понедельник, 15 ноября 2021 г.

Муборак бошад


 Ин ҳамон Мард аст...


Ин ҳамон Сарвар аст, сарваре, ки ба бахти миллати тоҷик Худованд болои сараш овард.

Ин ҳамон Роҳбар аст, роҳбаре боиси ифтихору сарфарозии миллати тоҷик.

Ин ҳамон Абармард аст дар арсаи номусу нанг, ки роҳкушои садҳову ҳазорҳо насли баъдии миллат хоҳад буд.

Ин ҳамон Пешво аст, Пешвои миллате, ки тақдираш бо дасти хеш навиштааст.

Ин ҳамон Сирату Сурати зебост, ки Худованд бо сад лутфу марҳамат атояш намудааст.

Ин ҳамон Ғурур аст, ки ягон душмани ҳақире шикастан натавонист. 

Ин ҳамон Чеҳра аст, чеҳраи барои ҳазорон нафар азизу ошно.

Ин ҳамон Мард аст, ки метавон намоди ҷавонмардияш номид.

Ин ҳамон Қосид аст, ки мардумро бо сулҳ оштиву бо ҷанг қаҳрӣ гардонид.

Ин ҳамон Фард аст, пуштибону соябони сари ятимон, қадамҷояш хонаи ятимон асту маконаш қалбҳои пур аз меҳри эшон.

Ин ҳамон Фарзонамард аст, ки дар дили ҳар яки мо чароғи умед ба фардоро рушан нигаҳ дошт.

Ин ҳамон Пайғомрасон аст, пайғоми сулҳро бароямон ӯ овард, сулҳе, ки маргро ба зиндагӣ, мамотро ба ҳаёт табдил кард, сулҳе, ки то ҳанӯз орзуи аксари кишварҳои даргир боқӣ мондааст.

Ин ҳамон Рӯзирасон аст, ки вожаи “қаҳтӣ”-ро бароямон бегона гардонид.

Ин ҳамон Мушкилкушост, ки ормонҳои чандинсолаи миллатро бароварда сохт.

Ин ҳамон Созанда аст, ки Роғунро сохт, Роғунро бо шикастани ҳама шакку шубҳаҳои дӯсту душман сохт.

Ин ҳамон Таърихнигор аст, ки номи неки тоҷиконро дар арсаи таърих дубора зинда кард ва дар қатори фарҳангиёни дигари олам ҷо намуд.

Ин ҳамон Мубориз аст, муборизи роҳи озодӣ ва истиқлол.

Ин ҳамон Султон аст, кафили якпорчагӣ ва оромии кишвари худ.

Ин ҳамон Мардумсолор аст, ки халқро ба сӯи ободӣ раҳнамун сохт.

Ин ҳамон Президенти мардумист, ки агар садҳо маротибаи дигар раъйи мардум бипурсанд, боз ҳам интихобаш ӯст.

 Оре, ин ҳамон Эмомалӣ Раҳмон аст, ки ба халқ такя карду пирӯз шуд.


Тавре пай бурдед, сухан аз боби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст. Ин намоди қаҳрамонию ҷоннисорӣ барои муаррифӣ на дар кишвару на берун аз он ниёзе надорад. Ҳамонест, ки ваъда доду сулҳ овард, ваъда доду бино кард, ваъда доду вафо кард ва то ҳанӯз миёни хатарҳои даҳшатафкани муосир барои нигаҳдошти амният ва сулҳу салоҳи на танҳо кишвари хеш, балки минтақа ва ҷаҳон дар сафи пеши муборизони олам аст.

Воқеаҳои гуногуни сиёсиву иҷтимоӣ дар Тоҷикистон ва бартараф кардани душвориҳои зиёди зиндагии мардум бо раҳбариву нишондоди сарвари сулҳпарвар, адолатхоҳ, маорифпарвар, созанда ва бунёдкор Эмомалӣ Раҳмон борҳо собит кард, ки Пешвои миллати мо аз зумраи он сарвароне мебошад, ки ҳастии хешро барои мардум ва зиндагии шоистаи ӯ бахшидаанд. 

Мақсаду маром ва даъвати асосиву доимиаш дар ҳама давру замон танҳо ваҳдату ягонагӣ буду ҳаст. Тӯли роҳбарии хеш барои сарҷамъии мардуми парешони тоҷик муборизаи беамон бурдааст. Эмомалӣ Раҳмон таъриху фарҳанги гузаштаи тоҷиконро зинда сохта, аз ҳаёти гузаштаи хеш сабақ омӯхт ва куҳантарин будани давлати худро ба ҷомеаи ҷаҳонӣ муаррифӣ намуд. 

Ҳанӯз соли 1992 Сарвари давлат таъкид намуда буд: «Танҳо ваҳдату муттаҳидӣ ҷумҳурии моро аз бӯҳрони амиқи сиёсию иқтисодӣ бароварда метавонад… ».

Имрӯз чашмҳои моломоли умеди мардумро назора карда, метавон дилпур буд, ки воқеан мардум аз сиёсати Ҳукумати кишвар ва сарвари адолатпешаи худ, аз иқболи баланди худ, аз сарнавишти худ, аз интихоби беғалати худ, аз чашми ояндабини худ меболаду менозад.

Чун аксари мардум хуб медонад, ки ҳамеша дасисаҳои беруна дар камин аст ва зудбоварии баъзе аз ҳамватанони мо солҳои навадум чӣ гуна талафоти бузургеро пешорӯи миллат овард. 

 Ба касе пӯшида нест, ки дар замони мураккаби љанги тањмилї бо дасисаи душманони хориљї миллатро парокандагї ва нобудӣ таҳдид мекард. Мањз бо талошњои пайгирона ва сиёсати сулњовари Эмомалї Раҳмон Тољикистон дар бунёди давлати демократї, њуќуќбунёд ва дунявї таљрибаи комил ба даст оварда, аз љониби бонуфузтарин созмонњои љањонї ва давлатњои хориљї шинохта шуд. Иќдомњои Сарвари давлати мо аз ќабили соли оби тоза, дањсолаи амалиёти об барои њаёт, об барои рушди устувор, аз хатарњои глобалї чун терроризму экстремизм, гардиши ѓайриќонунии маводи мухаддир эмин нигоњ доштани сайёра дар сатњи љањонї пазируфта шуданд.

Халқи тоҷик, ки имрӯз дар даст шиори сулҳ дорад, ҳеҷ гоҳ онро ба силоҳу дастгоҳҳои сиёсии ғаразнок иваз намекунад. Тоҷикон бо сарварии Президенти маҳбуби худ минбаъд низ тамоми дунёро бо муҳаббати сулҳофар ва пайғоми ҳамдилӣ маҳз бо шиору ливои сулҳпарваронааш тасхир хоҳанд кард. Воқеан, ягон яроқи бузургтарин дар ҳузури парчами сулҳи тоҷикон муқобилат карда наметавонад. Зеро тоҷик имрӯз бар муқобили бадӣ бо некӣ пирӯз шуданро аз пешвои худ омӯхтааст. Ин ҷамъи хушбахт бар муқобили душман бо самимияту беолоишӣ зафар ба даст оварданро бо тамоми вуҷудаш дарк кардааст.

Интихоботи навбатии Президенти кишвар, гарчанде дар фазои хеле ҳассоси ҷомеаи ҷаҳонӣ сипарӣ шуд, бори дигар собит намуд, ки ба бинои бошукуҳи сулҳу ваҳдати миллати тоҷик, ки бо заҳмату талошҳои бесобиқаи Эмомалӣ Раҳмон бунёд ёфт, аз ҳар гуна боду борони мавсимӣ газанде нахоҳад расид.

Баъзе нохалафоне, ки ҳанӯз ҳам номи миллати моро паст карданӣ мешаванд, мисли саге мебошанд, ки аз наҳри бузург об менӯшанду оби он пок боқӣ мемонад. Зеро ҳамраъйӣ ва якдилии мардум дар рафти маъракаи муҳиму тақдирсози сиёсии кишвар -  интихоботи преезидентӣ ба ҷаҳониён пайғом фиристод, ки миллати сарбаланди тоҷик ҳамеша бо таърихи таҷрибаи сулҳ алайҳи ҳама гуна бадиҳо пирӯз мешавад. Аз сулҳи беназири тоҷикон дар соли 1997 то инҷониб аксари кишварҳои ҷангзада коршиносони Тоҷикистонро ба хотири ба даст овардани сулҳу ҳамдигарфаҳмӣ даъват менамоянд ва аз таҷрибаи ғании тоҷикон истифода мебаранд. Натиҷаи ҳамин сулҳу субот аст, ки 29 сол боз нур бар зулмот ва некӣ ба бадӣ ғолиб меояду дасти душман ба ҷайби миллат кутоҳӣ мекунад.

Агар саҳфаҳои таърихро варақгардон кунем, мебинем, ки дар ҳама давру замон мардум дар пайравии сарварони замон, ки онҳоро раҳкушову раҳнамои худ медонистанд, зиндагӣ мекарданд. Дар марҳалаҳои муҳим ва тақдирсози ин ё он қавму миллат, пешрафти ҳамаҷонибаи соҳаҳои муҳиму афзалиятноки ҷомеа: маҳз аз сарварону пешвоёни одилу хирадманди он вобастагӣ дошт. 

Тавре сарвари кишвари мо мудом таъкид менамояд, танҳо бо донишу ҳикмату маънавиёт метавон аз ҳар гуна бунбасту буҳрон раҳоӣ ёфт. Ин аст, ки даъват ба сӯйи нур – дониш, ҳидоят ба накӯкорӣ, ятимпарварӣ, талқин ба сулҳу осоиштагӣ, ваҳдату иттифоқӣ, меҳнатқаринӣ аз қабили аъмоли аъзами Эмомалӣ Раҳмон маҳсуб мешаванд.

Тоҷикон дар симои Пешвои худ минбаъд низ такягоҳи бовару умеди худро мебинанд. Бошад, ки нахлҳои умеди халқ боровару сермаҳсул боқӣ бимонад.


 Шаҳло Эшонова

среда, 8 сентября 2021 г.

Истиқлолият Муборак



 Дар воқеъ, Истиқлолият орзуҳои якояки моро месабзонаду зиндагиро ширин ва қалбҳоро ба фардо умедвор месозад. Пас, мо - аҳли ҷомеа, дар якҷоягӣ бояд пеш аз ҳама, ба дарки амиқи самараҳои Истиқлолият сарфаҳм рафта, баҳри ҳифзу пойдорӣ, якпорчагӣ, сулҳу ваҳдат ва суботи кишвар фаъолияти худро ба роҳ монем, баҳри рушду инкишоф ва муаррифии ин сарзамин дар арсаи байналмилалӣ талош намоему таҳкимбахши Истиқлолият ва оромию осудагии кишвари хеш бошем.


Бо арзи эҳтиром ва самимияти беандоза Шуморо ба муносибати бузургтарин давтоварди миллат – 30 ӯмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумхурии Тоҷикистон муборакбод намуда, бароятон сиҳатманди, хонаободи, садоқат ба Миллату Давлат, дар роҳи созандагиву ободкори, таҳкими амнияти милли баҳри шукуфонии Тоҷикистон азиз комёбиҳо таманно дорам.


Истиқлолият Муборак!


понедельник, 19 июля 2021 г.

Ид муборак



 Ҳамаи Шуморо ҳамватанони азизу муътабар ва дар симои Шумо аҳли пайвандонатонро бо фарорасии Иди Саъиди "ҚУРБОН" муборакбод намуда, аз даргоҳи Худованди Маннон саломати, имони комил, тани сиҳат,

тенҷию аммони ватан ва саодатмандиро таманно дорам.

Аллоҳ кунад ки ба эҳтиром ва бо шарофати ибодоти мусалмонон дар ин рузи муқаддас оқибати кори мо мусалмононро ба хайр гардонад. Пархезгору боимону поквиҷдон ва аҳли тақво созад. Муҳаббату самимиятро дар миёни мо мусалмонон тақвият бахшад.

Аз Аллоҳи Раҳмон, Раҳим ва Ғаффор пурсонем, ки гуноҳони мо ва падарону модаронамон ва тамоми мусалмононро авф ва махфират кунад.

Ва моро аз қатори беҳтаринҳо ва дар Ҷаннатул-Фирдавс ба дидори Худаш муяссар гардонад.

 Ид муборак бошад!

среда, 23 июня 2021 г.

80 солагии мавлуди Падар

 



    Ҳар лаҳзае,ки маро хумори Падар мегирад ёд аз куҳистони зебо мекунам,ки бо табиати нотакрораш ба дилҳо фараҳ мебахшад.Маҳз дар ҳамин гӯшаи зебои Ватан  дар ноҳияи Тоҷикобод 80-сол пеш, яъне 24-июни соли 1941 қиблагоҳам Идиев Маҳмуд собиқ раиси ноҳияи Тоҷикобод дар деҳаи Кучакзеҳ  ба  дунё омадааст.
Имрӯз зодрӯзи Падари азизам аст. Мо ҳама фарзандон, дӯстону наздикону бо як каф дуо ва хотироти нек ёде аз Падари меҳрубон мекунем сари дастархон бо оби дида..
  Падариҷонам! Туро ёд кардам, дар танҳои шабҳо чашм мепӯшам суханони пандомез ва садои хандаҳоят ба гӯш мерасад. Вақте чашм мекушоям ин садо хомӯш мегардад, зеро ин садо тасаввурот аз хотиротам буд. Туро ёд кардам падарҷон, чӣ гуна суханҳое бароят бигӯям то ту дар наздам ҳозир шавӣ ва туро сахт ба оғӯш гирам сарамро болои китфонат гузораму бо шумо суҳбати ширине кунаму аз дидори шумо сер шавам. Оҳ Падарҷонам.😥😥 Чашмонам аз ёди ту ҳамеша нам ҳастанд. Чӣ қадар вазнину мушкил аст бе Падар будан, вале ҳайҳот,ки умри инсонят бозгашт надорад  ва мо ба сӯйи онҳо равонаем.
То  вақте, ки ҷон дар бадан дорам ба ёди чунин, Падари ғамхору меҳрубон  месӯзам.
Мо, фарзандон ифтихор мекунем, ки чунин Падари ҷасуру донишманд, шахси ватандӯст, содиқ, вафодор, ҳимоятгари манфиатҳои Халқу Миллат ва Ватан доштем.
Падарҷон илоҳо ҷоят ҷаннатул маъво, рӯҳат шод, манзили охиратат ободу пурнур бошад!



Дар сина дил ситезад, омад мавлудат  бе ту,


Об аз ду дида резад, омад  мавлудат бе ту.


Бе қиблагоҳу бе ту, дар зери гардуни дун,


Шодӣ зи ман гурезад, омад мавлудат  бе ту.

суббота, 27 февраля 2021 г.

30 солагии ноҳияи Тоҷикобод.





Орзуи Падар
Эҳёи дубора баъди 30 сол муборак бошад.
Тоҷикобод як ҷузъи ҷудонашавандаи Ватани азизамон Тоҷикистон аст. Ва бисёр рамзист , ки дар истиқлолият дорӣ амсоли Тоҷикистони азиз Тоҷикободиҳо  низ 30 солагии аз нав таъсисёбии ноҳияашонро ҷашн гирифтанд.
Падари бузургворам рӯҳу равонашон шод бошад Маҳмуд Идиев, яке аз ҷонибдорону ташаббускорони аз нав ташкил намудани ноҳияи Тоҷикобод буданд ва бисёриҳо аз мардуми сарбаланди ноҳияи Тоҷикобод ва роҳбарияти имрӯзаи ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз талошҳои беандозаи падарам огоҳ ҳастанд. Падар орӯз дошт, диёрашро пешрафта ва аз лиҳози иҷтимоию иқтисодӣ тарақиёфта бинад. Сарфи назар ба ҳуққабозиҳои айём ӯ пойдевори Тоҷикободи навинро гузошт ва имрӯз   орзуҳои Падарҷонам амалӣ шуда истодаанд.
Гарчанде, ки Падари бузургворам нестан аммо фарзандҳо, шогирдон ва ҷамъи мардуми сарбаланди ноҳияи Тоҷикобод ҳамеша дар амали гаштани мақсаду маромҳои нотамоми падар ҳастанд ва мемонанд.
Итминони комил дорам, ки сокинони фарҳангдӯсту заҳматқарин ва сарбаланди ноҳияи Тоҷикобод минбаъд низ сиёсати созанда ва ободгаронаи Ҳукумати кишварро ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, барои ободии ноҳия ва пешрафти Тоҷикистони азиз саҳми ватандӯстонаи худро мегузоранд.
Дар роҳи ободсозии Ватани азизамон ба ҳамаи шумо саломатӣ, рӯзгори ободу осуда ва файзу баракати зиндагиро орзу менамоям.