суббота, 27 февраля 2021 г.

30 солагии ноҳияи Тоҷикобод.





Орзуи Падар
Эҳёи дубора баъди 30 сол муборак бошад.
Тоҷикобод як ҷузъи ҷудонашавандаи Ватани азизамон Тоҷикистон аст. Ва бисёр рамзист , ки дар истиқлолият дорӣ амсоли Тоҷикистони азиз Тоҷикободиҳо  низ 30 солагии аз нав таъсисёбии ноҳияашонро ҷашн гирифтанд.
Падари бузургворам рӯҳу равонашон шод бошад Маҳмуд Идиев, яке аз ҷонибдорону ташаббускорони аз нав ташкил намудани ноҳияи Тоҷикобод буданд ва бисёриҳо аз мардуми сарбаланди ноҳияи Тоҷикобод ва роҳбарияти имрӯзаи ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз талошҳои беандозаи падарам огоҳ ҳастанд. Падар орӯз дошт, диёрашро пешрафта ва аз лиҳози иҷтимоию иқтисодӣ тарақиёфта бинад. Сарфи назар ба ҳуққабозиҳои айём ӯ пойдевори Тоҷикободи навинро гузошт ва имрӯз   орзуҳои Падарҷонам амалӣ шуда истодаанд.
Гарчанде, ки Падари бузургворам нестан аммо фарзандҳо, шогирдон ва ҷамъи мардуми сарбаланди ноҳияи Тоҷикобод ҳамеша дар амали гаштани мақсаду маромҳои нотамоми падар ҳастанд ва мемонанд.
Итминони комил дорам, ки сокинони фарҳангдӯсту заҳматқарин ва сарбаланди ноҳияи Тоҷикобод минбаъд низ сиёсати созанда ва ободгаронаи Ҳукумати кишварро ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, барои ободии ноҳия ва пешрафти Тоҷикистони азиз саҳми ватандӯстонаи худро мегузоранд.
Дар роҳи ободсозии Ватани азизамон ба ҳамаи шумо саломатӣ, рӯзгори ободу осуда ва файзу баракати зиндагиро орзу менамоям.