдагии Маҳмуд Идиевро дар хотираи таърих, ки бо хатҳои зарин сабт шудааст, барои ибратомӯзӣ ҳамеша мутолеа хоҳем кард.....

БАҲМАНЁР Сулаймонӣ

н.и.фалсафа, дотсент

Комментариев нет:

Отправить комментарий