среда, 23 июня 2021 г.

80 солагии мавлуди Падар

 



    Ҳар лаҳзае,ки маро хумори Падар мегирад ёд аз куҳистони зебо мекунам,ки бо табиати нотакрораш ба дилҳо фараҳ мебахшад.Маҳз дар ҳамин гӯшаи зебои Ватан  дар ноҳияи Тоҷикобод 80-сол пеш, яъне 24-июни соли 1941 қиблагоҳам Идиев Маҳмуд собиқ раиси ноҳияи Тоҷикобод дар деҳаи Кучакзеҳ  ба  дунё омадааст.
Имрӯз зодрӯзи Падари азизам аст. Мо ҳама фарзандон, дӯстону наздикону бо як каф дуо ва хотироти нек ёде аз Падари меҳрубон мекунем сари дастархон бо оби дида..
  Падариҷонам! Туро ёд кардам, дар танҳои шабҳо чашм мепӯшам суханони пандомез ва садои хандаҳоят ба гӯш мерасад. Вақте чашм мекушоям ин садо хомӯш мегардад, зеро ин садо тасаввурот аз хотиротам буд. Туро ёд кардам падарҷон, чӣ гуна суханҳое бароят бигӯям то ту дар наздам ҳозир шавӣ ва туро сахт ба оғӯш гирам сарамро болои китфонат гузораму бо шумо суҳбати ширине кунаму аз дидори шумо сер шавам. Оҳ Падарҷонам.😥😥 Чашмонам аз ёди ту ҳамеша нам ҳастанд. Чӣ қадар вазнину мушкил аст бе Падар будан, вале ҳайҳот,ки умри инсонят бозгашт надорад  ва мо ба сӯйи онҳо равонаем.
То  вақте, ки ҷон дар бадан дорам ба ёди чунин, Падари ғамхору меҳрубон  месӯзам.
Мо, фарзандон ифтихор мекунем, ки чунин Падари ҷасуру донишманд, шахси ватандӯст, содиқ, вафодор, ҳимоятгари манфиатҳои Халқу Миллат ва Ватан доштем.
Падарҷон илоҳо ҷоят ҷаннатул маъво, рӯҳат шод, манзили охиратат ободу пурнур бошад!



Дар сина дил ситезад, омад мавлудат  бе ту,


Об аз ду дида резад, омад  мавлудат бе ту.


Бе қиблагоҳу бе ту, дар зери гардуни дун,


Шодӣ зи ман гурезад, омад мавлудат  бе ту.