среда, 31 июля 2019 г.

Рӯҳат шод бошад Падарҷонам

Имрӯз 1-август рӯзи сиёҳ рӯзи хабари нохуш шунидаам аз марги падарам буд. Инак 23 сол шуд Падари азизам ба водии хомӯшон сафар кардааст. Лекин ин қадар соли зиёд гузаштааст вале дар назари ман ин дирӯз буд ва гумон мекунам ки падарҷонам аз сафарҳои дуру ба наздамон меояд ва то ҳол интизори падар ҳастам. Вале афсус сад афсус, ки падарҷонам дигар ба назди мо барнамегардад ба хонаи абадиааш рафт. Ба фариштаҳои осмонӣ бипайваст.
Падарҷонам азизу меҳрубонам илоҳо ҷоят ҷаннат рӯҳат шод манзили охираатон обод бошад