среда, 21 июня 2017 г.

Мавлудат муборак


Дар сина дил ситезад, омад мавлудат  бе ту,
Об аз ду дида резад, омад  мавлудат бе ту.
Бе қиблагоҳу бе ту, дар зери гардуни дун,
Шодӣ зи ман гурезад, омад мавлудат  бе ту.

Дар пуштаи мазорат, дар водии хамушон
Имрӯз сабза хезад, омад мавлудат  бе ту.
Дишаб, ки мегиристам дар ғурбати ятимӣ,

Борон ба шиша мезад, омад  мавлудат  бе ту.
Мо  ҳама  фарзандон, пайвандону наздикону дӯстон   75-солагии мавлуди падари бузургворамон ҷашн гирифтем. Сари дастархони пурнозу неъмат ёд аз падари шаҳидамон карда, бо тиловати ояҳои Куръони Шариф руҳи ӯро шод намудем...
Падарҷон, илоҳо ҷоят ҷаннат, руҳат шод ва манзили охиратат ободу пурнур бошад!

Гар кунам ёди Падар ду чашми ман гирён шавад,
Гар кунам ёди Падар ин қалби ман бирён шавад.
Ӯ намедиҳад  дигар бар ман дуою фотиҳа,
Алвидоъ  эй падар  то рӯзи  дидор алвидоъ.

Ба чашмам хира гашт дунё Падар Љонам,
Бирафти зор мондам дида гирёнам.
Ба зери хок сар монди ба як умре,
Рухат шод бод Падарчонам Падарчон.

Падар пайѓамбар асту модар фаришта.
Худованд ин дуро навишта.
Падар шамс асту модар моњи тобон.
Падар инсону модар љони инсон.

Монд ёду номи некуят падар.
Марги ту хеч дил насозад бовар.
Гуё ки ту рафтаи ба эчоду сафар.
Во дарего во дарего эй падар


Дар пуштаки Қабристон чанорай падарм,
Ду чашми тарам сӯйи мазори падарм.
Он рӯз мо дидори якдигар надидем,
То рӯзи қиёмат чашмонам чори роҳи падарм.

Дар ҳавлинамон санам санам мегаштам.
Чун булбули маст дар чаман мегаштам.
Эй падариҷон куҷо нишонат кобам,
Пас аз сари ту куҷо маконам ёбам.

Падар гӯяму нола кунам ҳар субҳу шом,
Аз падари рафтаам наояд пайём.
Падар бирафту ман нарафтам дареғ,
Бо тир камон куштанд вай сад дареғ.
Эй қотил бераҳм, раҳм кун накуш.!
Аз ҷони ширини худ ҷудо гашт дареғ.




Борони баҳор мезанад гулҳора,
Барои мансаб кушанд падари мора.
Нимкола мондан корҳои ин диёра,
Бе падар кардан фарзандҳои ин диёра.



Ин роҳаки Тоҷикобода чӣ гуфта бром,
Ин хонаи бе падарма чи гуфта даром.
Ин манзил бе падар назарам шумай,
Ҳар шому саҳар каловаам гумай.

Эй падариҷон тират задан ё найза,
Хунҳои ҷигарат рӯйи замин мереза.
Аз пойи дармандат кашидан муза,
То рӯзи қиёмата фарзандот месӯза.

Дар рӯйи Тоҷикобод тикаи аврай,
Падариҷонам ба мо имрӯз қаҳрай.
Падар гуфтаст, оҳ ҷони ширинам,
Аз дасти қотилон дода ҷонам.

Аз хона баромади гуфти авидоъ,
Аз дӯсту хешон ту шуди ҷудо.
Шуди ҷудо бо амри Худо,
Душман донад ки ту куҷоию куҷо.

Рӯймоли сарам ҳазор як гул мезанад,
Мардумо падар меганд дилам гӯм мезанад.
Духтарҳои падардор сангум назане,
Дар ҷигари аламдорум ханҷар назане.
Хоб дидам,ки мусибат омад ба сарам,
Марги ногаҳ падарам бурд аз барам.
Хонадон дар ғам фитода рӯй меканда модарам,
Ашки ғам мерезад аз рухсораҳои додарам.

Борони шалошалай мойем дар қафаст,
Духтарҳо падар меганд моем дар ҳавас,
Гандума дарав кардам саракаш нестай,
Падарма суроғ кардам даракаш нестай.

Лаби дарёи Сурхоб рег рег аст,
Даруни синаи ман доғу реш аст.
Бигирям ман бинолам бароят,
Зи дасти душманон падар зери хок аст.